РАҲНАМО: ҲНИТ ДАР АНҶУМАН ВА ПАС АЗ АНҶУМАН – 2
Баъзе ёддоштҳо дар ҳошияи анҷумани навбатии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон
6.Чизи бисёр муҳимме, ки дар ин масъала барои мардуми мо ва барои миллату давлати мо аҳаммияти амалӣ дорад, ин аст, ки дар ин интихоботҳо ва аз тариқи ин механизмҳо чӣ касоне интихоб мешавад. Агар аз тариқи ин механизмҳо, чӣ ғарбӣ ва чӣ шарқӣ, шахсони шоиста ва сазовор ба роҳбарӣ интихоб гарданд, шахсоне интихоб гарданд, ки хидматгузори мардум бошанд, он интихоб интихоби дуруст аст. Аз ин рӯ, бо тафовут аз доираҳои сиёсию матбуотӣ, мардум бештар ба он таваҷҷӯҳ дорад, ки чӣ касе интихоб мешавад ва барои онҳо чӣ хабари наве аз ҳалли мушкилот, чӣ паёми наве аз як ояндаи рӯшан хоҳад дошт. Ва мардум ба интихоби дуруст ҳатман аҷр мегузорад.
7.Албатта, ҷиҳати пеш наомадани нофаҳмӣ бояд зикр шавад, ки озодӣ дар чигунагии механизми баргузории интихобот ҳаргиз аҳаммияти шаффофияти онро кам намекунад. Яъне, гарчӣ чигунагии механизм ва тарзи баргузории интихобот озод аст, вале шаффоф будан ё набуданаш ҳаргиз озод нест. Аз ин рӯ, новобаста аз усулу шеваи интихобот, новобаста аз шарқию ғарбӣ буданаш, новобаста аз ҳизбию умумӣ буданаш, новобаста аз мустақиму чандзинаӣ буданаш, он бояд ҳатман шаффоф бошад. Зеро, маҳз шаффофияти интихобот ду масъалаи асосӣ, яъне қонунияти (легитимность) интихобшаванда ва ризоияти интихобкунандаро таъмин менамояд. Аз ҷумла, ризоияти бозандагони интихоботро низ. Аз ин рӯ, байни шаффофияти интихобот ва ваҳдату суботу амнияти як ҷомеаи демократӣ робитаи мустақим вуҷуд дорад.
Ёддошти 5: «Шарики мӯътадил»: ё чаро Кабирӣ низ гоҳо тунд мешавад?
Ва ба ҳар ҳол, акнун анҷумани ҲНИТ гузашт ва М.Кабирӣ дубора роҳбари ин ҳизб интихоб шуд ё боқӣ монд. ҲНИТ аз он, ки роҳбари худро ва ваҳдати худро барои як давраи дигар ҳифз кард, бешакк, бурд кард. Вале оё миллат, давлат ва хусусан, ҳукумат низ аз ин интихоб суде доштанд? Дар ин бора метавон ба нуктаҳои зерин ишора намуд:
1.Аз нигоҳи муборизаи сирф сиёсии байниҳизбӣ, шояд тавон гуфт, ки дубора ба раёсати ҲНИТ интихоб шудани М.Кабирӣ барои рақибони сиёсии ӯ чандон хушоянд набуд. Зеро баъзе сифатҳои дар сиёсат мусбати ӯ мавқеашро дар ҷомеа қавӣ сохта, бо ин интихоб раванди ташаккули шахсияти калонтари Кабирӣ боз ҳам идома меёбад. Аз ҷумла сифатҳое чун: дар ҳодисаҳои низомии ҷанги шаҳрвандӣ олуда набудан, чеҳраи ҷавон ва оянда доштан, ҳам дар муҳитҳои «динӣ» ва ҳам муҳитҳои «дунявӣ» эътибор доштан, ҳам барои ғарбиҳо ва ҳам барои доираҳои мӯътадили ҷаҳони ислом қобили қабул будан, мавқеи мӯътадил ва технократӣ доштан ва ғайра. Ба ин тариқ, ҳатто дар сурати хостан, дар як муборизаи сиёсӣ заиф кардани шахси М.Кабирӣ барои дастгоҳи идеологии рақибони сиёсии ӯ осон нахоҳад буд.
2.Дар айни замон, дубора интихоб шудани М.Кабирӣ барои ҳукумат ва умуман, барои давлат нуктаҳои мусбати зеринро низ дорад:
-М.Кабирӣ аз назари мавқеи идеологӣ шахси ифротӣ нест. Аз ин рӯ, дар сурати боқӣ мондани фазои мӯътадил дар ҷомеа, ӯ метавонад хатти ҳаракати ҳизбро мӯътадил нигоҳ дорад. Ин ҳам барои ҳизб, ҳам барои ҳукумат ва ҳам барои давлати мо муҳимм аст.
-М.Кабирӣ таҷрибаи хуби кори сиёсӣ, музокирот, ҳамзистӣ ва ғайра дорад ва бо вуҷуди ҷавонӣ, фазои давраи музокироти сулҳи тоҷикон ва фаъолияти КОМ-ро фаро гирифтааст ва дар раванди ташаккули низоми сиёсии феълии кишвар ширкат кардааст. Аз ин рӯ, бо Кабирӣ гуфтугӯ кардан ва ҳамкорӣ кардан имконпазир аст. Дар сурати набудани шахсе бо чунин таҷриба бо эҳтимоли зиёд, хатти солими ҳаракати ҳизб ҳифз нашуда, имкони музокираву ҳамкорӣ низ метавонад коҳиш ёбад.
3.Албатта, дар якуним соли охир ҷомеа бо чеҳраи нисбатан тундшудаи М.Кабирӣ рӯбарӯ буд. Вале ин мавқею изҳори назарҳо бештар на ба навъи шахсият ва тарзи тафаккури худи Кабирӣ, балки бештар ба вазъияте, ки ӯ дар он қарор гирифта буд, рабт доранд. Ба таври хулоса, бисёре аз талошҳои мӯътадили ӯ дар ҷомеа аз тарафи мақомоти давлатӣ дастгирӣ наёфтанд ва дар натиҷа, ӯ ҳам аз тарафи доираҳои дохилии ҳизб ва ҳам аз тарафи доираҳои берунии ҳизб бисёр зери фишор ва маломат қарор гирифт. Ҳатто дафъаи пеш сафири Британия дар минбари ҲНИТ дар ҳузури ҳамаи вакилону меҳмонон аз М.Кабирӣ ошкоро танқид кард, ки «Шумо чӣ гуна оппозитсия ҳастед, ки ин вазъиятро тоқат мекунед ва номи инро таҳаммулпазирӣ гузоштаед?!» Ҳукумат низ бо баъзе иқдомҳои ҳисобношуда дар масъалаҳои муносибат бо дин М.Кабириро дар назди доираҳои динию сиёсӣ боз ҳам забонкӯтоҳтар намуд. Аз ин рӯ, шароити пешомада ба қадре тундтар шудани мавқеи Кабирӣ мусоидат кард.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин, шояд беҳтар аст, ки ҳукумат бо М.Кабирӣ ҳамчун бо як шарики муътадил ҳамкории бештар дошта бошад, то ӯ тавонад хатти мӯътадили ҳаракат, мавқеи ватанӣ ва дар кулл, раванди ислоҳоти ҲНИТ-ро идома диҳад ва ба ин восита ҳамсафону пайравонашро ба таври бебозгашт қонеъ гардонад, ки бо роҳи иштироки қонунманди сиёсӣ ва бо мавқеи мӯътадилу осоишта низ метавон ба дастовардҳое расид. Ин иқдом на ба маънои дастгирии шахси Кабирӣ, балки ба маънои ҳифзи раванди солими сиёсӣ ва ҳифзи фазои осудаи кишвар дар назар мебошад.
Ёддошти 6: Анҷумани шаффоф ва барномаи ношаффоф?
Бисёре аз ҳозирон ва таҳлилгарон сохту тартиби ғайриоддии баргузории анҷумани ҲНИТ-ро зикр карданд, ки ин тартиби кор ба анҷуманҳои маъмӯлии ҳизбҳои дигар бисёр монанд набуд. Вале шояд тафовути бисёр ҷиддии ин анҷуман аз анҷуманҳои ҳизбҳои дигар дар саросари ҷаҳони муосир дар он буд, ки дар ин анҷуман суханронии ҳисоботӣ ва нутқи барномавии роҳбари ҳизб садо надод.
Шояд дар рӯзи аввали анҷуман, ки хусусияти сирф дохилиҳизбӣ ва асосан пӯшида дошт, ин ҳисоботу барномаҳо матраҳ шуда бошанд, вале дар рӯзи дуввум ва кушодаи анҷуман ин чизҳо ба таври бояд шунида нашуданд. Чун дар рӯзи дуввум дар канори вакилон даҳҳо меҳмони хориҷӣ, намояндагони пуршумори ҳайатҳои дипломатӣ, намояндагони расмии ҳукумат, сиёсатмадорону коршиносон, намояндагони матбуоти дохиливу хориҷӣ ва дигар меҳмонону нозирон ҳузур доштанд, аз тарафи роҳбарияти ҲНИТ ба таври мухтасар гузориш шудани кору фаъолияти чорсолаи ҳизб ва пас аз интихоби раиси нав, ба таври мухтасар ироа гаштани самтҳои асосии барномаи фаъолияти ҳизб дар чорсолаи оянда бисёр зарурӣ буд.
Вале тартиби кори анҷуман тавре рехта шуда буд, ки ба ҳозирину меҳмонон қариб маълум нагашт, ки ин ҳизб дар чор соли гузашта чӣ корҳо карда ва дар оянда чӣ корҳо карданист, чӣ дастоварду нокомиҳо дошта ва чӣ паёмҳо барои оянда медиҳад; дар бахшҳои сиёсиву фарҳангӣ чӣ тарҳҳо кашида ва дар самтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ чӣ барномаҳо дорад.
Албатта, дар конфронси матбуотие, ки ду рӯз пас аз анҷуман доир гашт, М.Кабирӣ бахше аз ин холигии иттилоотиро то андозае ҷуброн намуд ва низ гуфта шуд, ки дар моҳҳои оянда барномаҳои ҲНИТ эълон хоҳанд шуд. Вале дар ҳар сурат, боиси тааҷҷуб ва ҳам таассуф буд, ки анҷумани навбатии ҲНИТ (рӯзи кушодаи он) бе яке аз бахшҳои муҳимми мафҳуми «анҷуман», яъне бе таҳлили бурду бохти ҳизб дар чорсолаи гузашта ва бе эъломи барномаҳои мушаххаси он дар чорсолаи оянда гузашт, бе бахше, ки ҳар анҷуманро анҷуман мекунад.
- Қаблӣ
- Баъдӣ >>