09:27:38 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РАҲМАТИЛО ЗОИРОВ: ДАР ҲАВОДИСИ ХОРУҒ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН ОХИРИН УМЕДҲОИ БОВАРИРО АЗ ДАСТ ДОД

Норӯшании ҷузъиёти ҳаводиси Хоруғ ва камии маълумоти расмӣ ахиран боиси он гардид, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла бархе аз аҳзоби сиёсии кишвар тариқи баёнияву гузоришҳои мухталиф садои худро дар ин росто баланд намоянд. Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз зумрои он ҳизбҳои сиёсие мебошад, ки чанд рӯз пеш бо интишори як баёнияи худ роҷеъ ба ҳаводиси Хоруғ аз раисҷумҳури Тоҷикитон даъват намуд, то мавқеи худро дар иртибот ба "нақзи саросарии қавонин ва Қонуни асосӣ дар қаламрави кишвар ва бахусус ВМКБ" муайян намояд, вагарна дар сурати иҷро нашудани ин ва дигар талабҳои дар баёния гуфташуда, истеъфои президент ва ҳукумати Тоҷикистонро дар миён мегузоранд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ва дигар паҳлуҳои ҳаводиси ахири Хоруғ хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» тасмим гирифт бо Раҳматило Зоиров, раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва яке аз ҳуқуқшиносни шинохтаи кишвар мусоҳибае анҷом диҳад.

/images/stories/2012/08/27_r.zoirov-270812.jpg-Дар баёнияи Шумо дар робита ба ҳодисаҳои ахири Хоруғ аз президенти Тоҷикистон даъват шудааст, ки тавассути телевизион баромад карда, мавқеи худро дар иртибот ба "нақзи саросарии қавонин ва Қонуни асосӣ дар қаламрави кишвар ва бахусус ВМКБ" муайян намояд. Метавонед шарҳ диҳед, ки чи гуна қонунҳо, кадом меъёрҳои қонун дар ин миён вобаста ба ҳаводиси Хоруғ нақз шуданд?

- Якум, дар ин миён меъёрҳои Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон гаштаанд, хусусан моддаҳо оид ба ҳукуқи инсон ва шаҳрванд ва моддаҳои 46-47-и қонуни конститутсионии Тоҷикистон дар бораи вазъияти фавқулодда. Дуюм, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ. Сеюм, истифодаи қуввваҳои мусаллаҳ дар Хоруғ, чорум ва аз ҳама муҳимаш ин ки Кодекси мурофиаи ҷионоятӣ ва қонунҳое, ки тартиби гузаронидани чораҳои оперативию ҷустуҷӯӣ, дар бораи мақомоти ҳифзи ҳукуқ ва ғайра пурра инкор карда шудаанд.

Панҷум, оид ба ҳодисаҳои Хоруғ аз ҷониби ҳукумату мақомотҳои қудратӣ чанд қарору фармонҳо оид ба истифодаи қувваҳои мусаллаҳи ғайриконунӣ қабул гаштаанд, ки дар изҳороти ҳизб аз 24.08. 2012 (банди сеюми талабот) талаб карда шудааст, ки матни онҳо ба ҷомеаи гражданӣ, ВАО ва ғайра дастрас карда шаванд ва экспертизаи ҷамъятӣ гузаронида шавад. Яъне бо як ҷумла метавон гуфт, ки ҳама амалиёти ҳукумати Тоҷикистон дар Хоруғ ҷиҳати гузаронидани «оператсияи махсус» ғайриконститутсионӣ, ғайриқонунӣ ва бар хилофи меъёрҳои байналмилалӣ мебошанд.

-Дар ҳамин баёнияи худ аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо намудаед, ки дар робита бо рӯйдодҳои Хоруғ гузориш бидиҳад. Вале масъулини ҳукумат вобаста ба ин масъала, аз ҷумла прокуратураи генералӣ ва гоҳ-гоҳ вазорати корҳои дохилаи кишвар дар ВАО (дар агентии миллии иттилооти Ховар ва бознашри он дар дигар расонаҳо буд) аз вазъияти Хоруғ расман хабар медоданд. Оё Шумо бо он хабару гузоришҳои мақомот чандон боварӣ надоред ва ё манзуратон чизи дигар аст?

- Ман на танҳо боварӣ надорам, балки медонам, ки он хабару гузоришҳо бардуруғ ва сохта мебошанд. Чунин хабару гузоришҳо танҳо барои рӯйпӯш ва ҳимоя кардани мавқеи нодурусти ҳукумат ва мақомоти худ пешниход карда мешаванд. Мо гузориш талаб накардаем, азбаски ин гузориш боз бардуруғ ва сохта мешаванд, баръакс мо талаб кардаем, ки ҳама қарору фармонҳое, ки аз ҷониби ҳукумату мақомотҳои қудратӣ оид ба гузаронидани «оператсияи махсус» ва истифодаи кувваҳои мусаллаҳ, ки дар Хоруғ амалӣ шуд, ба нашр расонида шаванд. Яъне ба ҷомеа дастрас карда шаванд, дар ин ҳолат мо бо намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ин санадхои қабулгашта хулосаи ҳукуқиро омода месозам. Яъне экспертизаи ҷамъиятӣ мегузаронем.

Бояд қайд намоям, ки агар ҳукумату мақомоти қудратӣ баҳона кунанд, ки ин гуна санадҳо қабул нагардидаанд ё онҳо танҳо шифоҳӣ будаанд, ин мазмуни онро дорад, ки дар Тоҷикистон на танҳо қонуну қоидаю тартиби ҳуқуқӣ, балки худи ҳукумати президент ва идораи давлатӣ вуҷуд надорад, ин давлати анархиявӣ мебошад.

-Дар идомаи баёния гуфтаед, ки дар сурати иҷро нашудани талабҳо истеъфои президент ва ҳукумати Тоҷикистонро дар миён мегузоред. Агар раваду президент ин баёнияи Шуморо сарфи назар кунад, чи гуна ва дар кадом шакл истеъфои президентро ба миён мегузоред?

- Барои ин асосҳо зиёд мебошанд ва шаклҳои гуногун мавҷуд аст. Мо танҳо дар чаҳорчубаи қонун аз рӯи ваъзият ва вобаста аз рафтори ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон амал мекунем. Бубинед, ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз ҷомеаи Тоҷикистонро, мардуми худро эътироф надорад, аз ҳисоби мардум вуҷуд дорад, хуқуқхои мардуми Точикистонро поймол дорад. Хар гуна рафтор оғозу поён ва ҳудуди худро дорад. Ҳукмати Тоҷикистон инро на дарк мекунад, на риоя мекунад.

-Бо таваҷҷӯҳ ба ҳаводиси Хоруғ айни ҳол вазъиятро дар Тоҷикистон чӣ гуна шарҳ медиҳед?

- Бо як ҷумла метавонам гӯям, ки ваҳдати коста шудаи миллати тоҷик боз вайронтар гашт, дар ҳаводиси ахири Хоруғ ҳукумати Тоҷикистон нисбати худ охирин умедҳои бовариро аз даст дод, моҳият ва ҳадафхои асосии фаъолияти худро нишону ошкор кард.

-Чи тавре, ки огоҳӣ доред ҳодисаҳои ахири Хоруғ бо думболи куштори генерал Абдулло Назаров шурӯъ шуд, оё метавон гуфт, ки ин як нақшаи қаблан таҳрезишудаи кадом гурӯҳе буд?

- Нисбати одами аз дунё гузашта ё бояд хуб бигӯем ё ҳеҷ гап. Бояд А. Назаровро пештар аз вазифа дур мекарданд. Вазъият ба ҳамин рафта расид, ки охиринро барои амалигардонии ҳадафҳои аслии худ «қурбон» карданд.

-Дар робита ба ҳаводиси ахири Хоруғ баъзан фарзияҳо ҳаст, ки мегӯянд ҳукумат тасмим гирифт, то минтақаро аз собиқ қумондонҳо "пок" намояд, баъзеҳо амалиётро ба баргузории интихоботи президентии соли 2013 рабт медиҳанд. Мегуфтед, ки то куҷо чунин фарзияҳо ба воқеият наздик аст? Яъне ба назари Шумо мақсади асосии ҳукумат аз гузаронидани амалиёт дар Хоруғ чӣ буд?

-Барои аз қумондонҳои имрӯза ва собиқ «пок» кардани Бадахшон дар дасти ҳукумати имрӯза солҳои дуру дароз ҳама воситаю имкониятҳои васеъ мавҷуд буд. Роҳи аз хама дурусти он ин дар чаҳорчӯбаи қонун. Аммо қумондонҳои имрӯзаю собиқи Бадахшон а) як намуд набудаанд ва нестаанд, б) онҳо доимо ба муносибатҳои ҷамъиятӣ ворид будаанд ва дар ин ҷараён амал мекардаанд, аз чумла дар якҷоягӣ бо ҳукумати маҳаллӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқу қудратию маҳаллию марказӣ, в) решаю моҳияти ин амалиётҳо дар манфиатҷӯии ҳокимияти марказӣ мебошад, стратегияи он имрӯз ба интихоботи президентии кишвар дар соли 2013 равона карда шудааст.

- Қаблан ҳам ҳукумати Тоҷикистон бо ба миён омадани нооромиҳо дар чанд минтақа, аз ҷумла дар минтақаи дараи Камароби Рашт амалиёт гузаронида буд. Мегуфтед, ки амалиёти Хоруғ аз амалиётҳои қаблии ҳукумат чи тафовут дошт?

- На тафовут, балки монандии амалиётҳо аз ҷониби ҳукумати имрӯза ба чашм мерасад. Танҳо дар Хоруғ омодагӣ боз ҳам шадидтар буду, барои гузаронидани «оператсияи махсус» умуман ягон асосе вуҷуд надошт.

-Оё дар вазъияти ба амаломади Хоруғ нерӯҳои хориҷӣ даст доранд? Баъзеҳо дар ин миён Русияро ном мебаранд, ки то куҷо воқеият дорад?

- Эҳтимолҳо зиед ҳастаанд, аммо асос надоранд. Дар Хоруғ танҳо бо иродаю кӯшиши ҳукумати Тоҷикистон чунин амалиётҳо ба миён омадаанд.

- Баъд аз марги Имомназар Имомназаров, яке аз қумондонҳои Бадахшон мардум ба гирдиҳамоӣ баромаданду хоҳиши тарки сарбозонро аз Хоруғ намуданд. Ба назари Шумо чаро мардум будани сарбозонро дар Хоруғ нахостанд?

- Мардуми Бадахшон озодихоҳ ҳаст. Чаро мардум будани сарбозонро дар Хоруғ нахостанд? Чунки мардум мебинанд, ки аз куҷо хавфу хатар, имконият ва сарчашмаи ҳуқуквайронкунӣ, аз ҷумла, контрабанда маншаъ мегирад.

- Иштибоҳи асосӣ чи буд ва чи хатоие шуд, ки чунин нооромӣ ба дар Хоруғ миён омад?

- Бубинед, хатоиҳои дуюмдараҷа солҳои дароз ҷамъ гаштаанд. Хатоии асосӣ ин амбитсияҳои ҳокимияти марказӣ мебошад, ки он пурра аз чаҳорчӯбаи қонун берун баромадаст.

-Вазъияти Хоруғ ба имиҷи Тоҷикистон дар арсаи байналмилаӣ то куҷо таъсир расонд?

– Албатта таъсири манфӣ расонд. На танҳо яктарафа. Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон боз як бор исбот кард, ки аз як тараф авторитарӣ ва амбитсиянок мебошад, аз ҷониби дигар пурра бесалоҳият. Бесалоҳиятӣ на аз рӯи ваколати ба ӯ дода шуда, балки аз рӯи донишу лаёқат ва имкониятҳои идоракунӣ.

Мусоҳибаи Темур Раҷабализода «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #2 Guest 28.08.2012 14:12
Коса агар пур аз об шавад лабрез мешавад.Ин ходисахое ки дар Хоруг рух дод мо хукуматро гунахгор карда наметавонем ба хамаи мо маълум хаст ки чанд соли дароз дар Хоруг гурухои чиноятпеша сиесати ЧТ халал дор мекарданд.Вазиф аи хукумат хамин хаст ки ин гурухоро решакан кунад. Имруз чаноби Зоиров аз хукуки башару сарконун гап зада истода аст кани гуед дар кадом руи дуне инро истифода мебаранд. Сиесат хамин аст агар бо рохи хуби нашуд рохи хунинро истифода бурдан даркор.Маълум мешавад ки аз шумо сиесат мадор намебарояд ба бозихои хориджа дода нашавед. Иншоаллох умри ин хукумат боз хам зиед мегардад.
 
 
-2 #1 Guest 27.08.2012 22:05
Иншоаллох умри инхукумати золиму ноодил тамом шуда истодааст
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi