11:02:38 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 30 31

ДАР ИНТИҚОЛИ МАВОДИ МУХАДДИР ҚОЧОҚБАРОНИ ӮЗБЕК БЕШТАР МАНФИАТДОРАНД

Худованд  мардуми тоҷикро аз ҷиҳати ҳусну заковат беҳамто офарида, сарзамини серобу манзараҳои биҳиштосоро насибаш гардонида аст, ки фаровонии обу неъматҳои худододаш боиси рашку ҳасади ҳамсоягон шудааст.

/images/stories/2011/11/24_geroin_23112011.jpgКишвари ҳамҷаворамон ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки солҳои охир ошкорову пардапӯшона ҷониби мо теғи кинаву маломат кашидааст, аз фурсати муносиб, яъне қаҳри ҷоҳилонаи бародари аршад - Русия аз ҳукми Додгоҳи Тоҷикистон сӯиистифода бурда, роҳи оҳанро хароб сохта, онро амали террористӣ унвон дод.

Яке аз усулҳои ба чоҳ тела додани бародари хурдӣ, маҳз ҳамин гуна хоҳад буд. Бо ин амали ноҷавонмардона қаноат накарда, барои  паст кардани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ дар васоити ахбори умум маводҳои гуногунмазмуни беасосро паҳн месозад. Маълум аст, ки дар ин рӯзҳо аз аксуламали Русия нисбати Тоҷикистон курта-курта гӯшт гирифта, тамоми қувваро баҳри тақвияти зарба алайҳи инҷониб равона сохтааст.

Гоҳ  аз номи мутахассисини бофтаи ӯзбак оид ба сохтмони Роғун маводҳои ихтилофомез пахш карда, таҳлилҳои якҷониба анҷом медиҳад, гоҳи дигар аз номи уламои хаёлии тоҷик пешниҳодҳои густохона пеш меорад, вале асли мақсад як аст: коре карда, бояд сиёсати Тоҷикистонро  пешпо дода, ба рушди он латма занад. Агар возеҳтар баён созем, Тоҷикистонро чашми дидан надорад. Пешравии кӯчактарини кишвари мо боиси озор ва нокомиҳоямон иди ӯзбекҳо хоҳад буд.

Дар яке аз мақолаҳо коршиноси бофтаи ҷониби Ӯзбекистон – Фарҳод Умаров бо номи «Нуфузи Тоҷикистонро дар чашми иттиҳодҳои байналмиллалӣ паст задан нашояд» /торномаи «Пресс.Уз.инфо» аз 18.11.11 с., дидбонгоҳҳои сарҳадии «Сариосиё», «Амузанг» ва «Бекабад»-ро дар давраи муайяне мавриди таҳлил қарор дода, муаллиф ба хулосае омадааст, ки гӯё сохторҳои масъули ин соҳа маълумотҳои оид ба интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддирдодаи марзбонони ҷониби Ӯзбекистонро нодида мегиранд ва дар натиҷа, рӯз ба рӯз интиқоли он  рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Ӯ дар мӯътод гардидани шаҳрвандони Ӯзбекистон ва паҳншавии маводи мухаддир дар қаламрави Ӯзбекистон, пурра ҷониби Тоҷикистонро гунаҳкор мешуморанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки баҳси сарҳадии ҷониби Ӯзбекистону Тоҷикистон солиёни зиёдест, ки доманадор гардида, паҳлӯҳои гуногунеро дар бар мегирад. Ҳамагон огаҳанд, ки ҷониби Ӯзбекистон на як бору ду бор оиди сарҳадшикании  шаҳрвандони Тоҷикистон эътироз намуда, онҳоро ба гаравгон гирифта, сипас бар ивази музди муайяне бозпас гардонидаанд. Ҳатто мавридҳои ба қатл расонидани иддае аз аҳолии осоиштаи Тоҷикистон низ аз ҷониби сарҳадбонони Ӯзбекистон ба қайд гирифта шудааст. Вале  силсиламақолаҳои мазкур мустақиман сарҳадбонони тоҷикро дар паҳн шудани маводи мухаддир гунаҳкор мешуморанд.

Муаллиф ба гуфтаи худаш дар назорати марзиву гумрукии ҷониби Тоҷикистон ҷой доштани беназмиву бесарусомониро мушоҳида намуда, аз забони кормандони  роҳи оҳани Тоҷикистон қайд мекунад, ки масъулони соҳа дар  тафтиши ҳадафҳо ҳамагӣ 15 дақиқаро сарф мекунанд, ки ин кӯшиши беҳосил ба шумор меравад. Дар мақола омадааст: «Оё дар чунин фурсати кӯтоҳ мумкин аст аз пинҳонгоҳҳову махфигоҳҳои қатораҳои мусофирбар, вагонҳои боркашонӣ ва дигар воситаҳои нақлиёт ба осонӣ маводи мухаддирро мушоҳида кард?»

 Оиди сохтмон ва мавриди истифода қарор гирифтани пӯли рӯди Панҷ, ки ҷониби Тоҷикистонро бо кишвари Афғонистон мепайвандад, қайд карда, муаллиф суханони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳангоми ифтитоҳи он чунин овардааст: «Умедворам, ки тавассути ин пайвандгари ду кишвар танҳо ниятҳои судманд анҷом дода мешаванд ва барои маводи мухаддир ин самт истифода нахоҳад шуд…». 

-Вале, муаллиф қайд мекунад, ки шаҳрвандон суханони дар боло зикргардидаро шикаста, қочоқи маводи мухаддиро ду баробар афзудаанд ва дар пешбурди ин кор ҷониби афғонҳо гуноҳе надоранд.

Дар мақолаи дигаре, ки дар натиҷаи марзшикании сарҳадбони ӯзбак ҷониби марзбонии Тоҷикистон ӯро захмӣ кардаву, ҳангоми ба хоки Ӯзбекистон гузаштан, ӯ ба ҳалокат расидааст, низ муаллиф қазияро пурра ба интиқоли маводи мухаддир нисбат додаст:

«Дар қазияи мазкур эҳтимолан марзбонони тоҷик  ба воситаи  оташфишонӣ қочоқчиёни маводи мухаддиро дастгирӣ кардаанд. Ин бори дигар баёнгари он аст, ки худи марзбонон дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир манфиатдоранд…»

Ҷониби Ӯзбекистон барои худсафедкунӣ фурсати муносиб ёфтаанд ва бо ҳар баҳона нисбати Тоҷикистон айбҷӯйӣ карда, мехоҳанд бартарии худро нишон диҳанд. Хулосаи муаллиф баёнгари ғаразҳои нуҳуфтаи ӯ мебошанд: «Воқеан, на афғонҳо, балки тоҷикистониён, бинобар паст будани сатҳи зиндагии хеш, бо паҳн намудани марги сафед дар тамоми ҷаҳон, нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ паст месозанд».

Дар як калом маъниҳои зиёди хусуматзо нуҳуфтааст. Бо баёни хулоса, муаллиф ба мантиқ диққат надодааст – бале, дар мавриди маводи мухаддир, мавқеи афғонҳо алоҳида аст, балки мавқеи тоҷикистониёну ӯзбекистониён як аст. Яъне онҳо низ мусичаи бегуноҳ набуда, на танҳо дар қаламрави худ, балки дар хоки кишвари мо низ дар вақти қочоқи маводи мухаддир на як бору ду бор боздошт шудаанд.  

Баҳриддин Алиев



Шарҳҳо   

 
+1 #1 Guest 25.11.2011 00:55
огои Бахриддин, маколаи хуб навиштаед. Аз умумигуии хеле аз журналистонамон бехтару мафхумтар аст.бахусус, чумлахои аввали макола возеху рушананд ва вокеиятхои сиёсати душманонаи узбакистонро ошкор мекунанд. Аммо дар забони форсии точики номи ин кавм узбак аст, ки мисли шумо хабарнигори хушманд набояд дар навишту гуфтани он ба иштибох рох бидихед. Дигар, саломату назарбаланд бошед.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi