10:01:30 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАҚДИРИ ИН ВАТАН ЧӢ МЕШУД, АГАР ҲАР МАҲАЛ «СУКИН СЫН»-ҲОИ ХУДРО ҲИМОЯТ МЕКАРД?

Соли 1985 буд. Айёми серию пурӣ. Барои мо бадахшониён ҳама молҳои мавриди ниёзро аз тобистон оварда захира мекарданд, зеро мушкилоти роҳе, ки доштем, тӯли ним сол сардардиҳои зиёдеро дар ҳамон замони хушбахтӣ барои мо эҷод мекард.

/images/stories/2012/08/12_tazohurot-12082012.jpgСардардиҳое, ки якумра дар қалбҳо монданд. Мумкин аст онҳое, ки дар он замона ба гирифторие дучор нашудаанд, дарди дигаронро ночиз бигиранд, аммо банда аз он афроде мебошам, ки басташавии роҳро дар шашмоҳаи сол ва оҷизиамро вобаста ба он шахсан эҳсос намудаю то имрӯз дар назди виҷдон худро гунаҳгор меҳисобам, зеро ягона хоҳиши бародари беморамро иҷро карда натавонистам.

Охирҳои моҳи ноябри ҳамон сол дарди ҷонкоҳе бародарамро аз пой фиканду табибони беморхонаи шаҳри Хоруғ тавсияам доданд, ки ӯро барои муолиҷа Душанбе барам. Мувофиқи роҳхат ӯро дар беморхонаи Қарияи Боло бистарӣ намуданд ва баъди чанд рӯзи омӯзишу муоинаи бемор, хабари шуму мудҳишро бароям расониданд. Бародарам дучори бемории муолиҷанашаванда - саратони меъда шудааст.

Имрӯз аст, ки дар чунин мавридҳо баъзе духтурони беинсофе ҳарчанд бемор дар талвосаи ҷонканӣ ҳам бошад, наздикони беморро бо «мавҷуд будан»-и даҳу панҷу сею як фисад шанси муолиҷа фирефта, то охирин пайса ҷайби онҳоро холӣ мекунанд. Он замон духтурон рӯирост хешовандони беморро аз хусуси беоқибат будани ҳамагуна муолиҷа огоҳ мекарданд.

Бародарам, ки худ аллакай вазъи бади саломатиашро ҳис карда буд, маро хохиш кард, ки ҳарчӣ зудтар ӯро ба шаҳри Хоруғ барам то охирин бор ба дидори пайвандонаш бирасад. Бадбахтона, ҳамон шаб ҳаво тира гашту дар кӯҳҳо барфи зиёде борид. Ағбаи Хобу Руботро баст. Мо, ки нисфи роҳро тай карда будем, маҷбур шудем ба шаҳри Душанбе баргашта софшавии ҳаво ва парвози самолётро интизор шавем.

Рӯзи ҳаштуми интизорӣ бародари беморам орзуи дидори зану фарзандон дар сар, вафот кард. Тӯли як моҳи дигар ҳаво тағир наёфту маҷбур шудам, ки ба насиҳати хешу табор гӯш дода бародарамро дар қабристони Калинини шаҳри Душанбе ба хок супорам. Ва то имрӯз худро намебахшам, ки натавонистам ақаллан турбати бародарамро ба зодгоҳ барам, то фарзандонаш ақаллан дар ҷанозааш оби дида бирезанд. Чунин мусибат на танҳо маро, балки дигар зодагони Бадахшонро солҳо домангир буд.

Бо мурури гузашти вақт, Тоҷикистон ширинию талхиҳои ҳосили истиқлолро чашид, рӯзҳои шуми ҷанги нангини бародаркушро пушти сар кард ва ба давраи нав - давраи бунёдкорию созандагӣ гом гузошт.

Дари рӯзҳои сангину вазнин аз лиҳози амниятию иқтисодию иҷтимоии соли 1993, Сарвари ҷавон ва тозаинтихоби Тоҷикистон ба Бадахшон ташриф овард. Мушкилоти мардум ва ранҷу азоби онҳоро, ки сарчашмаи асосиаш бероҳию бебарқӣ буданд, дида, қотеъона тасмим гирифт, ки бо кадом баҳое набошад, роҳи Кӯлоб – Қалаихумро месозад.

Ва онро сохт. Фарқе надорад, ки маблағ аз давлат буд ё аз сарпарастон. Ҳар коре пеш гирифта шавад, тасмими охирин ҳамеша ба роҳбари давлат тааллуқ дорад. Маблағҳои ҳангуфте дар солҳои шӯравӣ дар бонкҳо хоб буданду роҳи Бадахшон ба хиёли касе намерасид. Вале Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти кории худро ҳамчун Президенти Тоҷикистон ва Раиси Ҳукумат аз оғози сохтмони ин роҳ оғоз кард. Магар ҳамин иқдом нишонаи волотарини муносибати самимона ва дилсӯзона нисбати мардуми Бадахшон нест?

Бигузор неругоҳи барқи обии «Помир - 1» ва баъзе дигар иншоотҳои муҳими хоҷагии халқ бо маблағгузории донорҳои хориҷӣ эъмор гардиданд, вале бидуни ризояту даъвати Президенти кишвар кӣ метавонист бо сармояи худ вориди Тоҷикистон гардад? Мо сокинони Хоруғ чанд соли охир мавҷудияти реҷаи барқро дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ аз воситаҳои ахбори умум мехонем. Мо дигар муддати шаш моҳ асири барфу селу тарма нестем ва бародару хоҳару наздикони дигари худро берун аз ҷойи васиятнамудаашон намегӯронем. Магар ҳамин тавр нест? Пас иллати кӯтаҳбинии имрӯзаи мо чист?

Дар давоми 20 соли истиқлолият, Бадахшони Тоҷикистон дар соҳоти мухталифи хоҷагии қишлоқ, саноат, энергетика, нақлиёт ба дастовардҳои мушаххас шарафёб гашт. Шоҳроҳи Ваҳдат Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Кулма-Қароқурум, пеш аз ҳама роҳи ҷаҳони навро барои мо бадахшониён кушод. Чаҳор купрук дар ҳудуди вилоят (Ишкошим, Тем, Ванҷ, Дарвоз) Тоҷикистонро бо Афғонистон пайвастанд.

Шоҳроҳи зикршуда ва ин купрукҳо имконият медиҳанд, ки мо ба бандарҳои бузурги баҳрии Чин, Покистон ва Ҳиндустон бароем. Ин роҳҳо аллакай сохта шудаанд ва тадобири нахустин дар роҳи баровардани вилоят аз бунбасти ҷуғрофию иқтисодӣ кайҳо гузошта шуд.

Имрӯз қисмати бузурги маводи мавриди ниёзи мардуми Тоҷикистон аз Чин тариқи Бадахшон ворид мегардад ва Хоруғ анқариб ба пойгоҳи тақсимоти ин борҳо мубаддал гаштааст. Имрӯз ҳазорҳо сокинони бадахшонӣ, ки фарсахҳо аз тиҷорат дур буданд, рӯзгору маишати худро аз ин ҳисоб таъмин карда истодаанд. Ҳамаи ин магар лоиқи шукргузорӣ нест? Чаро мо некиро зуд фаромӯш мекунем?

Ба нақша гирифта шудааст, ки ғайр аз НБО «Помир - 1» дар рудхонаи Ғунд НБО «Помир-2» ва «Помир-3» бо қудрати 69 ҳазор кВт, НБО «Роғ» дар ноҳия Ванҷ бо иқтидори 14 ҳазор кВт, НБО дар дарёи Бартанг бо назардошти истифодаи кӯли Сарез сохта хоҳанд шуд. Ҳамаи ин нақшаҳо барои некуаҳволии сокинони Бадахшон пешбинӣ шудаанд, на барои фурӯши барқ.

Сохтмони роҳу неругоҳҳо имкониятро баҳри коркарду мавриди истифода қарор додани захираҳои бойи табиӣ, ки зери кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Бадахшон хоб рафтаанд, фароҳам месозанд. Итминони комил дорам, ки дар солҳои наздик мо ба ин дастовардҳо нойил мешавем. Тавре мегӯянд, «Амрикоро дар як рӯз насохтаанд». Ҳеҷ кас бовар надошт, ки мо роҳи Кӯлоб-Дарвозро месозем.

Барои расидан ба ин ниятҳо ҷонканию қаҳрамонӣ зарур нест, сабр лозим асту таҳаммул, оромию ваҳдат, якдигарфаҳмию гузашт. Чанд арзиши инсоние, ки имрӯз дар ҷомеаи мо камбудашон эҳсос гардид. Мо сокинони Хоруғ бо як шармандагӣ носипосии худро нисбати ҳама ғамхориҳои Президенти кишвар нисбати диёри зебоманзарамон ба намоиш гузоштем.

Гузашта аз он, ки чанд ҷинояткори нохалафу бадкирдор намояндаи баландрутбаи мақомоти амниятии кишварро барои иҷрои вазифаҳои хизматиаш ваҳшиёна ба қатл расониданд, иддае аз ҳамдиёрони мо ба ҳимояи ин ҷинояткорон бархостанд. Ҳатто як шиноси наздику деринаам, ки пасту баландиҳои ҳаётро дидааст, дар қатори ин «муҳофизон» буд.

Сабабашро пурсидам бо як мақоли русӣ посухам дод, ки ин ҷинояткорон «сукин сын ҳам бошанд, сукин сыни худамонанд». Сад афсӯсу гуфтаму вовайло, ки кирми маҳалгароӣ то куҷоҳо решаи моро хӯрдааст, чашмонамонро кӯр кардааст. Неку бадро дигар фарқ намекунем. Онеро, ки мӯҷиби бадбахтиҳои имрӯзаи мо гаштааст, сина сипар карда ҳифз мекунем.

Гуфтамаш агар суғдиҳо барои ҳимояи ҷинояткороне чун «тайсончаҳо», мардуми Кӯлоб барои Сӯҳроб Лангариев ва ғармиҳо барои бедакиҳою мулло Абдуллои қаттол сина сипар мекарданд, чӣ мешуд? Пас биёед ҳама аз пушти ин «сукин сын»-ҳои маҳали худамон меравему ба рӯйи ҳастии ин миллат хати батлон мекашем, ҳам худу ҳам ватану давлатамонро ба нестӣ мебарем.

Хомӯш буд. Мисли он, ки мантиқи суханамро фаҳмид. Бошад, ки дигарон низ фаҳманд. Бо ҳамин ният ин ҳарфҳоро рӯйи коғаз овардам. Бо умеди он, ки фирефтагон худро канора мегиранду ҷинояткорон танҳо монда ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, вазъият дар Хоруғи мо ором мегардад ва мо бо умеду орзуи расидан ба зиндагии ободтару беҳтар ҳар яке ба ифои вазифаю кори худ машғул мешавем.

Силмон Ватаншоев



Шарҳҳо   

 
+1 #1 Guest 13.08.2012 15:35
ahsan behratin bayon az vokeiyathoi jomea
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi