08:51:41 03-уми Июни 2025 сол

НАТИҶАҲОИ ДИДОРИ РАҲМОН ВА МЕДВЕДЕВ

Президентҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Русия, Дмитрий Медведев созишномаи истифодаи муштараки "Сангтӯда-1"-ро имзо карданд. Ба гуфтаи ёвари раисиҷумҳури Русия, Сергей Приходко, дар тавофуқоти қаблии баҳрбардорӣ аз нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1 тағйире ба миён наомдааст ва ду перзидент санади омодашударо ба имзо расонданд.

Дар посух ба суоли ин ки оё шароити ҳузури ҳарбии Русия дар Тоҷикистон низ баррасӣ шуда ё на, ҷаноби Приходко гуфт, ҳамкориҳои ҳарбӣ, ҳарбию фаннӣ ва амниятӣ дар маҷмӯъ баррасӣ шуданд ва дар ҷараёни гуфтушунид пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия ва фурудгоҳи Айнӣ тазаккур ёфтанд, вале тарафҳо ба натиҷаи ягонае нарасиданд. Бино бар ин президентҳо ба вазирони дифоъ ва умури хориҷии кишварҳои худ дастур доданд, шароити ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ ва тарҳи тавофуқотро омода намоянд.

Ёвари раисиҷумҳури Русия гуфт, масъалаҳои марбут ба вазъи забони русӣ дар Тоҷикистон баҳс нашудаанд, зеро тарафи Русия фаҳмид ва қонеъ шуд, ки забони русӣ аз тариқи Қонуни асосии Тоҷикистон ҳимоят мешавад ва президенти Тоҷикистон барои густариши омӯзиши он чандин дастур содир кардааст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854