16:16:44 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАРКАЗИ ОМӮЗИШИИ ҶАДИД БАРОИ МАРЗБОНОН

 

 

Идораи марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бо мусоъидати молии созмонҳои байналмилалӣ тарҳҳоеро барои навсозии таҷҳизоти гузаргоҳҳои марзӣ ва сода сохтани убуру мурури шаҳрвандон аз ин гузаргоҳҳо рӯйи даст гирифтааст. Дар чаҳорчӯби ин тарҳҳо, рӯзи чаҳоршанбеи 20 май дар Муҷтамаъи таълимии нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо мусоъидати молии давлати Нурвеж ва Созмони Байналмилалии Муҳоҷират як маркази омӯзишӣ ифтитоҳ шуд.

Женерол Шералӣ Мирзо, раиси Идораи марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, гуфт, ки дар шароити феълӣ гузаргоҳҳои марзии ин кишвар ба таҷҳизоти мудерни фаннӣ ва кодрҳои ботаҷруба ниёз доранд ва ифтитоҳи ин маркази омӯзишӣ метавонад то андозае ба ҳалли ин мушкил мусоъидат кунад.

Қарор аст дар ин марказ ҳудуди 90 афсари марзбон аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон наҳваи назорат бар вазъи убуру мурури шаҳрвандон аз тариқи гузаргоҳҳои марзӣ ва бозрасии сареъи асноди ҷаҳонгардонро биомӯзанд. 

Гуфта мешавад ҳоло ба далели таҷҳизоти фаннии қадимӣ ва камбуди кодрҳои ботаҷруба муддати бозрасии асноди шаҳрвандон дар гузаргоҳҳои марзӣ тӯлонӣ буда ва ин вазъ маъмулан боъиси норизоятии ҷаҳонгардони хориҷӣ шудааст.

Мухтор Муродов, раҳбари Маркази омӯзишии нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки таҷҳизоти ҷадид барои гузаргоҳҳои марзиро муъаррифӣ мекард, гуфт, ҳамакнун ба василаи ин таҷҳизот асноди мусофирон дар гузаргоҳҳо дар муддати то 15 сония бозрасӣ мешавад. Қаблан, барои анҷоми ин амал ҳудуди се дақиқа лозим буд ва барои назорат бар вазъи убуру мурури 100 мусофири ҳавопаймо аз гузаргоҳи марзӣ беш аз як соъат тӯл мекашид.

Зимнан, дар маросими ифтитоҳи ин маркази омӯзишӣ таъкид шуд, ки ду сол қабл бо мусоъидати Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, як маркази мушобеҳе фаъол шуда буд.

Қарор аст дар моҳи оянда бо пуштибонии молии сафорати Омрико дар шаҳри Душанбе дар маркази воқеъ дар шаҳри Хоруғ давраҳои муштараки омӯзишӣ барои марзбонони тоҷику афғон оғоз шавад.

Трейсӣ Ҷейкобсон, сафири Омрико дар Тоҷикистон, гуфт, ки аз замони истиқлоли ин кишвар то ба ҳол Иёлоти Муттаҳида барои тармим ва муҷаҳҳаз сохтани посгоҳҳо ва гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон милюнҳо дулор ихтисос додааст. Ҳамзамон, хонуми Ҷейкобсон иддаъои бархе аз расонаҳои Русияро мабнӣ бар ин, ки гуё дар пайи хуруҷи нерӯҳои марзбонии Русия аз марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дар соли 2005 мизони қочоқи маводди мухаддир дар ин марз сею ним баробар афзоиш ёфтааст, бепоя хонд.

Масъулони умури марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ таъкид карданд, ки бо мусоъидати молии созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кумаккунанда даҳҳо посгоҳ ва гузаргоҳҳои марзӣ дар ин кишвар тармиму бозсозӣ ва бо таҷҳизоти фаннӣ муҷаҳҳаз шудаанд.

Ба гуфтаи онҳо, ин кумакҳо боъис шудааст, ки мавориди кашф ва забти маводи мухаддир дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон дар солҳои ахир афзоиш ёбад.

www.bbc.co.uk/tajik



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi