13:15:12 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 29
30 31          

ҲАБСИ САРНИШИН СИЁСАТИ РОССИЯРО НИСБАТИ ШАРИКИ СТРАТЕГИАШ РӮШАН КАРД

Ин ҳафта як ҳодисаи қаторӣ, ҳукми додгоҳӣ нисбати ду сарнишине, ки хилофи қонун рафтор намуда, мувофиқи меъёрҳои муайяншудаи байналмилалӣ роҳии зиндон шуданд, хизмати шоистаеро барои Тоҷикистону тоҷикистониён анҷом дод.

/images/stories/2011/11/11_photo-khalabonho_2011.jpgИн ҳодиса пардаро аз болои ниҳоди дарунӣ ва аслии Федератсияи Россия дар сиёсати берунааш нисбати Тоҷикистон бардошт ва имкон дод, ки мо дараҷаи дӯстию самимияти шарики стратегиамонро нисбати хеш муайян карда тавонем. Қазия бори дигар собит кард, ки Россия моро на чун ҳамкори баробарҳуқуқ, балки ҳамчун кишвари дастнигару фармонбардор қабул дорад, на аз ин каму зиёд.

Ҳабси қонунии як шаҳрванди русӣ, қишрҳои давлатию сиёсию ҷамъиятии ин кишварро ончунон ба шӯр овард, ки анқариб онро эъломи ҷанг аз ҷониби Тоҷикистон бар зидди Россия талаққӣ диҳанд. Ҳатто дар сатҳи Президенти Россия хиради давлатдорию дипломатӣ пойбанди назару изҳороти дур аз мантиқ ва балвогаронаи тиҳимағзоне чун Жириновский, Шянкин, Капура ва амсолони онҳо гардид.

Асли қазия чист? Ҳафтаи сипаришуда додгоҳи вилояти Хатлон ду сарнишини ҳавопаймоҳои ширкати «Ролкан Инвестмент ЛТД», шаҳрванди Россия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро дар асоси се банди кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла қочоқ, убури ғайриқонунии марз ва нақзи меъёрҳои байналмилалии парвоз гунаҳкор донист ва ҳар якеро ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум кард. Ширкати зикршуда дар минтақаи оффшории Вирҷинияи Бритониёи Кабир сабти ном шуда, ҳар ду ҳавопаймои боздоштшудаи АН-72 аз соли 2008 то имрӯз дар ягон кишвар ба қайд гирифта нашудаанд ва молики аслии онҳо низ маълум нест.

Ин ду ҳавопаймо бидуни иҷозати идораҳои масъули ҳавонавардии Тоҷикистон, 12-уми марти соли ҷорӣ, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қурғонтеппа фуруд омаданд ва бо се ҷурми дар боло зикршуда боздошт гардиданд. Дар тӯли 8 моҳ, на Сафорати Россия дар Тоҷикистон ва на ширкати молик ба тақдири айбдоршудагон таваҷҷӯҳе зоҳир накарданд. Зеро сараввал аз ҳамроҳ шудани хеш ба ин қазияи шубҳаовар ҳарос доштанд.

Ҳамин, ки алоҳида рӯзноманигорону сиёсатмадорони миллатпарасти рус бо изҳороту муроҷиатҳои моҷароҷӯёнаю иғвоангез, як ҳукми оддии судиро сарбардории майдамиллатҳо муқобили шаҳрвандони «шариф»-у «бузург»-и рус, «поймол кардани русҳо», «масхараи ҳуввияти русӣ» тобиш доданд, он ҷилваи сиёсӣ пайдо кард ва мақомоти расмию ғайрирасмӣ ба он рӯ оварданд.

Аслан ҳодисаи мазкур бо саргузашти шаҳрванди машҳури рус - Виктор Бут шабеҳият дорад. Номбурда низ дар бисёре аз нуқоти доғи ҷаҳон бо тиҷорати шубҳанок машғул буд ва оқибат моҳи марти соли 2008 бо ҷурми дастдорӣ дар харидуфурӯши аслиҳа аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ИМА дар Бангкок дастгир шуд ва сипас ба Амрико таҳвил дода шуд. Ҳоло ҳабси якумра ба ӯ таҳдид мекунад.

Корномаю фаъолияти сарнишинон ва ҳавопаймоҳои дастгиршуда низ сари калоба надорад. Қаблан ҳавопаймоҳо дар реестри парвози Ҷумҳурии Гурҷистон қарор доштаанд. Аз соли 2008 аз қайди парвозҳои ин кишвар бароварда шудаанд ва дигар дар ягон кишваре сабт нашудаанд. Ба гуфти сарнишинон, онҳо дар Афғонистон барои кашонидани маводи хӯрокворӣ аз ҷониби намояндагони низомии НАТО дар шимоли он кишвар истифода мешудаанд.

Аслан мавзӯъ сари он нест, ки ҳавопаймоҳо ба кӣ тааллуқ доранду дар куҷо ва ба чӣ кор машғул будаанд. Масъалаи асосӣ вайрон шудани қонунҳои умумибашарӣ аз ҷониби онҳо мебошад: якум ҳавопаймоҳо бидуни иҷозат марзи ҳавоии кишвари мустақилро убур кардаанд, дуввум бидуни иҷозат дар фурудгоҳи дигар кишвар нишастаанд ва саввум бо худ бори қочоқӣ, як муҳаррики ҳавопайморо овардаанд, ки як миллиону ҳаштсаду ҳаштод ҳазору шашсаду чил сомонӣ арзиш дошта, асноди ба кӣ тааллуқ доштани он мавҷуд нест.

Тарафи дигари мавзӯъ бархӯрди мақомоти расмии Федератсияи Россия ба масъала мебошад. Онҳо дақиқ медонанд, ки дар ин қазия миллату шаҳрвандӣ ҷою аҳамият надоранд, аммо мақсаднок ба ин нуқта такя карданианд. Медонанд, ки надонистани қонун ҳеҷ касро аз ҷавобгарӣ озод намекунад, хоҳ ӯ шаҳрванди Россияю Амрико бошад, хоҳ аз Тоҷикистону дигар кишварҳои ба гуфти худашон майда. Мақоли «Ҷойи дузд дар маҳбас аст» низ гуфтаи худи русҳост. Вале вобаста бо ин қазия пуштибонони «дузди зӯр соҳиби говро муттаҳам кард»-ан доранд.

Волотарин арзиш эҳтиромгузорӣ ба қонун аст. Ҳамин арзиш ҷойгоҳ, фаҳмиш ва дарки қонунро дар ин ё он кишвар муайян мекунад. Бубинед, дар Тоҷикистон шаҳрвандони ду кишвар (Россия ва Эстония) бо ҷурми якхела ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Аммо пазириши масъала мутафовит аст. Эстония хоҳишу кӯшиш дорад, ки бо роҳҳои қонунию дипломатӣ парванда таҷдиди назар гардад, зеро поймолшавии қонунро дар ҳудуди хеш намеписандад.

Россия бошад, ба хашм омадааст, ки як кӯчаккишваре мисли Тоҷикистон шаҳрванди ҷиноятсодиркардаашро маҳкум кардааст. Ва роҳи таҳдиду фишорро пеш гирифтааст: баровардани муҳоҷирон, манъи интиқоли маблағҳои онҳо, ҷорӣ намудани режими раводид, иқдомоти мутаносибу ғайримутаносиб, ҳатто истифодаи пойгоҳи низомии 201-ум ва ғайра. Хулоса мехоҳанд собит созанд, ки «заиф аз зӯр ҳамеша ду қамчин қарздор аст».

Барои Россия вобастагиҳо ва дасткӯтоҳиҳои иқтисодӣҷтимоии Тоҷикистон ошкоранд ва бо истифодаи ин омилҳо ният дорад ин кишварро пеши худ ба ду зону шинонад. Вагарна куҷо буд зӯрии онҳо, таҳдиду фишорҳояшон ҳангоми боздошти Бут? ӯ ҳашту ним не, якумра зиндонӣ мешавад-ку?!

Бешак масъалаи мазкур ҳатман роҳи ҳалли худро пайдо хоҳад кард, вале танҳо дар доираи қонун. Изҳороту суханпардозиҳои  аблаҳонаю бемантиқ, ҷуз халалёбии муносиботи Россияро бо кишварҳои дӯсти худаш дар пай нахоҳад дошт. Қаблан чунин рафтор, яъне фишору зӯрӣ, дар равобити Россия бо шарикони стратегиаш Украинаю Белоруссия доғ гузошта буд.

Давлатмардони Россия аз ин сабақе мегиранд ё не, ихтиёри онҳост, вале мо тоҷикон бори дигар дидем, ки онҳо дар муносибат бо Тоҷикистон бо ҳамон ақлу тафаккури жириновскийёна кор мегиранд. Ин таҷриба моро бояд ба он таҳрик диҳад, ки дигар дар муқобили тобутҳои бешумори муҳоҷирони тоҷик, ки аз Россия ворид мешаванд, хомӯшу бетафовут набошем.

Моро лозим аст, ки минбаъд аз Президенти кишвар то вакилу вазир, кабиру сағир дар муқобили рафтори ваҳшиёна ва кирдорҳои зиддиқонуние, ки алайҳи шаҳрвандони оддии мо (на зидди ҷиноякорон ва вайронкунандагони ҳуқуқи байналмилалӣ) дар Россия сурат мегиранд, садои эътироз баланд кунем. Бигузор онҳо бифаҳманд, мо дигар муносибати бузургу хурдро таҳаммул карданӣ нестем.

Мо Россияро ҳамчун шарики наздики стратегии хеш мешиносему мепазирем. Муносибатамон бо ин кишвар самимона аст. Ягон бозии пардадорро пушти ин муносибот ниҳон накардаем ва мутаносибан чунин шакли муомиларо аз тарафи Россия тақозо мекунем. Дар акси ҳол, имрӯз ҳар як кишвари соҳибистиқлол ва узви ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон дорад, ки роҳу доираҳои нави муносиботро интихоб намояд.

Назари Олимпур, рӯзноманигор



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 13.11.2011 21:13
Изҳороту суханпардозиҳои аблаҳонаю бемантиқ ва чахлонаи баъзе аз сарварони Русс, ҷуз халалёбии муносиботи Россияро бо кишварҳои дӯсти худаш Точикон дар пай нахоҳад дошт. Қаблан чунин рафтор, яъне фишору зӯрӣ, дар равобити Россия бо шарикони стратегиаш Украинаю Белоруссия доғ гузошта буд. ман хайронам ки Конун ки худ бароварда ОДКБ ва Чомеаи чахони кабул шуда танхо ба Точикон дахл дораду бас пас дигарон ба монанди Руссхо бе ягон мамоният кочок кардан гиранд - хобатона ба об гуед Руссхо такшто мы типер будем кататса на етих самалётах (подарки от офшорах) Окей но-Бародархои русс ! йес ! ва ин Аристантотона гирифта барен халява нест ки дар инчо 8-сол бепул хурокашон диханд !
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi