14:15:26 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ЧАНД МУШКИЛАИ МУҲИТИ ФИКРИИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАРО БА МАВҚЕИ МИЛЛӢ НАМЕРАСЕМ? - 4

Абдуллоҳ Ҳаким Раҳнамо - номзади илмҳои сиёсӣ, коршиноси масъалаҳои муносибати дин ва давлат

11.Давлат ва ҳукумат

Мушкили дигаре, ки гоҳо дар фазои фикрии сиёсӣ ба чашм мерасад, фарқ нагузоштан байни мафҳумҳои «давлат» ва «ҳукумат» ва ё сӯиистифода аз омезиши ин ду мафҳуми калидӣ мебошад. Ин омезиш боис мешавад, ки мо моҳияти мавқеи ҳамдигарро дуруст нафаҳмида ва ё гоҳо таҳриф намуда, аз ин назар ҳамдигарро дар вазъи бисёр мушкилу ногувор қарор медиҳем.

/images/stories/2012/05/02_abdullo-rahnamo_2512_1.jpgАлбатта, таърифи илмии ин ду мафҳум ва баёни фарқу хусусиятҳои ҳар яке аз онҳо баҳси васеъ буда, ин ҷо ҷойи матраҳ намудани он нест. Вале дар фаҳмиши маъмӯл, «давлат» шакли махсуси ташаккули ҷомеа дар сарзамини муайян мебошад, ки ба воситаи қонун ва қудрати давлатӣ дар он маҳдуда меъёрҳои ягонаи танзими муносибатҳои аъзои ҷомеаро ҷорӣ намуда, ба ин восита ҳуқуқу манфиатҳои аъзои он ҷомеаро таъмин ва ҳимоят менамояд.

Аммо, дар баёни боз ҳам соддатар, давлат як мафҳуми бузургу фарогир буда, пеш аз ҳама, худи кишвар (Тоҷикистон), ҳокимияти сиёсии он, ҳудуду обу фазои он, мардуми кишвар ва арзишҳои аслии он, истиқлолияти сиёсӣ ва амнияти миллии онро дар бар мегирад. Аз ин рӯ, давлат мафҳуми аслӣ ва бунёдӣ буда, дар фаъолияти сиёсӣ ва давлатдорӣ масъалаи буду набуди он, ягонагии ҳудудии он, истиқлолияти сиёсии он, суботу амнияту манфиатҳои, ҳаёту ҳуқуқу номуси шаҳрвандони он ва ғайра мавриди савол ва мавзӯи муомилаи сиёсӣ қарор намегиранд.

Дар асри ҳозир аксари давлатҳои ҷаҳон дар шакли «давлати миллӣ» созмон ёфтаанд (дар ин бора ниг.: Абдуллоҳи Раҳнамо. Ислом ва амнияти миллӣ.-Душанбе: Ирфон, 2011.-С.12-30) , ки Тоҷикистон низ ба ин навъи давлатҳо дохил мешавад. Имрӯз мавҷудияти «давлати миллӣ» нишонгари олитарин сатҳи камоли як миллат ба ҳисоб рафта, дар айни замон, муҳиммтарин абзор ва механизми таъмини бақо ва рушди он миллат аст. Дар шароити «давлати миллӣ» ҳам ҳукумат, ҳам ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳам шаҳрвандон вазифадоранд, ки давлатро аз назари ҳудудӣ (сарзаминӣ), сиёсӣ (истиқлолият) ва арзишӣ (моҳияти миллӣ) як арзиши олӣ дониста, ҳифз ва риояти манфиатҳои онро аз ҳар манфиати дигар болотар гузоранд.

Вале «ҳукумат» як ниҳод ё институти олии иҷроии давлатист, ки аъзои он ба намояндагӣ аз миллат масъулияти идораи умури давлатиро ба дӯш дорад. Аъзои ҳукумат гурӯҳи муайяни одамоне ҳастанд, ки дар мӯҳлати муайян дар доираи қонунҳое, ки шохаи қонунгузори давлат (порлумон) ба намояндагӣ аз миллат қабул кардааст, умури иҷроиро идора мекунанд ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро роҳбарӣ ва танзим менамоянд.

Аз ин рӯ, давлат кулл аст, вале ҳукумат ҷузъ аст, давлат асл аст, ҳукумат фаръ аст, давлат як арзиши усулист, ҳукумат як абзори иҷроист, давлат тағйирнопазир аст, ҳукумат тағйирёбанда ва ниҳоят, ба забони сиёсии имрӯз, давлат як муқаддасот аст, вале ҳукумат чунин мақом надорад. (Бояд гуфт, ки истилоҳи «муқаддас» ва «муқаддасот» дар матнҳои сиёсии тоҷикӣ ба маънои шаръӣ, ибодатӣ ва илоҳии ин калима нест, балки ба маънои арзиши олӣ, муҳим ва дахлнопазир будан аст.) Албатта, дар забони форсии имрӯза (дар Ирон) гоҳо давлат низ ба маънои ҳукумат (ҳокимияти иҷроия, кобинаи вазирон) истифода мешавад, вале дар забони тоҷикии имрӯз марзу фарқияти калимаҳои «давлат» ва «ҳукумат» бисёр рӯшантар аст.

Албатта, бояд ба ин савол низ посух дод, ки чаро дар асри давлатҳои миллӣ давлат «муқаддас» дониста мешавад? Албатта, давлат як падидаи осмонӣ ва илоҳӣ нест ва муқаддасии он ҷанбаи эътиқодӣ ва арзишӣ надорад. Балки он як падидаи иҷтимоию сиёсӣ буда, афроди як миллат ё шаҳрвандони як сарзамин онро ҳамчун институти ифодакунандаи иродаи худ ва ҳифзкунандаи ҳуқуқу манфиатҳо ва арзишу хостаҳои усулии худ ташкил намудаанд. Яъне, давлат ниҳодест, ки ба воситаи он, ба воситаи будани он афроди ҷомеа маҷмӯи ҳуқуқу манфиатҳои худро тазмин ва бима намудаанд.

Дар шароити давлатҳои миллӣ, миллатҳо (афроди миллатҳо) на танҳо ҳуқуқу манфиатҳо, балки бақои худ ва бақои ҳувияти миллии худро низ бо тариқи ташкили давлати миллии худ тазмин намудаанд. Дар чунин сурат, масъалаи буду набуди давлати миллӣ тақрибан маънои буду набуди худи миллат ва ҳувияти онро мегирад. Ин аст, ки давлат, ҳамчун ниҳоди баёнгар ва таъминкунандаи ҳуқуқу манфиатҳои афроди миллат ва ҳамчун ниҳоди тазминкунандаи бақои миллат ва ҳувияти миллӣ ҷойгоҳи олӣ ва муқаддас мегирад.

Пас, давлат низ ба зоти худ муқаддас нест, балки он офаридаи инсон буда, бино бар нақши зикршудаи худ дахлнопазир ва «муқаддас» дониста мешавад. Мутлақ набудани муқаддасии давлатҳоро метавон чунин шарҳи содда дод: масалан, як давлати ишғолгар низ давлат аст, вале он барои шаҳрвандони  минтақаи ишғолшуда муқаддас нест, зеро он давлат ифодакунандаи иродаи он мардум, ифодакунандаи ҳуқуқу манфиатҳои он шаҳрвандон набуда, бақои миллӣ ва бақои ҳувияти миллии онҳоро вазифаи худ намедонад.

Аз ин рӯ, як давлати ишғолгар, гарчӣ давлат аст, вале муқаддас нест. Пас, меъёри муқаддасии давлатҳо барои шаҳрвандони он давлатҳо пеш аз ҳама дар он аст, ки давлат ифодакунандаи ормону иродаи он мардум, ифодакунандаи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва тазминкунандаи бақои миллӣ ва ҳувиятии онҳо мебошад. Ин аст сабаб ва меъёри муқаддас дониста шудани давлат.

Пас, бо ин ошноии мухтасар бо маънои истилоҳии калимаҳои «давлат» ва «ҳукумат», масъалаи аслии ин баҳсро ёдовар мешавем, ки омезиши дониста ё надонистаи байни ин мафҳумҳо яке аз осебҳои дигари фазои фикрӣ ва сиёсии мо мебошад. Яъне, гоҳо ба як барномаи ҳукумат назари танқидӣ доштани як шаҳрванд ва ё онро нақд кардани як ҳизби сиёсиро ба маънои мухолифати он бо давлат фаҳмида ё ба ин маъно шарҳ медиҳем. Бештар аз ин, гоҳо ҳатто нақди амал ва мавқеи як аъзои ҳукумат, ё як намояндаи як вазоратро «мухолифат бо давлат» шарҳ медиҳем. Ин аст, ки гоҳо камтарин баҳс бисёр ҷиддӣ нишон дода мешавад ва мо ҳамдигарро ба гуноҳҳои азиме чун «мухолифат бо давлат», «мухолифат бо манфиатҳои миллӣ», «дӯст надоштани ватан» ва баъзан ҳатто ба «душманӣ бо давлат» ва ғайра айбдор менамоем.

Вале ба ҳамагон рӯшан шудани фарқияти мафҳумҳои «давлат» ва «ҳукумат» боис мешавад, ки ҳам шаҳрвандон ва ҳам ҳизбҳои сиёсӣ дар сурати танқиду рақобат мавзӯъ ва марзи рақобати худро ба хубӣ бидонанд. Яъне, бидонанд, ки танқиди барномаҳои ҳукумат ва нақди мавқеи мушаххаси як узви ҳукумат мушкиле надорад, вале дар шароити давлати миллӣ, мухолифат бо давлат масъаласоз аст. Ҳамзамон бо ин, дар сурати дуруст фаҳмида шудани моҳият ва марзи ин ду мафҳум, намояндагони ҳукумат низ хоҳанд донист, ки интиқоди шаҳрванде ё нирӯи сиёсие аз барнома ё амали ҳукумат амре оддист ва ин ҳаргиз маънои мухолифат бо давлат ва давлатдориро надорад.

Илова бар ин, дар давлатҳои муосири миллӣ, ҳизбу гурӯҳҳои сиёсие, ки бо давлат ва давлатдории миллӣ ва бо манфиатҳои миллӣ ба таври ошкоро мухолифанд, маъмӯлан номнавис намешаванд ва расмият намеёбанд. Аз ин рӯ, нирӯҳои мавҷудаи расмӣ ҳадди ақалл, дар сатҳи барномаҳои расмии худ ҳамагӣ давлат, муқаддасоти давлатӣ ва Конститутсияи онро, ки шакли сабтшудаи маҷмӯаи арзишҳо ва ҳадафҳои ин давлат ва ин миллат аст, қабул доранд ва эътироф мекунанд. Дар сурати аз онҳо сар задани аъмоли зиддидавлатӣ суд моҳият ва ҳукми онро муайян мекунад.

Таҷрибаи кишварҳои гуногун нишон медиҳад, ки ҳукумат на танҳо айни давлат нест, балки гоҳо ҳукуматҳо ва ё аъзои бесалоҳияти ҳукуматҳо низ огоҳона ва ё ноогоҳона ба давлат ва ба манфиатҳои миллии кишварҳо зарарҳои ҷиддӣ меоваранд. Ва гоҳо зиёне, ки як аъзои ҳукумат ё як вазири ҳукумат ба давлат расонида метавонад, як шаҳрванди оддӣ ё як ҳизби сиёсии мухолиф ҳаргиз тавони онро надоранд.

Аз ин рӯ, гоҳо ҳизбҳои сиёсӣ аъзои ҳукумат ва ё намояндагони онро барои расонидани зиён ба давлат ва ба манфиатҳои миллӣ танқид мекунанд ва ё дар таърих ҳолатҳое низ будаанд, ки зиёиёну рӯшанфикрони сатҳи миллӣ ва нирӯҳои солими ҷомеа маҷбур будаанд, то давлатро аз зиёнҳои аъзои бесалоҳияти ҳукумат ҳимоя намоянд. Зеро, гарчи ҳифзи давлат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ вазифаи аввали ҳукуматҳо ба ҳисоб меояд, вале он фақат вазифаи ҳукумат нест, балки он вазифаи ҳар ҳизби сиёсӣ, ҳар нирӯи ҷамъиятӣ ва ҳар шаҳрванди огоҳи он кишвар мебошад…  
Ба хотири пеш наомадани сӯитафоҳум ва боз ҳам рӯшантар маълум шудани моҳияти ин баҳс, дар идомаи матлаб бояд ба ду нуктаи дигар низ таваҷҷӯҳ шавад:

/images/stories/2012/05/02_abdullo-rahnamo_2512_2.jpg1.Албатта, дар ҷомеаҳое, ки «ҳукумат» дар афкори умумӣ ҳамчун «давлат» қаламдод шавад ва ё хусусан, дар ҷомеаҳое, ки роҳбарияти ин ду ниҳод дар шахси як нафар ҷамъ омада бошад, ташхиси марзи амалии ин ду мафҳум бисёр мушкил мегардад. Масалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент пеш аз ҳама, рамзи давлатдорӣ ва Сардори давлат ба ҳисоб меравад ва аз ин нигоҳ, мақоми олитарин ва рамзӣ дониста мешавад. Вале Раиси ҳукумат будани ӯ дар муқоиса бо Президенти кишвар (Сардори давлат) будани ӯ, вазифаи дуюмдараҷа мебошад.

Зеро, Президент ҳамчун Сардори давлат кафили Конститутсия, кафили якпорчагии давлат, кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, чеҳраи давлатдории миллӣ ва муҳимтар аз он, меҳвари ваҳдати шаҳрвандон ва нирӯҳои сиёсӣ мебошад. Вале, бо тафовут аз Президент будан (Сардори давлат будан), Раиси ҳукумат будан дар низоми давлатдории президентӣ як мақоми рамзӣ набуда, нақши иҷроӣ дорад. Аз ин рӯ, дар бисёр кишварҳои муосир барои ҳарчӣ беҳтар ҳифз шудани манфиатҳои давлатӣ ва миллӣ, мақоми Сардори давлат (кафили давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ) бо мақоми Раиси ҳукумат (сардори ниҳоди иҷроӣ ё сарвазир) якҷо набуда, аввалиро дар мақоми бисёр олитару баландтар аз дуввумӣ мегузоранд.   

2.Вале ҳамзамон бо дарки мақоми олӣ, дахлнопазир ва муқаддаси «давлат», набояд чунин пиндошта шавад, ки «ҳукумат» дар муқоиса бо он комилан «номуқаддас» ва беарзиш аст ва метавон қудрати онро эътироф накард. Дар амал, аз назари механизми ташаккули давлату давлатдорӣ, ҳукумат низ ҳамчун органи олии иҷроияи давлат, аз мақому эътибору имтиёзҳои хоссае бархӯрдор мешавад, ки эътирофу риояти онҳо барои шаҳрвандони он кишвар ҳатмист. Ин мақоми ҳукумат пеш аз ҳама бар ду пояи асосии зерин устувор мебошад:

1.Пояи ҳуқуқӣ: Яъне, ҳукумат ҳамчун органи олии иҷроияи давлат, маҳз дар асоси қонунгузории давлат ташкил мешавад, маҳз дар доираи қонунҳои таъйиннамудаи давлат фаъолият мекунад ва маҳз вазифаҳоеро, ки қонунгузории давлатӣ барои ҳукумат вогузор кардааст, амалӣ менамояд.   

2.Пояи амалӣ: Яъне, ҳукумат ҳамчун органи олии иҷроияи давлат, маҳз худи он давлат, ягонагию истиқлолияти он давлат, манфиатҳои миллии он давлат, фарҳангу арзишҳо ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони он давлатро ҳифз ва ҳимоя намуда, масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии аҳолии он давлатро ҳалл намуда, суботу амнияти миллӣ ва шароити муносиби рушди он давлатро фароҳам меоварад ва ё дар ин самт талош мекунад.   

Ҳамин тавр, вақте як ҳукумат аз ин ду поя бархӯрдор бошад, он ҳукумати машрӯъ ё легитимии он кишвар аст. Зеро дар амалияи давлатдорӣ машрӯъият (легитимность) фақат мафҳуми сирф ҳуқуқӣ нест, балки илова бар пояи ҳуқуқӣ, бояд ҷанбаи амалӣ низ дошта бошад. Яъне, машрӯияти сиёсии як ҳукумат аз ҳамзамон ҷамъ шудани ду унсур: қонунӣ будани ташаккулёбии ҳукумат ва дар амалияи он ифода шудани таъйиноти қонун ва манфиатҳои миллӣ иборат мебошад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, вақте ҳукумат аз ин ду пояи устувори машрӯият бархӯрдор мешавад, он ҳамчун органи олии иҷроияи давлат яке аз муҳимтарин ниҳодҳои давлати миллӣ ба ҳисоб рафта, маҳз дар доираи қонуни таъйиннамудаи давлат ба намояндагӣ аз давлат амал мекунад. Фалсафаи ба ихтиёри ҳукумат вогузор шудани имкониятҳои моддию идорию қудратии давлат маҳз дар ҳамин аст ва низ, фалсафаи аз тарафи шаҳрвандон итоат ва риоят шудани муқаррароти ҳукумат ва эътирофи ҳукми ҳукумат низ маҳз дар ҳамин аст. Яъне, ҳукумати машрӯъ на ба хотири он, ки қудратро дар ихтиёр дорад ва аз назари физикӣ бартар аст, балки ба хотири он, ки органи олии иҷроияи давлат буда, ба намояндагӣ аз давлат амал мекунад, аз сӯи шаҳрвандони он давлат эътироф ва итоат карда мешавад.     

Пас, то замоне, ки як ҳукумат бар пояи қонунҳои давлат амал мекунад ва то замоне, ки амали он манфиатҳои давлат ва мардумро ифода мекунад, эҳтиром ва итоати амри он барои шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад. Ба ин восита, дар партави муқаддас будани давлат, ҳукумат то замони берун набудан аз ин доира, ҳамчун намояндаи иҷроияи давлат навъе муқаддасият касб мекунад. Яъне, «муқаддасии ҳукумат» ҳамчун муқаддасии давлат як сифати моҳиятии он набуда, балки муқаддасии ҳукумат вобаста ба қонунӣ будани ташаккулёбии он, вобаста ба муносибати он ба манфиатҳои миллӣ, вобаста ба барнома, амал ва натиҷаи кори он ҳукумат дар самти ҳифзу таъмини рушди давлат аст.

Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки пас, марзи танқид ва марзи мухолифат бо ҳукумат ва аз барномаҳои ҳукумат низ бисёр мушаххас аст. Агар ҳизб ё нирӯи сиёсие ҳукуматро маҳз ба хотири он мавриди интиқод ва заифсозӣ қарор дода бошад, ки «ту бирав, то ба ҷоят ман соҳиби қудрат бошам», ин як мантиқи солими рақобати сиёсӣ нест. Ин мавридест, ки мавқеи ҳизбӣ ё гурӯҳӣ бар мавқеи миллӣ боло гирифтааст ва мутаассифона, дар фазои сиёсӣ чунин нирӯҳо низ ҳамеша будаанд. Вале, агар шаҳрванде, ҳизбе ва ё нирӯи сиёсие як ҳукуматро маҳз ба хотири халалдор шудани яке аз ду пояҳои зикршудаи машрӯияти он мавриди танқид қарор диҳад, он танқиди дуруст ва ҳатто зарурист.

Яъне, агар як ҳукумате ба хотири аз доираи қонунгузории давлат берун рафтани аъзо ё намояндагони он ва ё барои бар хилофи манфиатҳои миллӣ, бар хилофи фарҳангу арзишҳои усулии миллат, бар хилофи ҳуқуқҳои шаҳрвандон амал кардани аъзои он ва ё ба хотири аз сӯи он ҳукумат ҳалл нашудани масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии мардум, таъмин нашудани шароити рушди кишвар ва ғайра аз тарафи шаҳрвандон ё нирӯҳои сиёсӣ танқид карда шавад, он танқид машрӯъ, дуруст ва табиист. Маҳз будани ҳамин гуна нигоҳ ва ҳамин гуна танқиди солим дар ҷомеа метавонад ҳам ҳукуматро ҳушёру такмил кунад ва ҳам манфиатҳои давлатӣ ва давлатдории миллиро ҳифз намояд.

Ва агар ин масъаларо ҷамъбаст намоем, метавон гуфт, ки давлат марзи муқаддас ва арзиши муҳокиманопазир аст, вале ҳукумат ниҳоди идорист ва аъзои он тағйирпазиранд. Аз ин рӯ, мухолифат бо давлат ва бо манфиатҳои миллӣ норавост, вале интиқоди солим аз барномаи ҳукумат дар ҷомеаи демократӣ як амале маъмулӣ ва зарурист. Дар асри давлатҳои миллӣ, дӯст доштани давлат, миллат ва ватан дар ҳар сурат арзиш аст ва дар ҳар ҳолат ҳатмист, вале дӯст доштани ҳукумат ва ё маҳбубияти аъзои он ба мавқеи онҳо, ба барномаҳои онҳо, ба салоҳияти онҳо ва ба натиҷаи амали онҳо дар ростои манфиатҳои давлат ва миллат вобаста мебошад.

Ва ниҳоят, мунаққиди барнома ё амали ҳукумат ё мунаққиди амали як узви ҳукумат будан ҳаргиз маънои мухолифи давлат будан ё дӯст надоштани давлат ё дӯст надоштани ватанро надорад. Бисёр пеш меояд, ки як коршинос ва ё як ҳизби сиёсӣ маҳз аз сари дӯстдории давлат ва аз сари муҳаббат ба ватан як иштибоҳи ошкорои як намояндаи ҳукуматро нақд мекунад, то ин иштибоҳи намояндаи ҳукумат ба давлат ва давлатдории миллӣ, ба суботу амнияти миллӣ ва ба манфиатҳои миллӣ зиён наоварад. Ва дур аз инсоф мебуд, ки дар чунин сурат ин иқдоми шаҳрвандӣ ва ватандӯстонаро чун «мухолифат бо давлат» ва чун «ватандӯст набудан» шарҳ диҳем.

Ин ҳам яке аз масъалаҳои ҷиддиест, ки бояд дар муҳити фикрӣ ва сиёсии мо ба тадриҷ дарк карда шавад, то муносибати мо ба нақду мухолифату рақобат солимтар гардад.

12.Гузор аз тазодди «динию дунявӣ»

Тақсими аксари падидаҳои ҳаёт ба «динӣ» ва «дунявӣ» ва бовар ба чунин тақсим яке аз мушкилоти дигари муҳити фикрию сиёсӣ ва яке аз монеаҳои дигари  ваҳдати миллии мост. Тибқи чунин бовар мо қариб ҳамаи чизҳоро ба «динӣ» ва «дунявӣ» тақсим намуда, умуман, гумон дорем, ки ин ду мафҳум аз ҳам бисёр дуранд ва ё дар тазодд қарор доранд. Дар чунин муҳит гоҳо мафҳуми «динӣ» ҳатто ҳамчун антоними мафҳуми «дунявӣ» истифода мегардад, чуноне, ки сиёҳу сафед, обу оташ ва шабу рӯз.

Гарчӣ то имрӯз дар бораи ба «динӣ» ва «дунявӣ» тақсим намудани ниҳодҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, муассисаҳои таълимӣ, соҳаҳои фаъолияти инсонҳо, илмҳо, ҳунарҳо ва ғайра бисёр гуфта мешуд, ахиран ин тарзи тақсимбандӣ нисбати оилаҳо, шахсиятҳо, инсонҳо, тарзи зиндагии афрод ва ғайра истифода мешавад. Масалан, дар гузориши ахире, ки созмони «АНТИ»-и ш.Хуҷанд дар масъалаи афкори ҷавонони тоҷик дар конфронси «Ҷавонон, таҳаммулпазирӣ ва радикализм» (Душанбе, 19.12.2011) муаррифӣ намуд, ҳатто мафҳумҳои «фарзандони оилаҳои динӣ» ва «фарзандони оилаҳои дунявӣ» низ истифода шуданд, ки новобаста аз баҳсангез будани ин ибораҳо, нишонгари акнун бисёр амиқтар рафтани ин тақсимот дар зеҳни таҳлилгарони мо мебошад…    

Албатта, дар баъзе ҷомеаҳо ва дар баъзе дину тамаддунҳо мафҳумҳои «динӣ» ва «дунявӣ» дар ҳақиқат аз ҳам ҷудо буда, гоҳо дар баробари ҳам ва ё дар муқобили ҳам қарор мегиранд. Масалан, дар баъзе равияҳои масеҳӣ дин асосан, мафҳуми маънавӣ ва ахлоқӣ дошта, аз назари амалӣ асосан, маҷмӯи муайяни ибодатҳои маросимиро дар бар мегирад. Шояд дар чунин сурат, аз дунё, аз умури дунявӣ ва аз корҳои ҷамъиятӣ ҷудо донистан ва дар муқобили мафҳуми «дунявӣ» истифода намудани мафҳуми «динӣ» то ҳадде имконпазир мегардад.

Вале аз назари таълимоти ислом ва дар воқеияти зиндагии як фард ва як ҷомеаи мусулмоннишин ин мафҳумҳо ҳаргиз маънои мухолиф надошта, ислом ҳамчун дин ҳаргиз аз дунё ва умури дунёӣ ҷудо набудааст. Чун муҳити ин масъала бисёр идеологӣ ва сиёсӣ шудааст, барои пеш наомадани нофаҳмӣ, бояд зикр шавад, ки ин сухан на мавқеи муаллиф, балки воқеияти худи таълимоти исломист, ки аз умури дунё ҷудо донистани он ба ҳеҷ ваҷҳ имконпазир нест.

Аз ин рӯ, таҷрибаи садсолаи охир нишон додаст, ки нисбат ба таълимоти исломӣ ба кор гирифтани тақсимоти «динӣ -дунявӣ» ва талоши дар як ҷомеаи мусулмоннишин истифода кардани чунин фаҳмиш боиси баҳсу низоъ ва мушкилоти бениҳоят мегардад. Муҳимтарин нукта ин аст, ки то замони ҷой доштани чунин фаҳмиш ва чунин нигоҳ, ба ҳам омадан ва ба ваҳдат даст ёфтани афроду шахсиятҳо, нирӯҳои фикриву ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии як ҷомеаи мусулмоннишин бисёр мушкилтар аст. Зеро чунин тақсимот ҳам шаҳрвандони оддӣ, ҳам қишрҳои таҳсилкарда, ҳам ниҳоду марказҳои таълимию илмӣ ва ҳам нирӯҳои ҷамъиятию сиёсии ҷомеаи мусулмоннишинро аз ҳам ҷудо нигоҳ дошта, гоҳо дар муқобили ҳам қарор медиҳад.

Омилҳои таърихӣ ва сиёсии пеш омадани чунин вазъият дар ҷомеаи мо, моҳият ва ҳавзаҳои низои ғайритабиии «динӣ-дунявӣ», натиҷаю пайомадҳо ва роҳҳои ҳалли ин ихтилоф дар як силсила навиштаҳои пешини муаллиф ба таври бисёр муфассал омӯхта ва муаррифӣ шудаанд. Аз ин рӯ, дар ин ҷо такроран ба ин масъала ворид нашуда, аз он фақат ҳамчун яке аз монеаҳои ташаккули ваҳдати миллӣ ва яке аз мушкилаҳои расидани нирӯҳои сиёсии кишвар ба «мавқеи миллӣ» ёдоварӣ шуд.

Қисматҳои: якум, дуюм, сеюм




Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi