07:13:56 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

БЕК ЗУҲУРОВ: ФЕЙСБУК СОҲИБ ДОРАД Ё НЕ?

Раиси Идораи иртибототи Тоҷикистон эълом кард, ки мехоҳад бо Морк Зукерберг, раис ва поягузори шабакаи иҷтимоъии Фейсбук, мулоқот кунад. Бек Зуҳуров мехоҳад дар ин мулоқот шароит ва шеваи кори Фейсбук ва имкони кунтрули ёддоштҳо ва афкору андешаҳои интиқодӣ дар бораи мақомот ва бозаргонҳои тоҷик дар ин шабакаи интернетиро баррасӣ кунад.

/images/stories/2012/11/29_bek_zakhurov_291112.jpgМасъулони ин ниҳод ҳамчунин мегӯянд, ки аз шаҳрвандон шикоёти зиёде дар бораи "матолиби тавҳиномез дар бораи Тоҷикистон ва соҳибмансабони ҷудогона дар ин кишвар" дарёфт кардаанд. Бек Зуҳуров ба бахши русии Би-би-сӣ дар ин бора гуфт: "Фейсбук ягон соҳиб дорад ё не? Метавонад соҳибаш Тоҷикистон биёяд? Ман метавонам бо ӯ дар рӯзҳои қабул вохурам. Агар худаш вақт надошта бошад, бо ягон ёвараш мулоқот мекунам."

Шикоёти бисёр

Масъули Идораи иртибототи Тоҷикистон гуфт, ки ҳамарӯза шикоёти бисёре аз мардум дарёфт мекунад, ки аз муҳтавои паёмҳо ва назароти мунташира дар ин шабакаи иҷтимоъӣ норозиянд.

Ба эътиқоди оқои Зуҳуров, Фейсбук мушкилоти иҷтимоъиро ҳал намекунад, балки сирфан ба масоили молию тиҷорӣ мепардозад. Ӯ мехоҳад дар бораи ин масоил шахсан бо Морк Зукерберг гуфтугӯ ва роҳҳои рафъи масоили баҳсбарангезро бо ӯ ҳаллу фасл кунад.

"Масалан, дар баъзе ҷойҳои Тоҷикистон об нест, ё вазъи роҳҳо бад аст, ё вазъи обу ҳаворо нодуруст шарҳ додаанд - аммо онҳо (корбарони Фейсбук) дар ин бора наменависанд, фақат дар бораи масоили пулӣ менависанд."

Оқои Зуҳуров афзуд: "Ман зиёд мешунавам, ки корбароне, ки ёддошту назароти интиқодиро дар бораи мақомот ё бозаргонҳо мунташир мекунанд, барои ин кор аз 5 то 10 ҳазор дулор мегиранд. Ман таъаҷҷуб кардам, ки чунин назарот ин қадар арзиши гарон доранд."

Раиси Идораи иртибототи Тоҷикистон гуфт, ки дар бораи қонуншиканиҳо дар интернет, нашри мақолоти интиқодӣ дар бораи Тоҷикистон, дар бораи мақомот ва бозаргонҳои тоҷик аз довталабони ниҳоди вижае, ки бар муҳтавои интернет назорат мекунад, иттилоъ мегирад.

Аммо ӯ мушаххасан нагуфт, ки киҳо барои нашри ёддоштҳо ва матолиби интиқодӣ пул дарёфт мекунанд ва чи касоне ба бадномсозии Тоҷикистон ва шахсиятҳои маъруфи он ва ё ба ноором сохтани вазъияти ин кишвар алоқаманд ҳастанд.

Сонсури 'ватандӯстона'

Пештар Идораи иртибототи Тоҷикистон аз таъсиси гурӯҳе вижа аз довталабон барои назорат бар ахбор ва иттилоъоти мунташира дар интернет дар бораи ин кишвар хабар дода буд.

Ниҳодҳои танзимкунанда аз ихтиёроте барои масдуд ё филтер кардани сойтҳои интернетие, ки таҳти назорат қарор нагирифтаанд, бархурдоранд.

Оқои Зуҳуров тасреҳ кард: "Ба ин гурӯҳ довталабони ватандӯст, аз ҷумла афроди бознишаста, донишҷӯён, муъаллимони мактабҳо ва устодони донишгоҳҳо шомиланд. Онҳо нисбат ба сарнавишти кишвар бетафовут нестанд. Онҳо афроде ҳастанд, ки аз интернет ва ҷанг осеб дидаанд. Онҳо ин корро бемузд анҷом медиҳанд, онҳо бо овозаву шоеъот мубориза мекунанд."

Рӯзи душанбеи 26 ноябр Анҷумани фароҳамгарони интернет дар Тоҷикистон хабар дод, ки шаби якшанбе Идораи иртиботот ба фароҳамгарон ва масъулони ширкатҳои иртиботот дар бораи масдуд кардани Фейсбук паёмак (смс) ирсол кардааст.

Аммо бархе аз ширкатҳои бузурги фароҳамгари интернет, аз ҷумла "Тоҷиктелеком", ки ба таври мустақим ба Идораи иртиботот вобаста аст, ҳануз ба иҷрои ин дастур иқдом накардаанд. Онҳо мегӯянд, ки ин дастур ба онҳо ба таври катбӣ (хаттӣ) нарасидааст.

Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани фароҳамгарони интернет дар Тоҷикистон, мегӯяд: "Мусаллам аст, ки фароҳамгарон аз Идораи иртиботот паёмак дарёфт карданд. Бо ин ҳол, дастрасӣ ба ин шабакаи иҷтимоъӣ дар бисёре аз ширкатҳо фароҳам аст."

"Идораи иртиботот дар бораи тасмими худ тавзеҳоте ироа надодааст, онҳо паёми расида ба ширкатҳоро таъйид ё такзиб накардаанд."

Масдудияти сойт

Дар ин миён, раиси Идораи иртиботот хабари бархе аз расонаҳо дар бораи қатъи дастрасӣ ба Фейсбукро бепоя хонд, вале изъон кард, ки дар сурати зарурат ин шабака масдуд хоҳад шуд.

"Ман шахсан дар бораи масдудияти Фейсбук дастур надодаам. Идораи иртиботот низ. Аммо агар зарурате пеш ояд, ин шабакаро масдуд мекунем. Ман ҳар рӯз аз мардум шикоятҳое дар бораи муҳтавои ин сойт мегирам."

"Ин шабака масоили иҷтимоъиро ҳал намекунад, балки фақат ба масоили молӣ мепардозад. Ҳама ба ёд доранд, ки ҷанги дохилӣ дар кишварамон чигуна шурӯъ шуд. Он замон ҳам ҳама чиз аз танқид шурӯъ шуда буд. Мо намегузорем, ки дубора ҷанг оғоз шавад."

Бештари ширкатҳои иртиботот аз бими танбеҳи мақомот ба дастури идораи иртиботот гардан ниҳоданд. Ҳамаи фароҳамгарони интернет ва мутасаддиёни ширкатҳои телефуни ҳамроҳ дарвоқеъ ба танзимгари иртибототи ҳукумати Тоҷикистон вобастаанд, чун ин ниҳоди давлатӣ ҳама гуна муҷаввиз ё парвонаҳо барои ироаи хадамоти интернетӣ ё телефуниро содир мекунад.

Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани фароҳамгарони интернет, дар ин бора мегӯяд: "Онҳо чораи дигаре надоранд. Бояд итоъат кунанд, чун мумкин аст мақомот ҷавозашонро пас бигиранд. Мақомот метавонанд ба иқдомоти дигаре ҳам даст зананд."

Ин дар ҳолест, ки Идораи иртиботот сирфан ба тақсиму тавзеъи фреконсҳои родию ва масоили дигари фаннӣ (техникӣ) машғул аст. Ин ниҳод мантиқан ба муҳтавои иттилоъот ва ахбор дар шабакаҳои интернетӣ набояд коре дошта бошад.

Дастрасӣ ба Фейсбук дар Тоҷикистон имсол чанд бор масдуд шуд. Сойтҳои дигаре чун "Звезда.ру", "Тҷкнюз.ком" ва "Махалла.орг" низ чанде пеш масдуд шуда буданд.

Гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ва фароҳамгарони интернет масдудияти сойтҳоро ба сонсури сиёсии афзоянда дар Тоҷикистон марбут медонанд.

Фейсбук барои мардуми Тоҷикистон майдоне барои баҳсу баррасии озоди масоили иҷтимоъию сиёсӣ фароҳам мекунад. Дар ин шабака тайи моҳҳои ахир бархе аз корбарон бо номҳои воқеъии худ аз тасмимот ва аъмоли мақомоти давлатӣ башиддат интиқод кардаанд.

Бисёриҳо мегӯянд баъид нест, ки масдуд шудани ин шабака ба ин гуна интиқодот муртабит бошад.

Анора Саркорова, BBC Russian, Душанбе



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi