12:27:19 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ш.САЛИМЗОДА: "ШИКАНҶА ҲАСТ, АММО КАМ"

Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, тайи 3 соли гузашта ба онҳо бештар аз 130 шикояти расмӣ дар бораи шиканҷа расидааст.

/images/stories/2012/11/09_sherkhon-salimzoda-091112.jpgШерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон дар суҳбат бо мо гуфт, аксари ҳолатҳои бадрафтории маъмурони амниятӣ нисбат ба боздоштшудагон ва зиндониёнро худи додситонӣ ишфо карда ва парвандаи даҳҳо нафар аз онҳоро ба додгоҳ додаанд.

Шерхон Салимзода дар ин бора рӯзи панҷшанбе ва баъди он сухан гуфт, дар нишасте дар шаҳри Женева Созмони Милал иқдомоти Тоҷикистон барои маҳви  шиканҷаро баррасӣ кард.

-Хулосаҳои ин ҷаласа баъд аз шунидани гузориши Тоҷикистон роҷеъ ба шиканҷа дар кишвар чӣ аст?

-Ин дуюмин гузориши Тоҷикистон дар мавриди иҷрои он ӯҳдадориҳое аст, ки бо тасвиби Конвенсияи СММ зидди шиканҷа гирифта буд. Ман аз рафти баррасии ҳисоботи Тоҷикистон, аз суҳбату саволҳое, ки имрӯз дода шуд, эҳсос кардам, онҳо қариб якдилона изҳор намуданд, ки қадами ҷиддие баҳри иҷрои тамоми талаботи конвенсияи СММ дар Тоҷикистон амалӣ шудааст.

Мо заминаи ҳуқуқии муборизаро бо шиканҷа ва дигар тарзу усулҳои ғайриқонунии бурдани тафтишотро фароҳам овардаем. Ба ғайр аз ин, дар таҷриба тамоми чораҳои ташкилӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии амалӣ намудани ин тадбирҳо, муҳайё гардидаст. Умуман як эҳсоси қаноатмандӣ аз ҷониби ҳамаи аъзоёни Кумитаи СММ оиди шиканҷа эҳсос мешуд.

Албатта дар баробари ин баъзе камбудию нуқсонҳои равиши кор дар фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, суд, прокуратура ва дигарҳо низ гуфта гузаштанд, ки мо ба ҳамаи он саволҳо бевосита ҷавоб гуфтем. Ва имрӯз онҳо аз бисёр ҷавобҳои мо қаноатманд буданд.

-Солҳои охир раванде мушоҳида мешавад, додгустарҳо барои барои шахси муҷрим мӯҳлати зиёде мепурсанд, гарчанде мо мегӯем қонунҳои мо башардӯстона мебошанд. Назари Шумо дар ин маврид чӣ аст?

-Албатта ин масъалаи дигар аст ва фикр мекунам бо шиканҷа чандон робита надорад. Меъёри ҷазои ҷиноятиро танҳо қонуни ҷиноятӣ, айни замон дар Тоҷикистон Кодекси ҷиноятӣ муайян мекунад. Мутобиқи қоидаҳое, ки Кодекси ҷиноятӣ муайян кардааст, маҳрум кардан аз озодӣ аз 3 моҳ то 20 сол таъйин мешавад. Аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо, инчунин то 30 сол маҳрум намудан аз озодӣ муайян шудаст. Ин талаботи қонун аст.

Иҷрои қонун барои ҳамаи мо, чӣ прокурор, чӣ суд ва дигар мақомотҳо ҳатмӣ аст. Прокурор дар суд вобаста ба дараҷаи хавфнокии ҷинояти содиршуда, шахсияти судшаванда ва дигар омилҳоро ба назар гирифта, андозаи ҷазоро пешниҳод мекунад. Дар ин ҷо сухани охирин аз суд аст. Суд ҳамаи далелҳо ва ҳолатҳои корро бевосита таҳлил карда, ба кирдори шахс баҳо медиҳад ва ҷазоро муайян месозад.

-Оё гуфта метавонем ҳангоми баррасии парвандаҳо намунаҳои  ришвахорӣ мушоҳида шудаанд ва аз ин нуқтаи назар низ бархӯрди мақомот ба парванда муайян карда мешавад?

-Ин ҷо гап дар бораи ҷой доштани фасод дар пешбурди парвандаҳо аз ҷониби муфаттишон, прокурорҳо ва суд меравад, ки камтар аз мавзӯъ дур аст. Албатта далелу рақамҳое, ки мо дорем чунин омилҳо мутаасифона дар фаъолияти мақомотҳо ҷой доранд. Вобаста ба ин, ҳукумати Тоҷикистон ва тамоми ҷомеаи Тоҷикистон мубориза бурда истодаем.

Шумо хуб медонед, дар Тоҷикистон мақомоти махсуси мубориза бо коррупсия таъсис ёфтааст. Инчунин ниҳодҳои дигари мубориза бо коррупсия, прокуратура, Вазорати умури дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар мақомотҳо барои ошкору пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсия корҳои муайянеро анҷом медиҳанд.

Ин омили номатлуб ҷой дорад, вале шиддаташ назар ба солҳои пешин хеле паст рафтааст. Бо ин вуҷуд, мо бояд хотириҷамъ нашинем ва тамоми чораҳоро андешем то фасод дар фаъолияти прокуратура, суд ва дигар мақомотҳо умуман аз байн равад. Зеро онҳо бо ҳуқуқу озодиҳои инсон сарукор доранд ва ин ҳуқуқу озодиҳои инсон мувофиқи сарқонуни Тоҷикистон арзишҳои олӣ мебошанд.

-Дар гузашта дар гузоришҳои созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳамин гуна намунаҳо меоварданд, ки шиканҷа дар Тоҷикистон аз ҷониби мақомотҳо пуштбонӣ мешавад ва барои рӯйпӯш кардан, кормандонеро, ки ба шиканҷа даст задаанд, аз як кор ба кори дигар мегузаронанд. Шумо чӣ назар доред?

-Имрӯз дар Тоҷикистон аз роҳбарияти аввали сиёсӣ сар карда то мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тамоми ҷомеа бо шиканҷа мубориза беамон мебаранд. Тамоми тадбирҳоро меандешем, то қонуният дар ниҳодҳои пешбарандаи корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва таҳқиқу тафтиш риоя шавад. Ҷаноби Олӣ дар ҳамаи ҷаласаю муҳокимаҳо дар ин масъала назари худро иброз едорад.

Дар доираи омодагиҳо барои ҷаласаи Кумитаи СММ оиди мубориза бо шиканҷа, таҳлил намудем, ки танҳо дар давоми се соли охир Ҷаноби Олӣ чаҳор маротиба дар як сатҳи олӣ истифодаи шиканҷаро дар фаъолияти мақомот маҳкум кардааст.  Аз ҷумла президенти Тоҷикистон дар пайёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои ҳукумат ва Шӯрои амният ҷой доштани шиканҷаро маҳкум карда, пешгирӣ ва ошкор намудани шиканҷаро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон унвон кардаст.

Ҳоло тамоми ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ба масъалаи шиканҷа хеле ҷиддӣ муносибат карда истодаанд. Танҳо дар зарфи се соли охир ба мақомоти прокуратура 130 шикоят дар мавриди шиканҷа ворид гардид. Аксарияти ин ҳолатҳо дар натиҷаи тафтишоти прокурорӣ ошкор карда шуд. 39 парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол шудаанд ва суд низ онҳоро гунаҳгор дониста, ҷазо додаст.

Танҳо бо роҳи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мо пеши роҳи шиканҷаро гирифта наметавонем. Дигар тадбирҳои ташкилӣ, иқтисодию ҳуқуқиро бояд, ки ҳама дастаҷамъона амалӣ кунем, то дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шиканҷа аз байн бурда шавад.

-Дар гузориши Шумо ба СММ ҳам зикр шудаст, ки вақтҳои охир вазъ дар маҳбасҳои Тоҷикистон беҳтар шудаст. Агар чанд намунаи пешакӣ омодашударо сарфи назар кунем, чаро мақомот иҷоза намедиҳанд, ки кормандони Салиби Сурх озодона вориди зиндонҳо шаванд ва вазъро бубинанд?

-Ин масъала мавриди баррасии ҳукумат қарор дорад. Мо ягон бор монеаи ба ҷойҳои ҳабси пешакӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ рафтани кормандони Кумитаи Салиби Сурх нашудаем. Баръакс мо имрӯз ҳам тайёрем ва иҷозат медиҳем дар асоси нақшаи таъйиншуда бо ниҳоди масъули Вазорати адлия мувофиқа шуда ба зиндонҳо дароянд, бо маҳбусон суҳбат кунанд.

Лекин ин ҷо чизи дигар аст. Онҳо шартномаеро таҳия ва барои имзои мо пешниҳод кардаанд ва шарт гузоштаанд, ки ягон нуқтаи ин шартнома ва ҷузъиёти онро дигар карда наметавонем. Пас соҳибихтиёрии мо дар чӣ зоҳир мегардад. Мо албатта давлати соҳибихтиёр ҳастем.

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
0 #3 student 09.11.2012 22:58
Мо албатта давлати соҳибихтиёр ҳастем.salimov sohib ixtiori ki meoyand digar kishvarho va ba muddati 40 sol zaminatro be pul megirandu yak sabzi dar dastat meguzorandu meravand.
 
 
0 #2 student 09.11.2012 22:57
Баръакс мо имрӯз ҳам тайёрем ва иҷозат медиҳем дар асоси нақшаи таъйиншуда бо ниҳоди масъули Вазорати адлия мувофиқа шуда ба зиндонҳо дароянд, бо маҳбусон суҳбат кунанд.hamchuni n az raftori musohiba ba zindonion bo xabaram. pesh azinki mufattishe ba zindon ravad yo yagon makomoti digar zindonionro kator karda latu kub mekunand va hakorathoi bejo mekunand ki agar dahon boz kuned ochatona falon va ghayra azin harfho mezanand.
 
 
0 #1 student 09.11.2012 22:53
badtarin raftorhoro nisbati zindonion metavon dar tjk mushohida kard hatto yake az xeshu tabori mo ki dar zindon kor mekunad az kissahoi onjo va az shikanjae ki ba zindonion kard hush az saram raft va digar tob naovarda az majlis berun shudam holo salimov meguyad kame shikanja hast?
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi