НАМОЯНДАГОНИ ПОРЛУМОН НУКОТИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТРО ТАШРЕҲ МЕДИҲАНД
Бар мабнои як мусаввабаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аъзои ин маҷлис дар манотиқи мухталифи кишвар паёми солонаи раиси ҷумҳурӣ ба порлумонро ташреҳ хоҳанд дод. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон, рӯзи душанбеи 23 апрел, хабар дод, ки ҷаласаи Шӯрои порлумон дар ин замина мусавабба содир кардааст.
Ба гуфтаи оқои Султонов, бар асоси ин мусавабба намояндагони порлумони Тоҷикистон дар муддати 10 рӯз, яъне, аз рӯзи 26 апрел то 6 май, атрофи паёми солонаи раиси ҷумҳурӣ бо интихобкунандагон сӯҳбат хоҳанд кард. Зимнан, паёми Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷолиси миллӣ ва намояндагон, маҷлисҳои улё ва суфлои порлумони ин кишвар дар рӯзи ҷумъаи 20 апрел ирсол шуда ва дар он аз дастовардҳо ва мушкилоти кишвар дар тӯли як соли ахир сӯҳбат шуда буд.
Мағфират Хидирова, раиси фраксиюни Ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон гуфт, ки мулоқот бо интихобкунандагон тибқи нақшаи қаблан тарҳрезишуда ва бар асоси дастури порлумон сурат мегирад.
Ҳамзамон, хонуми Хидирова таъкид кард, бо таваҷҷӯҳ ба он ки ин мулоқотҳо пас аз паёми раиси ҷумҳурӣ ба порлумон сурат мегирад, дар ҷараёни дидор бо интихобкунандагон нукоти муҳими ин паём низ ташреҳ хоҳад шуд.
Ӯ гуфт: “Мо кушиш мекунем, ки нуктаҳои асосии паёми президентро ба мардум шарҳ диҳем. Ҳар нуктаи паём мазмун ва моҳияти худро дорад. Интизориҳои мардум дар ин паём дарҷ ёфтанд. Бахусус, дар бораи боло бурдани маош ва нафақа.”
Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва намояндаи ин ҳизб дар Маҷлиси намояндагон гуфт: “Баъди паёми президент ба порлумон шурӯъ шудани дидори вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагонро ҳамин тавр қабул мекунанд, ки вакилон ба хотири шарҳу тафсири паёми президент ба назди мардум мерафта бошанд.”
Дар ҳоле ки, ба гуфтаи оқои Кабирӣ, Маҷлиси намояндагон чунин салоҳият ва вазифа надошта ва намояндагони порлумон низ муваззаф нестанд, ки паёми раиси ҷумҳуриро шарҳу тафсир кунанд. Ҳамзамон, ӯ гуфт, агар дар ҷараёни мулоқот суоле аз паёми раиси ҷумҳурӣ ба миён ояд, намояндаи порлумон ба он посух хоҳад гуфт.
Муҳиддин Кабирӣ гуфт, қасд дорад дар вилояти Суғд бо интихобкунандагон мулоқот карда ва агар имкон даст диҳад як-ду рӯз бо муҳоҷирони т оҷик дар шаҳрҳои Русия дидор хоҳад кард. Тибқи дастури ҷадиди Маҷлиси намояндагон вакилон бояд дар як сол чор маротиба ба назди интихобкунандагони худ рафта ва ба суолҳои онҳо посух гӯянд, ба дарду мушкилоти онҳо расидагӣ кунанд.
Пас аз бозгашт аз мулоқот намояндагони порлумон дар ин замина гузориши муфассал таҳия карда, ба раиси Маҷлиси намояндагон ва раиси ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мешавад.
Би-Би-Си