14:49:19 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ПОЙГОҲИ 201: "МАСЪАЛАИ ДАХЛНОПАЗИРӢ НИҲОӢ НАШУДААСТ"

Масъулини пойгоҳи 201 мегӯянд, ки созиш дар мавриди дахлнопазирии сарбозони ин пойгоҳ ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст.

/images/stories/2012/11/13_201-dvizia-131112.jpgДмитрий Матушкин, сухангӯи пойгоҳи 201 дар сӯҳбат ба мо гуфт, дар ҳоле, ки созишномаи миёни ду кишвар ҳанӯз дар парлумонҳо ба тасвиб нарасидааст, шарҳи ин мавзӯъ мушкил хоҳад буд: «Чун худи созишнома ба тасвиб нарасидааст, ин маънои онро дорад, ки ҳоло қувваи қонунро нагирифтааст. Вақте ба тасвиб мерасад, дар он шароити будубош ва ҳар чӣ ба он марбут аст, муайян мешавад. Ҳоло тафсир кардани созишномае, ки ба тасвиб нарасидааст, бармаҳал аст. Дар бораи он, ки чӣ ҳасту чӣ мешавад, низ гуфтан барвақт аст.»

Созишномаи миёни Русияву Тоҷикистон, ки моҳи октябр аз тарафи сарони кишварҳо ба имзо расид, аз ҷумла ин суолро ба миён овард, ки оё низомиёни рус дар Тоҷикистон дахлнопазирии дипломатӣ хоҳанд дошт ё хайр? Ин мавзӯъ дар расонаҳо дар ҳоле баҳсро ба миён овард, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия изҳор дошт: «Низомиёни пойгоҳи 201 аз рӯи созишномаи ҷадид ба ҳайати маъмурии намояндагиҳои дипломатӣ баробар хоҳанд шуд». Дмитрий Ушаков, ёвари Путин ба расонаҳо гуфт, ки «сарбозону афсарон аз тафтишот, боздошти худашону амволашон дахлнопазирии дипломатӣ хоҳанд дошт».

Расонаҳои Тоҷикистон бо интиқод аз ин созишнома навиштанд, ки 7 ҳазор сарбозу афсари рус соҳиби мақоми дипломатӣ мешаванд ва ин ҳол дасти онҳоро барои содир кардани ҷиноёт боз мекунад. Як расона пойгоҳи низомии 201-ро танзомез ҳатто “пойгоҳи дипломатии 201” унвон кардааст. Аммо ахиран вазорати дифои​ Тоҷикистон эълом дошт, ки низомиёни пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон мақоми дипломатӣ нахоҳанд дошт ва ин нукта дар созишномаи миёни ду кишвар зикр нашудааст.

Як манбаъи наздик ба ҳукумат бидуни овардани номаш ба мо гуфт, низомиёни рус дар ҳоле дахолатнопазирӣ хоҳанд дошт, ки худ ва аҳли оилаашон шаҳрванди Тоҷикистон набошанд, аммо имтиёз ва дахлнопазирии онҳо ҳам аз қонунгузории шаҳрвандӣ, дар ҳолест ки ҳангоми иҷрои вазифа бошанд, дар акси ҳол дахлнопазирӣ ба онҳо кӯмак нахоҳад кард.

Амирқул Азимов, раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, ин созишнома ҳанӯз дар ихтиёри парлумон гузошта нашудааст, аммо то ҷое, ки огоҳ аст, масъала он гуна нест, ки матбуоти даврӣ тасвир мекунад:

«Пеш аз он ки ин ё он масъаларо ҳал кунем, танҳо ба як нуктаи асосӣ такя намекунем, балки дар маҷмӯъ ҳамаро ба назар мегирем. Агар ба таҷрибаи созишномаҳои байнидавлатӣ бингаред, барои бо ҳал кардани масоили як ҷониби ҳамкориҳо, ҷонибҳои дигари онҳо ҳам бояд ҳал шаванд. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ мебинем, ки низомиёни ин ё он кишвар дар як кишвари дигар дахлнопазирии дипломатӣ доранд. Аммо барои мо ҳанӯз рӯшан нест ва огоҳ нестем, ки дар Созишномаи Тоҷикистону Русия дар бораи пойгоҳ дар ин бора чӣ гуфта шудааст.»

Дар ҳамин ҳол, коршиносон ба оғози як марҳалаи дигари баҳсҳо миёни Русияву Тоҷикистон ишора мекунанд. Аркадий Дубнов, таҳлилгари рус мегӯяд, созишномаи пойгоҳи низомии 201 танҳо дар ҳоле ба тасвиб мерасад, ки созишномаҳои интиқоли маводи нафтӣ ва муҳоҷират бо назардошти манофеи Тоҷикистон рӯи кор оянд:

«Ба гумони ғолиб, барои тасвиб ҳамаи созишномаҳое, ки миёни ду кишвар ҳастанд, дар як пакет ё баста пешниҳод мешаванд. Ҳатто агар яке аз онҳо омода набошад, созишномаи пойгоҳи 201 ҳам ба тасвиб намерасад. Агар ҳатто сари як созишнома иттифоқи назар набошад, бақия мунтазир хоҳанд. Дар парлумонҳо ягон созишномае, ки миёни Маскаву Душанбе ба имзо расидааст, ба танҳоӣ баррасӣ намешавад»

Баҳси ду ҷониб бар сари созишномаи интиқоли маводи нафтии Русия ба Тоҷикистон, ки бояд то 1-уми ноябр ба тасвиб мерасид, ба далели ихтилофи назарҳо ҳанӯз ба натиҷае нарасидааст ва баррасии он ба нимаи дувуми моҳ гузошта шуд. Гуфта мешавад ки Русия хостори ворид кардани ворид як банди дигар дар қарордод шудааст, ки аз содироти дубораи маводи нафтии ин кишва ба давлати сеюм ҷиливгирӣ мекунад. Аркадий Дубнов мегӯяд, дар масъалаи имтиёзҳо ба муҳоҷирини тоҷик ҳам дар Русия мухолифини Путин назари интиқодӣ доранд.

Коршиносон мегӯянд, хомӯшии мақомоти Тоҷикистон дар баробари сарусадоҳо пиромуни дахлнопазирии дипломатии низомиёни рус тайи як моҳ, як марҳалаи фаҳмидани мавқеи русҳо дар бораи созишномаҳои дигар буд. Онҳо мегӯянд, акнун замоне расида, ки бар заъфи созишномаи пойгоҳ ишораҳо шавад, то дар Маскав бифаҳманд, ки Душанберо пурра ба зону нашинондаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi