20:25:39 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 30 31    

РАИСИ СОБИҚИ КГБ-И ТОҶИКИСТОН: "МО БО 38 КИШВАРИ ҶАҲОН МЕҶАНГИДЕМ"

Генерал Саиданвар Камолов дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон симатҳои раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва Кумитаи марзбонии ин кишварро бар ӯҳда дошт. Дар остонаи 15-умин солрӯзи имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон ҳамкорамон Шамсияи Қосим бо ӯ аз хотироташ аз он рӯзҳо сӯҳбате анҷом дода, ки фишурдаашро дар инҷо мехонед:

-Имзои Созишномаи сулҳ барои Шумо чӣ маънӣ дошт?

/images/stories/2012/06/20_saidanvar_kamol-200612.jpg-Ман аз солҳои 1990 иштирокчии (ширкаткунандаи) тамоми набардҳое, ки дар Тоҷикистон гузашт, будам. Чун дар Кумитаи амният кор мекардам ва сипас, дар замони ҷанги дохилӣ бо пешниҳоди сарвари давлат дар таъсиси қушунҳои (нерӯҳои) сарҳаддии Тоҷикистон саҳм гирифтам ва аз ин ифтихор дорам.

Рӯзҳои сахтро дар сарҳад дидем. Ҷавонони бисёр кушта шуда буданд. Мо ҳама ҳарчи аз дасти мо меомад, барои истиқрори сулҳ кардем. Вақте созишномаи сулҳ баста шуд, мо шод будем, аммо ҳанӯз қувваҳое буданд, ки сулҳи моро намехостанд. Пас аз он низ кори зиёд дар пеши мо истода буд. Бояд муҳоҷиронро бармегардондем ба Ватан ва ғайраҳо.

Пас аз имзои созишномаи сулҳ ба дӯши ман ин кор низ буд, ки 2200 нафар аз силоҳбадастони мухолифинро ба қувваҳои мусаллаҳи сарҳадӣ (марзбонӣ) шомил кунам. Аттестатсия (санҷиш) гузарондем ва фақат 1200 нафар аз онҳоро ба нерӯҳои марзбонӣ қабул кардем. Камендатураҳо (посгоҳҳо) дар минтақа ва ноҳияҳои мухталиф таъсис додем.

Чизи аз ҳама асосӣ ин аст, ки вақте мо тарафдорони мухолифро ба кумитаи марзбонӣ шомил кардем, шарт як буд. Мо ба онҳо фаҳмондем, ки сарҳад ин чизи муқаддас аст, новобаста аз он ки, кӣ ба кадом гурӯҳ ё минтақа мансубият дорад. Хушбахтона, онҳо инро дарк карданд ва аз соли 1998 то соли 2001 ягон маротиба аз сӯйи онҳо ҳолати қонуншиканӣ нашудааст.

-Созишномаи сулҳи тоҷикон 27 июн имзо шуд, аммо аз назари Шумо, сулҳ дар Тоҷикистон кай барқарор шуд?

- Аслан барои мо сулҳ ба маънои томаш соли 2000-ум расид. Чунки дар соли 1997-98 дар вилояти Суғд аз ҷониби сарзамини ҳамсоя гурӯҳи ошӯбгарон бедодгариҳо карданд. Ман ҳамон вақт раиси Кумитаи амният будам, аз соли 1997 то 2002. Баъд гурӯҳҳое монанди гурӯҳҳои Эшони дароз, Раҳмон Гитлеру инҳо дар минтақаҳои Ваҳдат, Ромиту Дарбанд бедодгариҳо мекарданд.

Дар минтақаи Тавилдара ҳам дар соли 2000-ум ҷанҷолҳои Ҷумъа Намангонӣ шурӯъ шуд. Давлати Тоҷикистонро айбдор (муттаҳам) карданд, ки бо кумаки он коридор (роҳраве) кушода шуд аз сӯйи Рашт ба сӯйи вилояти Ботканди Қирғизистон барои гурӯҳҳои мусаллаҳи Ҷумъаи Намангонӣ. Албатта, ин ҳама дурӯғ буд. Ман дар гуфтушуниди Бишкек дар ин бора ширкат доштам ва ҳадафи мо дар ин гуфтушунид ин буд, ки инро собит кунем. Ва ҳамин тавр ҳам кардем.

Пас аз ин, ман ҳамчун раиси кумитаи марзбонӣ барои аз ҷумҳурӣ, аз водии Рашт ва ноҳияи Тавилдара, баровардани гурӯҳҳои силоҳбадасти Ҷумъа Намангонӣ вазифадор шудам. Пас аз анҷоми ин кор, танҳо дар соли 2001-ум, ба назари ман, сулҳ қадамҳои устувори худро дар сарзамини Тоҷикистон гузошт.

-Ҳамдаст будани нерӯҳои хориҷӣ дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро чи гуна эҳсос мекардед? Зеро дар бораи дахолатҳои хориҷӣ назарҳои таҳлилгаронро зиёд мешунавем. Кумитаи амният дар ин замина далеле дорад?

-Фақат ҳаминро гуфта метавонам, ки дар солҳои 1995, 1996, 1997 иттилоъот ва таҳлилҳои мо дар кумитаи амният нишон медод, ки дар дохили кишвари мо зиёда аз 38 хадамоти (сервиси) махсуси хориҷӣ барои шӯронидани мардум кор мебурданд. Яъне дарвоқеъ агар бигӯем, мо бо 38 кишвари дунё ҷанг мекардем. Беш аз ин наметавонам бигӯям.

-Дар китоби хотироти худ таҳти унвони "Сангар" Шумо ин саволро медиҳед, ки сиёсатмадорон ва иқтисоддонҳо куҷо буданд, чаро мардуми гумроҳро роҳбалад нашуданд? Аммо бисёриҳо мепурсанд, ки кумитаи амният куҷо буд, бо чӣ кор машғул буд ва чаро аз низоъҳо ҷилавгирӣ накард?

-Беш аз 27 соли умри ман дар нерӯҳои амниятӣ сипарӣ шудааст. Ман аз даврони шӯравӣ, аз соли 1975 ба ин ҷониб дар ин сохтор то мартабаи раёсати тафтишот расидам. Дар миёни мардуми мо мегӯянд, ки сабаби аз байн рафтани Иттиҳоди шӯравӣ беъамалии кумитаи амнияти миллӣ буд. Ман бо ин розӣ нестам. Чунки амният фақат яке аз шохаҳои ҳокимияти давлатист.

Аммо аз сӯйи дигар ман дар китоби "Сангар" аз бетафовутии роҳбарияти он замон навиштаам. Бо ҳарфи Достоевский, ки мегӯяд: "Бетафовутӣ аз ҷиноят бадтар аст", розӣ ҳастам. Бархе аз раҳбарият бетафовутӣ нишҳон доданд. Ба назари ман, агар мо мисли чиниҳо дару дарвозаи иқтисодро кушода, вале системи сиёсиро даст намерасидем, беҳтар буд. Аммо мо ҳамаро яку якбора шикастем. Ба ҳамин хотир прокандагиву хаос (ҳарҷу марҷ) ба миён омад.

То андозае айби КГБ (кумитаи амният) буд, лекин ҳарчи аз дасти мо буд, дар он шабу рӯз анҷом медодем. Тамоми иттилоъот ба кумитаи марказӣ ва болотар мерафт ва таҳлил мешуд. Кори мо танҳо ҷамъоварии иттилоъот буд.

-Пас дар бораи сар задани низоъ иттилоъ доштед?

-Бале, иттилоъ доштем. Ҳатто аз соли 1984 дар вақти омӯзиши бархе равандҳои ҷомеъа ошкор кардем, ки ҳаракатҳо ва ҳизбҳое вуҷуд доранд дар дохили кишвар, ки мехостанд сохти сиёсиро барҳам диҳанд ва барои ин замина гузошта буданд, мо инро медонистем.

-Ҳизби наҳзати исломиро дар назар доред?

-Бале, вале на танҳо онҳо, дигар гурӯҳҳо низ буданд.

-Пас Шумо иттилоъ доштед ва коре дар ин замина анҷом надодед? Дар китоби "Сангар" ҳам гуфтаед, ки иттилоъот дар бораи гурӯҳҳои "экстримистиро" (ифротгароро) ба Маскав пурра надодаед, аз тарс.

-Не, мо натарсидем. Мо, кормандони КГБ, таҳлил кардем ва гузориши худро ба кумитаи марказии худамон додем. Ман, Саймумин Ятимов, Ҳамроҳхон Зарифӣ... дар он кумисиюн будем. Аммо моро даъват карданд ва гуфтанд: "Ин гузоришро тавре ки Шумо навиштаед, наметавонем ба кумитаи марказии Маскав бифиристем. Онҳо чӣ мегӯянд? Шикоят мекунанд, ки оё чи тавр дар ин қадар соли ҳукумати шӯравӣ чунин гурӯҳҳо вуҷуд доранд дар Шумо?"

Ба ин хотир, гузориши моро ба инобат нагирифтанд. Барои ҳамин, ман мегӯям, ки амниятро ҳеҷ вақт айбдор карда наметавонем. Кори мо ҷамъоварии иттилоъот буд ва кумитаи амният фақат яке аз шохаҳои давлат буд ва тасмимҳои ҷиддиро кумитаи марказӣ қабул мекард, на мо. Боз мехоҳам бигӯям, ки вақти перестройка шурӯъ шуд, мо, мардум як хислат пайдо кард, ки ҳар кас чизе мегуфт, "Урра!" гуфта, пеш мебурдем. Танҳо дар соли 1989 фаҳмидем, ки бозсозӣ пешниҳоди нодуруст аст.

Вале он вақт аз раҳбарияти амният дар Душанбе ва Маскав фармон доштем, ки ба ҳизбу ҳаракатҳое, ки пайдо мешаванд, кордор нашавем, дахолат накунем. Зеро бозсозӣ шуд ва акнун инҳо озод ҳастанд, ки ҳизб таъсис диҳанд.

Мо фикри шахсии худро мегуфтем, ки аз рӯи конститутсия (қонуни асосӣ), мо вазифадор ҳастем, ки истиқлоли давлатро ҳифз кунем, вале ҳадафи ҳар ҳизбу ҳаракат дар ниҳоят ба даст овардани қудрати сиёсӣ аст. Пас, чаро мо набояд дахолат кунем? Аммо ба мо мегуфтанд, ки дахолат накунед, демукротиза рафта истодааст.

-Ҳодисаҳои феврал чи тур иттифоқ уфтод? Чаро натавонистед аз низоъ ҷилавгирӣ кунед?

-Вақте мо пешниҳод кардем, ки ҳамон намоишҳоро пешгирӣ кардан лозим, онҳо мегуфтанд, ки не, кори шумо нест, мардум намоиш мекунад, ин демукросӣ аст. Вале як чизро мегӯям, соли 1992 вақте Николай Травкин раҳбари ҳизби демукроти Русия буд, омада, дар майдони Озодӣ дар пеши мардум баромад кард, демукросӣ мегуфту дигару дигар.

Баъдан вақте ба бинои Шурои олӣ даромад, ман бо ӯ ҳамсӯҳбат шудам ва худи ӯ ба ман гуфт, ки "Рости гап, аз мардуме, ки дар инҷо ҷамъ омадаанд, ягон бӯи демократия намеояд. Оқибаташ ҷанги шаҳрвандист."

Ман ба ӯ гуфтам: "Пас чаро инро дар майдон нагуфтӣ?" Вай гуфт, ки ҳақ надорад. Дар он шабу рӯз ба мо таъкид мекарданд: "бетарафӣ, бетарафӣ, бетарафӣ" ва билохира онҳо комилан аз идора (кунтрул) баромаданд ва оқибат тамоми мақомоти қудратӣ фалаҷ шуд.

-Оё рост аст, ки пас аз ба даст овардани истиқлол низ Кумитаи амнияти Русия дар кори кумитаи амнияти Тоҷикистон дахолат дошт ва фишорҳо меовард? Ё то чӣ андоза метавонист дахолат кунад?

-Пас аз соли 1990 инҷониб онҳо ягон фишанг ҳам надоштанд. Ёд дорам, дар соли 1991, дар остонаи пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ кӯр-кӯрона Стройкин Алексейро раиси КГБ дар Тоҷикистон гузоштанд.

Вай дар бораи вазъи иқтисодӣ ва сиёсии кишвар ягон майда маълумот надошт. Мо дар миёни кормандон мегуфтем, ки "чаро ин мардро ба инҷо оварданд?!" Ин то андозае шаҳодат медиҳад, ки дар онҷо ҳам вазъиятро дар Тоҷикистон хуб намедонистанд.

-Шумо дар китоби худ ишора кардед, ки тазоҳуроти майдонҳои "Шаҳидон" ва "Озодӣ" алангаи ҷанги дохилиро рӯшан кард ва мардуми кишварро ду тақсим кард. Аммо дар бораи вуҷуди дасисаҳо барои шӯр андохтани мардум зиёд ҳарф мезананд. Масалан нимашаб ба майдон кӣ бо камаз санг оварда мерехт? Бархеҳо мегӯянд, ин кори КГБ буд...

-Санг рехтанашро намедонам, вале аз рӯи он чи ки ман ёд дорам, дасисабозиҳо буданд. Масалан, яке аз чунин дасисаҳо ин буд, ки як гурӯҳ, Белоусов, собиқ ҷонишини кумитаи амнияти миллии Тоҷикистонро, ки майзада шуда буд, маст карданд ва ба дасташ граната (норинҷак) дода ва ӯро ба майдони Озодӣ бурданд, то ки вай дар онҷо гранатаро тарконад.

Ман ёдам ҳаст, баъдан Бобои Санг аз ӯ пурсида буд, ки чаро ин корро кардӣ ва ӯ гуфт, "як гурӯҳ маро маҷбур кард ин корро бикунам." Чунин ҳодисаҳо низ буданд. Аммо ҳамон тавр ки гуфтам, кори мо умдатан ҷамъ овардани иттилоъот буд ва пешгирӣ аз ҳодисаҳо.

Аммо он чи ки одамон мегӯянд, ё дар бархе расонаҳо дар бораи замони ҷанг менависанд, онҳо ҳатто аз одаме, ки бевосита шоҳиди ҳодиса буд, чизе намепурсанд ва ин боъиси овозаҳои беасос мешавад.

-Пас дар мавриди пешгириҳо. Масалан Муродуллоҳ Шеръализода, ки панҷуми майи соли 1992 дар назди бинои Шӯрои Олӣ кушта шуд. Вай як корманди Шӯрои Олӣ буд, чаро аз марги ӯ пешигрӣ нашуд?

-Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд, ба назарам ҷинояткорҳо ҳам аниқ шудаанд. Аммо он рӯзҳо чунин вазъият буд, ки ҳатто ба Шӯрои Олӣ медаромадӣ, аслан намефаҳмидӣ, кӣ он ҷо корманд аст, ки нест. Ҳама милтиқ дошт. Худи мо метарсидем, онҷо дароем. Дигар идора кардан мушкил... идора кардан номумкин буд.

-Ба Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон киҳо метавонистанд фишор биёранд ва ё дар кораш дахолат кунанд, ва чи тавр?

-Хоҳарҷон, фишор... ин хел гапҳо набуд. Ман ба Шумо як мақоли тоҷикӣ ҳаст мегӯям - "Сагро бо зӯр шикор бурда наметавонӣ." Агар дасисае шавад, имкон дорад, аммо фишор не.

-Масалан оқои Шеръализода замоне кушта шуд, ки ӯ аз муросо сӯҳбат мекард ва имкони музокира байни тарафҳо вуҷуд дошт. То замони имзо шудани созишномаи сулҳ борҳо чунин иттифоқҳо уфтод. Пушти ин кор киҳо буданд?

-Бале, буданд қувваҳое, ки тарфдори ин буданд, ки низоъ бошад.

-Аммо чаро кумита коре накард, ки аз фаъолияти ин гурӯҳҳо ҷилавгирӣ кунад?

-Чаро намекард, мо ҷилавгирӣ мекардем. Ин тавр аст, ки на ҳамеша муваффақ мешудем. То соли 1999 тамоми кормандони мо барои назорат кардан ва барои ҳифзи хукумати конститутсионӣ дар минтақаҳои мухталиф кор мекарданд. Аммо на ҳамеша метавонистем дар ҳама ҷо бошем ва ҳамаро назорат кунем, муҳофизат кунем. Замони сахте буд.

-Шояд табиъати кори амниятӣ ин аст, ки аз кӯтоҳиҳояш ҳама зуд хабар меёбанд, чунки инфиҷоре рух медиҳад ё касе кушта мешавад, вале агар амниятиҳо муваффақ шаванд аз ҳодисае ҷилавгирӣ кунанд, дар ин бора касе ҷуз амниятиҳо хабар нахоҳад дошт. Аз кадом ҳодисаҳо тавонистед ҷилавгирӣ кунед?

-Ин қадар зиёд буданд ҳодисаҳое, ки мо пешгирӣ кардем! Хеле зиёд. Аз ҷилавгирии ворид шудани аслиҳа ба кишвар гирифта то суиқасдҳо. Мо чандин гурӯҳҳоро нагузоштем, ки гузаранд, чандин суиқасдҳоро пешгирӣ кардем. Муқассирони суиқасдҳоро ошкор мекардем...

Масалан, дар соли 1994 як гурӯҳро боздошт кардем, ки онҳо дар 12 қатл, таркиши утубуси хадамоти (идораи) марзии Русия ва қатли Садриддинов, собиқ мушовири Раҳмон Набиев, даст доштанд.

Аз онҳо мо иттилоъ гирифтем, ки дар болои сохтмони нӯҳошёнаи он замон кӯчаи Путовскӣ мушаке ҷо гузошта шуда буд барои анҷоми суиқасд ба сарвари давлат ва атрофиёнаш. Мо онро нимашаб пайдо карда ва безарар кардем. Ин гуна ҳодисаҳо зиёд буданд.

Аммо ба ҳар ҳол, дар дунё фақат Худованд айб надорад. Одамон метавонанд иштибоҳ кунанд. Бояд дарк кунем, ки муҳиммтар аз ҳарчи ин аст, ки мардуми мо тавонистанд ҳамдигарро бахшанд ва сулҳ кунанд.

-Касеро дар ин ҷанг аз дӯстон ва пайвандонатон аз даст додед?

-Бисёр наздиконро аз даст додем. Аз ҷумла 147 кормандеро, ки зери дасти ман кор мекарданд, аз даст додем. Ман исми якояки онҳоро дар китобам дарҷ кардаам. Ман ҳамаи онҳоро мешинохтам. Ҳамаи онҳо аз 30 сол бештар умр надоштанд. Бо онҳо нишастухез доштем, нону намак хӯрдем. Ҳамаи онҳо наздикони ман буданд. То ҳоло фарзандонашон, ки масалан мехоҳанд (ба донишгоҳ) дохил шаванд, то ҷое аз дастам меояд, кумак мекунам.

-Бархеҳо эрод мегиранд, ки имрӯзҳо қадрдонӣ аз касоне, ки сулҳ оварданд, яктарафа аст. Шумо бо ин суханҳо розӣ ҳастед?

-Ман фаҳмидам, Шумо чиро дар назар доред. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари давлат, мақомоти дигари давлатӣ ва ҳам аз тарафи мухолифон - устод Абдуллоҳи Нурӣ, Саламшоҳ Муҳаббатов дар истиқрори сулҳ саҳм гузоштанд.

Мо сулҳи тарафайн мегӯем. Ин кор бе розигии ҳарду тараф имкон надошт. Одамони мухталиф саҳми худро гузоштанд. Масалан, ман дар китобам дар бораи лаҳзаҳое навиштаам, ки чи тавр Саламшоҳ Муҳаббатов барои ин сулҳ заминасозӣ кард. Ман фикр мекунам саҳми инҳо ҳам бузург буд.

Кормандони амният аз соли 1992 барои заминасозӣ барои сулҳ корро оғоз карда буданд. Масалан, ман ба Шумо мегӯям, ки дар соли 1992 вақте мо аз вилояти Суғд ба Душанбе омадем, ба мо рӯйхати 37 нафар кормандони амниятро пешниҳод карданд, ки "роҳгум задаанд"...

-Роҳгум заданд, яъне чи тавр?

-Яъне афсароне, ки дар ҳамон шабу рӯз аз Ҳукумати мусолеҳаи миллӣ тарафдорӣ карданд. Ва ба мо пешниҳод шуд, ки онҳоро аз байн бурдан лозим. Медонед, ки тамоми салоҳияту ваколати давлату давлатдорӣ дар дасти қувваҳои мусаллаҳ буд. Аз ин тараф Фронти халқӣ, аз он тараф мухолифин...

Ман фикр мекунам, нақши Зуҳуров хеле бузург аст дар барқарории сулҳ... Он рӯзҳо хеле пурташвиш буданд... Мо ҷамъ шуда ба мувофиқа омадем, ки ба хотири он ки ба ин одамон зиён нарасад, то ки онҳоро нобуд накунанд, онҳоро ҷавоб додем.

Баъзеро ба мураххасӣ фиристодем, ё ки сафари хидматӣ. То ба эътидол омадани вазъ мо онҳоро ҷавоб додем, рафтанд. Бархеҳо кишварро тарк карданд, қисмате ба Тошканд, қисмате ба Бадахшон рафтанд. Пас аз сода шудани вазъ тамоми онҳо баргаштанд. Аксарияташон имрӯз соҳиби рутбаи генерал, соҳиби медалҳои давлатӣ ҳастанд.

Дертар дар соли 1993 барои бозгардондани гурезаҳо ба Тоҷикистон ба Толиқон кормандони амниятӣ рафта, бо кумаки Аҳмадшоҳ кунсулгарӣ таъсис доданд. Барои баргардондани гурезаҳо, ҳоло ман метавонам номашро бигӯям, Толибҷон Аҳмадов бисёр заҳмат кашид. Барои анҷоми амалиёти "Бозгашт". Бо кумаки инҳо то соли 1997 беш аз як милюн гуреза ба Ватан баргашт.

-Аҳмадшоҳ Масъуд дар сулҳи тоҷикон чӣ нақш дошт?

-Нақши ӯ бисёр буд. Албатта, мо ки қаблан кодрҳои шӯравӣ будем, дар симои Аҳмадшоҳи Масъуд душманро медидем. Вале вақте ман вазири амният будам, соли 1995, моҳи сентябр, зарурат ба миён омад ба дидори ӯ ва мо вохӯрдем.

Ҳамон вақт бо чархбол ба Фархор омад. Чизи хеле аҷоиб гуфта буд ба ман. Гуфта буд, агар имконият дошта бошед, талош кунед сулҳ шавад.

Гуфта буд: "Ман пеш аз он ки Кобулро тарк кунам, як пулро бо 18 кило маводди мунфаҷира тарконда будам. Ҳоло барои барқарор кардани ин пул милиюнҳо лозим аст, ман надорам. Сулҳ кунед."

Баъд, як нақли дигар ҳам кард. Гуфт, яке аз мухолифони давлати Тоҷикистон аз ӯ пурсидааст, ки "Аҳмадшоҳ, ту барои чӣ меҷангӣ?", ӯ гуфтааст, барои миллат. Сипас, Аҳмадшоҳ аз тоҷик пурсидааст, ки ӯ барои чӣ меҷангад ва ӯ гуфта "Барои мазҳаб." Аҳмадшоҳ ба ӯ посух додааст, ки ислом асрҳои аср вуҷуд доштааст ва ниёзе нест, ки онҳо барои ислом биҷанганд.

Дер ҳам ки бошад, мардуми мо дарк карданд, ки миллатро бояд барқарор кард. Ва ман мехоҳам таъкид кунам, ки дар барқарории сулҳ дар Тоҷикистон саҳми кумитаи амният бисёр калон аст, ҳарчанд бархеҳо дар симои кумитаи амният як албастиро мебинанд.

-Ташаккур барои сӯҳбат.

Би-Би-Си



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 25.06.2012 02:03
Бибин хато як корманди макоми баланди КГБ то имруз ки зиёда аз 20сол мегузарад наметавонад вокеиятро дарк кунаду неруи озодихохии милати точикро ки вобастаги ба тахавулоти кули шурави буд на айби як гурухи хос хато баъд аз гузашти ин мудати тулони ва дарсхои таърих..то имруз масъаларо (бидуни дар назар гирифтани хохиши аксарияти онрузаи мардуме ки мисли тамоми милатхои шурави барои ба дсат овардани хукукхои худ мубориза мекарданд) тахлил мекунад.. пас аз як ярокдори он замон чи гила?!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi