АБДУЛЛОҲИ РАҲНАМО: ХАТАРИ ҲНИТ ДАР ЧИСТ? Ё ДАҲ МАСЪАЛА ПЕРОМУНИ ИН ҲИЗБ
Суханронии сиёсатшиноси ҷавон, вале маъруфи кишвар Абдуллоҳи Раҳнамо дар ҳамоиши «ҲНИТ аз назари коршиносони берунӣ» дар моҳи апрели соли ҷорӣ, ки сомонаи «Рӯзгор» лаҳзаҳоеро аз ин суханронӣ бо усули чандрасонаӣ пешкаши муштариёни худ карда буд (Нишонаи заъфи ҳизб чист?), дар ҷомеа, ба хусус дар миёни раҳбарияти ҲНИТ, аъзои он, сиёсатмадорону сиёсатшиносон, таҳлилгарони масоили сиёсӣ як вокуниши зидду нақизеро ба бор овардааст.
Бархе агар аз гуфтаҳои ӯҷонибдорӣ карда бошанд, иддае ӯро барои ин суханрониаш зери танқиди шадиде қарор додаанд. Чун баҳсу мунозираҳо хеле ҷиддианд, масъала хеле масъалаи барои миллат, кишвар, хусусан ҲНИТ, муҳим аст ва суханронии Абдуллоҳи Раҳнамо дар сайт ҷо- ҷо ва нопурра дарҷ гардида буд, лозим донистем, ки барои равшанӣ андохтан ба ин масъала матни суханронии Абдуллоҳи Раҳнаморо пурра пешкаши муштариёни гиромии сомонаи «Рӯзгор» намоем. Таъкид менамоем, ки матни суханронии Абдуллоҳи Раҳнамо дар ҳамоиши «ҲНИТ аз назари коршиносони берунӣ» дар ин шакле, ки мо ба нашр мерасонем, бори аввал на танҳо дар шабакаи ҷаҳонии Интернет, балки умуман дар як расонаи хабарӣ ба нашр мерасад.
Имрӯз ҲНИТ яке аз унсурҳои собити низоми сиёсии Тоҷикистон аст ва ин ки дар ҳамаи сатҳҳо дар бораи он мегӯянд, менависанд, таҳлил мекунанд, худ нишони ҷиддӣ гирифта шудани ин ҳизб аст. Ва ин ки ҲНИТ ҳар сол дар чунин нишастҳое аз коршиносони беруниҳизбӣ барои баррасии амалкарди ҳизб даъват мекунад, анъанаи хубест ва умедворам, дар канори ҳаваси шунидани таҳлили берунӣ, ҷасорати шунидани он ва таҳаммулу корбурди чунин таҳлилҳо низ ба фарҳанги ин ҳизб табдил шавад. Чун мавзӯи ин бахши ҳамоиш «ҲНИТ, ҷомеа, ҳукумат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ» аст,банда мехостам дар як нигоҳ аз берун дар ин мавзӯъ чанд масъаларо зикр намоям, ки ба назарам, ҲНИТ бояд дар фаъолияти худ онҳоро мадди назар дошта бошад.
Масъалаи 1: Ба такмил, тадвин ва муаррифии шоиста ниёз доштани заминаи фикрӣ, ҷаҳонбинӣ ва идеологияи ҲНИТ
Имрӯз ин ҳизб асосан рӯи як мантиқи бисёр сода ва фаҳмо кор мекунад, ки ҳизб исломист ва ҷонибдорӣ аз он навъе амали динӣ буда навъе тобиши динӣ дорад. Аммо, вақте сухан аз ҳамкорӣ бо ҷомеа меравад, ҲНИТ бояд хусусияти ҳамаи қишрҳои ҷомеаро дар назар гирад, зеро ин мантиқ барои як бахши мардум қобили қабул аст, вале барои қишрҳои ҷиддитар ва хусусан, бахшҳои таҳсилдидаи ҷомеа бояд маводи ҷиддитаре ироа шавад.
Яъне, имрӯз агар касе хоҳад, ки бо бунёдҳои фикрӣ ва тарҳҳои ақидатии ҲНИТ барои оянда ошно шавад, дар ин бора қариб ҳеҷ маводи расмии мудаввани ин ҳизбро пайдо намекунад. Масалан, банда ҳамчун муҳаққиқе, ки дар ин мавзӯъ кор кардам, маҷбур будам андешаҳои ин ҳизбро аз рӯзномаҳо, диску наворҳо, мусоҳибаҳо бо аъзои он ва ғайра бо мушкилот ҷамъ оварам. То ҳанӯз ҳеҷ маводи илмии ҷиддие дар мавзӯъҳое чун таърихи ин ҳизб, решаҳои ин ҳизб, идеологияи ин ҳизб, заминаи ақидатии ин ҳизб, мавқеи ин ҳизб дар масъалаҳи илмию фарҳангӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва хулоса, дар мавриди имрӯзу фардои кишвар дастраси мардум нестанд. Албатта, баъзе мусоҳибаҳо ҳастанд, вале маводу китобҳои таҳлилию бунёдӣ дастрас нест.
Ин худ нишонаи ҳанӯз мактаби фикрӣ нашудани як наҳзат ё ҳизби сиёсӣ аст. Аз бунёдгузорони ҲНИТ хусусан, марҳум М.Ҳимматзода дар ин самт таълифи маводи судмандеро оғоз намуда буд, вале то имрӯз ҳеҷ кас дар ҳизб ин роҳро давом надод. Осори эшон низ ба сурати шоиста таҳқиқ нашуд, таҳлил нашуд, чопи илмӣ наёфт ва дастраси ҳамагон нашуд. Аз ин рӯ, агар ба ин масъала аз берун нигоҳ кунем, тасаввур мешавад, ки гӯё бунёди андеша ва пояи фикрии ин ҳизб дар ҳоли хушкидан бошад.
Яъне, ҳолати табиии як наҳзати фикрию сиёсӣ ин мебуд, ки бояд садҳо китоби илмӣ ва осори ҷиддии фикрӣ аз роҳбарону фаъолони он ба даст ояд ва ба ҷой монад. Масалан, вақте дар бораи ҳаракати ҷадидони Бухоро таҳқиқ мекардам, аз онҳо он миқдор осори фикрӣ, илмӣ, адабӣ ва сиёсии навишторӣ боқӣ мондааст, ки барои мутолиаи он солҳо вақт зарур аст, албатта ба ғайр аз он осоре, ки дар давраи Шӯравӣ сӯхта шуд. Дар бораи ҳаҷм, навъ ва сатҳи осори фикриию эҷодии ҳаракате чун «ихвон» ҳоҷати сухан нест. Ҳатто ҳизби ғайриқонунии «таҳрир», бо ҳамон тарҳи ғайривоқеии худ барои муаррифии андеша ва ҷаҳонбинии худ ба забони тоҷикӣ даҳҳо китоб нашр намудааст.
Файласуфи шинохтаи тоҷик И.Асадуллоев дар чанд ҷамъомад аз Раиси ҲНИТ М.Кабирӣ илтимос кард, ки ба ман гӯед, ки агар ҳизби Шумо рӯи кор ояд, аҳволи атеистон чӣ мешавад? Аввал мо ба ин савол механдидем ё гумон мекардем саволи супоришист, вале бо гузашти чанд сол фикр мекунам, ки саволашон дуруст аст. Вақеан, аз куҷо донем, ки аҳволашон чӣ мешавад, зеро ҷаҳонбинии ҳизб ва тарҳҳои калони ақидатию сиёсии ин ҳизб дастрас ва барои ҷомеа чунон ки бояд, маълум нестанд. Ҳар касе барои посух ба ин савол бояд моҳҳо рӯзномаҳо ва мусоҳибаҳои ҳизбиёнро ҷустуҷӯ кунад. Ва муҳимтар аз ин, агар касе хоҳад, ки ин ҳизбро бишносад, аз он пайравӣ кунад ва ба он узв шавад, ба ҷуз барномаи ҳизб, ки як ҳуҷҷати расмию қолабист, ин ҳизб ва ҷаҳону ҷаҳонбинии онро аз куҷо ва чӣ гуна шиносад?
Андешаи як ҳаракат, мактаби як ҳаракат як сирри пӯшида нест, балки агар мантиқи қавие ҳаст, бояд баён шавад, гуфта шавад, навишта шавад. Аз тарафи дигар, ҳарчӣ номаълум аст, тарснок аст, ваҳмангез аст… Чунин ибораҳои умумӣ, ки «андешаи мо ислом аст», «идеологияи мо Қуръон аст», «мо ҳизби Худо ҳастем» ва ғайра ба сурати умум дуруст аст, вале ислому Қуръон андешаи ҳамаи мусулмонон аст. Ҳатто он мусулмононе, ки фаъолияти сиёсии диниро умуман қабул надоранд, ҳатто он уламои исломие, ки таъсиси ҳизбро дар ислом радд мекунанд, онҳо низ андешаи худро аз ислому аз Қуръон медонанд. Аз ин рӯ, бояд бинишу фаҳмиши исломии ҲНИТ низ муаррифӣ шавад, ки он чӣ гуна аст…
Ҳатто ин масъала, ки оё дар ислом таъсиси ҳизб ҷоиз аст ё ҷоиз нест, дар сатҳи ақидатӣ ҳанӯз аз ҷониби ҲНИТ посухи дуруст наёфтааст. Посухи сиёсӣ ёфтааст, вале посухи динӣ ва ақидатӣ нест. Ин масъала барои беруниён то имрӯз боз аст, бовар дорам аз назари ақидатӣ барои бахше аз ҳизбиён ҳам ҳанӯз савол аст... Мақолаи хубе аз марҳум М.Ҳимматзода бо номи «Ислом мухолифи бисёрҳизбӣ нест» дар ин бора мавҷуд аст, вале он посухи масъала нест, он муқаддимае ба ин мавзӯъ аст…
Илова бар ин, дар оянда ин масъала на танҳо аз тарафи нирӯҳои ғайридинӣ, балки аз тарафи доираҳои исломӣ ва хусусан, баъзе равияҳои тозавуруди исломӣ низ ба таври ҷиддӣ матраҳ мешавад. Масалан, пайравони равияи салафия, ҷамоати таблиғ ва ғ. умуман, худи таъсиси ҳизби сиёсӣ дар исломро аз назари шаръӣ нораво медонанд. Дар посухи масъалагузориҳои доираҳо ва шахсиятҳои ғайридинӣ дар бораи зарурат доштан ё надоштани ҳизби исломӣ маъмулан посух дода мешуд, ки онҳо бо ислом мухолифанд ва аз ин рӯ чунин масъаларо матраҳ менамоянд. Вале дар оянда дар баробари назари фиқҳию шаръии равияҳои исломӣ дар радди ҳизби сиёсӣ чӣ бояд гуфт? Намешавад, ки онҳо ҳам ба осонӣ мухолифони ислом дониста шаванд… Аз ин рӯ, бояд ин масъала дар баробари посухи сиёсӣ, посухи ҷиддии динӣ ва ақидатӣ низ дошта бошад ва он дастрас бошад…
Масъалаи 2: Зарурати коҳиши ташаннуҷи сиёсӣ дар муносибат бо ҳукумат
Дар самти ҳамкорӣ ва робитаи ҲНИТ бо ҳукумат имрӯз муҳимтарин масъала коҳиши ташаннуҷи сиёсӣ мебошад. Манзур аз зарурати коҳиши ташаннуҷи сиёсӣ чист? Таҷрибаи беш аз даҳ сол фаъолияти расмии ин ҳизб як ҷанбаи комилан нави ин равандро низ нишон дод. Асосан ба масъалаҳои сирф сиёсию қудратӣ машғул шудани ҳизб ва дар масъалаҳои маърифатию ахлоқӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ камфаъолиятӣ нишон додани он боис мегардад, ки муҳити динии кишвар беш аз ҳад сиёсӣ ва муташанниҷ гардад. Яъне, вақте як ҳизби сиёсии динӣ ҳамчун намояндаи муҳити динӣ асосан, дар самти сиёсат ва қудрати сиёсӣ фаъолият мекунад ва аз доираи ин баҳс берун намеояд, бинобар хусусияти фарҳанги сиёсии ҷомеаи мо, гоҳо муносибати умумии ҷомеа ва давлат дар масъалаи дин аз дидгоҳи муносибат бо ин ҳизби сиёсӣ ташаккул меёбад.
Дар чунин вазъият, бо худи дин на ҳамчун дин, балки ҳамчун нирӯи мухолиф муносибат мешавад, зеро ҷомеаи мо таҷрибаи бӯҳрони сиёсӣ бо ширкати нирӯи диниро доштааст ва он хотира зуд ба кор медарояд. Ва муносибат бо дин дар доираи мантиқи сирф сиёсӣ ва қудратӣ ташаккул меёбад, ки он ба зарари тамоми муҳити динии кишвар ва ба зарари осудагии ҷомеа тамом мешавад. Аз сирф сиёсӣ шудани фазои муносибати дину давлат аксари мусулмононе, ки ба ҷуз ахлоқу ибодати ҷорӣ ҳеҷ гуна фаҳмиш ва ҳеҷ гуна фаъолияти дигари динӣ надоранд ва ба сиёсату наҳзат ҳеҷ таваҷҷӯҳе ва ҳеҷ робитае надоранд, нороҳатӣ мебинанд, зеро дар муҳити сиёсишуда одитарин амали динии онҳо баҳои сиёсӣ меёбад ва бо ҳамин фаҳмиш гоҳо маҳдуд карда мешавад. Онҳо гоҳо барои ришашон, гоҳо барои рӯймолашон, ки ҳеҷ рабте ба наҳзату сиёсату қудрат надорад, гоҳо бархӯрди сиёсӣ ва гоҳо муносибати қудратӣ мебинанд. Агар ин раванд идома ёбад, дар оянда на танҳо ҷомеаи умумӣ, балки муҳити динӣ низ нисбат ба ҲНИТ пуршикоят мегардад.
Дар чунин вазъият ба нафъи худи ҳизб ва ба нафъи тамоми ҷомеа хоҳад буд, ки муносибати худ бо давлатро аз баҳс ва чорчӯби сирф сиёсию сифр қудратӣ берун барад. Чунин таҳаввули мавқеъ ҳам боиси осудатар гаштани муҳити умумии сиёсӣ ва динии кишвар, ҳам иҷрои осудаи фароизи умумии динӣ аз тарафи мардум ва ҳам боиси бештар маънавӣ ва иҷтимоӣ гаштани чеҳраи худи ҳизб мегардад.
Масъалаи 3: Пас дар чунин шароит ин ҳизб бояд чӣ кор кунад?
Имрӯз фазоҳои бисёр холии дигаре ҳаст, ки ҲНИТ бояд дар он кор кунад. Ва муҳимтарини он фарҳангу фарҳангсозӣ ва бахши иҷтимоист. Яъне, бояд ҲНИТ барномаҳои васеи фарҳангӣ ва илмӣ ба роҳ гузорад, ки ҳам сатҳи ҷаҳонбинии худи аъзо ва ҳам фарҳанги умумии ҷомеаро боло барад. Масалан, ҳизб бояд ҳар моҳ чандин конфронсу семинару маҳфили илмӣ, базмҳои фарҳангӣ, шабҳои эҷодӣ, намоишҳои ҳунарию театрӣ, вохӯрӣ бо чеҳраҳои илмию адабӣ ва фарҳангию сиёсии кишвар баргузор намояд. Масалан, чаро бояд наҳзатиён боре бо Мӯъмин Қаноат вохӯрӣ накунанд, бо академикон М.Шакурӣ, Р.Масов, М.Диноршоев, бо Шодӣ Шабдолов, бо Акбар Турсон, бо Абдулвоҳид Шамолов, бо Нуралӣ Давлат, … бо як мақоми давлатӣ, бо як нависанда, як духтур, як муҳандис, як журналист, як ҳунарманди шинохта, хулоса бо як шахсият. Бигзор наҳзатиҳо шахсиятҳоро бинанд, шунаванд, то кушода шаванд, шахсият шаванд. Худро ба ҷомеа муаррифӣ намояд ва худ низ ҷомеаро шиносад.
Ё маҳфилҳои маснавихонию бедилшиносию ҳофизшиносӣ доир кунанд, ки барои умум бошад. Ё шабҳои эҷодии адибону ҳунармандонро баргузор намоянд, ки мардум ширкат кунанд. Масалан, агар дар толори акнун бошукӯҳи ҲНИТ як консерти овозхони касбию мардумӣ Умари Темур баргузор шавад ва он ҷо як соат мусиқии асил садо диҳад ва ҳамин як соат дар бораи ҳукумат ва қудрати сиёсӣ ҳарфе зада нашавад… Ё шаби эҷодии шоири баландсухане чун Навид ва як соат шеъри нобу маънавӣ…
Ин тасаввури хатост, ки сиёсат ин аст, ки бояд ҳар рӯз ва ҳама ҷо фақат дар бораи худи сиёсат ва фақат дар бораи худи қудрат сӯҳбат шавад. Масъала ин нест, ки ҲНИТ бояд аз сиёсат канор равад, ин чиз барои ҳизби сиёсӣ маъно надорад, балки манзур ин аст, ки ин ҳизб бояд таърифи худро аз сиёсат тағйир диҳад, аз таърифи танги ин мафҳум ба таърифи васеи он гузарад. Бигзор дар муҳити ин ҳизб ва аз сӯи ин ҳизб дар бораи ахлоқ, фарҳанг, адаб, забон, иқтисод, иҷтимоъ, таърих, тибб, ҳунар, мусиқӣ, варзиш, муҳити зист, вазъи ҷаҳонӣ ва ғайра низ сӯҳбат шавад. Ҷомеа фақат аз сиёсат иборат нест ва дарди имрӯзи мо ҳам фақат дарди сиёсӣ нест…
Ман дӯстона изҳор мекунам, ки агар ин таҳаввул нашавад, ҲНИТ ба тадриҷ ба гурӯҳи сарбастаи сиёсӣ табдил мешавад ва ин боиси рокид ва шахшавии ин ҳизб мегардад, зеро агар худи шахси М.Кабирӣ ва ду се нафари дигарро истисно кунем, дар ин ҳаракат шахсиятҳои шинохтаи сатҳи миллӣ қариб намондаанд. Шахсияте, ки ҷудо аз мақому унвони ҳизбии худ дар ҷомеа ҳамчун шахсият эътироф шуда бошад. Хулоса, ҲНИТ бояд аз сатҳи «ситораҳои дохилӣ»-и худ озод шавад, болотар ояд, ақл, мағз ва зеҳни калони ҷомеаро меъёр қарор диҳад, ба он пайванд шавад. Ё ҳамроҳ бо дигарон онро бисозад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки рӯҳияи мухолиф будан ва ҳамеша дар нақши ҳариф зистан дар ниҳоят ба навъе бемории «мухолиф будан» меанҷомад, ки моҳияти он фақат ҷустани иштибоҳу камбудҳои ҳариф (ҳукумати вақт) ва гуфтани онҳо ва лаззат бурдан аз худи ҳамин гуфтан аст. Чунин инсонҳо аз худи ҷавоб гуфтан ва ҳарифро дар муҷодалаи лафзӣ «боб кардан» лаззат мебаранд. Ин навъе тафаккури инфиъолист, на мавқеи фаъол. Ин айни заъф аст. Чунин ҳолати равонӣ ба як инсон ва ба як ҳизб аз дарун имкон намедиҳад, ки озодона рушд кунад. Аммо нирӯи сиёсии солим бояд худ улгу офарад, вариантҳои беҳтари ҳалли мушкилотро ироа кунад, намунаи беҳтари зиндагиро нишон диҳад, сатҳи болотари ахлоқу фарҳангу тафаккурро дар сатҳи шахсӣ ва ҷамъӣ ба намоиш гузорад. То ба ҳадде, ки як инсон, як бинанда тавонад гӯяд: ман мехоҳам мисли ҳамин шахс бошам, ман мехоҳам бахше аз ин ҷамъ бошам…
Масалан, ахиран дар нашрияи «Наҷот» навиштаҳои яке аз шахсиятҳои наҳзатӣ Исломиддин Файзалӣ бо номи «Аҳаммияти амал дар ислом» ба чоп мерасад. Ин навишта аз ду назар бисёр муҳимм аст:
1.Худи мавзӯъ, яъне аҳаммияти амал дар ислом, ки масъалаи аслии ҳамаи мусулмонон аст. Чунон ки ҳануз Ҳофиз гуфта буд:
На ман зи беамалӣ дар ҷаҳон малуламу бас,
Малолати уламо ҳам зи илми беамал аст.
2.Нашри чунин матлабе аз сӯи як шахсияти шинохтаи наҳзатӣ нишон медиҳад, ки мавзӯъ фақат сиёсат нест ва мавзӯъ фақат гуфтану гуфтан дар бораи ҳукумат ва қудрати сиёсӣ нест, балки мавзӯҳои дигаре ҳам ҳаст ва мешавад корҳои ҷиддитаре мисли ин навишта офарид. Ё маҷаллаи фарҳангии «Рисолат», ки саршор аз маънавият аст ва таъсири нек дорад.
Бояд гуфт, ки маънавият чизест, ки бисёре аз ҳаракатҳои исломии ҷаҳон ба дунболи баҳси қудрат ва «сиёсати маҳз» рафта, аз он маҳрум шуданд ва… дар ниҳоят «Ал-қоида» шуданд. Ин ҷо фарҳангу маънавият ба маънои васеъ дар назар аст, зеро мутаассифона, ҷомеаи имрӯзи мо миёни ду фаҳмиши ниҳоят маҳдуди мафҳуми бузурги «фарҳангу маънавият» ранҷ мебарад: як гурӯҳ аз мафҳуми фарҳанг фақат рақсу овозхониро фаҳмида, гурӯҳи дигар аз фарҳанг фақт таълими ибтидоии фиқҳро фаҳмида, ки ҳар ду фақат ҷузъе аз фарҳанганд…
Дар ин масъала, ман ҳамчун сиёсатшинос, бо дар назар гирифтани таҷрибаи воқеии баъзе наҳзатҳои ҷаҳони ислом, бародарона таъкид мекунам, ки баҳси қудрат ва «сиёсати маҳз» ҲНИТ-ро ба тадриҷ хушк мекунад, хашин мекунад, ба тадриҷ мунзавӣ мекунад, ҳатто дар муҳити динӣ мунзавӣ мекунад.
Масъалаи 4: Зарурати идомаи ислоҳот ва таҳаввули сохторию сифатии ҲНИТ
Инсофан, бояд гуфт, ки дар 2-3 соли охир фаъолияти ин ҳизб то ҷое таҳаввул ёфтааст, ки аз берун ҳам ба назар мерасад. ҲНИТ ба баъзе равишҳо ва барномаҳои муосиру муассир рӯ овардааст, ки шояд дар солҳои оянда натиҷаҳои ҷиддӣ бидиҳанд. Масалан, омӯхтани технологияи баргузории маъракаи интихоботӣ, пеш гирифтани баъзе тағйироти кадрӣ дар сохтори ҳизб ва ғайра намунаҳои онанд. Худи сайти интернетии ҲНИТ ё худи ҳафтаномаи ҳизбии «Наҷот» таҳаввули ҷиддӣ ёфта, акнун ба сатҳи расонаҳои ҷамъии касбӣ наздик мешаванд. Сӯҳбатҳои баъзе фаъолони он низ акнун бисёр дурнигарона шудаанд: масалан, ахиран, суханони Саидумар Ҳусайнӣ дар мизи гирди нашрияи «Миллат»-ро дар боби дурнамои ҳизб хондам, ки маҳз чунин буданд. Суръати таҳаввули наҳзат ба ҳаддест, ки гоҳе ҳис мекунам, ки банда ҳамчун як муҳаққиқ, дар пайгирӣ ва дарки он андаке қафо мондаам.
Вале, боз ҳам бояд таъкид шавад, ки ин раванд бояд идома ёбад. ҲНИТ ҳамчун ҳизби зеҳнҳои заиф, ҳизби фикрҳои маҳдуд, ҳизби чеҳраҳои солҳои 90-ум, ҳизби сатҳи даврони ҷангу раванди сулҳ ва ҳизби хотираҳо наметавонад дар оянда қобили қабули наслҳои навини ҷомеа бошад. Ин ҳизб акнун бояд на танҳо дар бораи «гузаштаи пурифтихор», балки дар бораи ояндаи рӯшан низ ба ҷомеа паёмҳои итминонбахше бидиҳад.
Интихоботи соли 2010 нишон дод, ки гарчӣ истиқболи мардумии ин ҳизб қобили таваҷҷӯҳ аст, вале сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аъзои он бояд бисёр болотар гардад. Аз ин рӯ, эълон шудани барномаҳои худсозӣ ва барномаи тарбияти 100 лидери ҷавони ҳизбӣ аз иқдомоти дуруст аст, барномае, ки бояд 10 ё 15 сол пештар оғоз мешуд. Ин такмилу худсозӣ бояд ҳам сатҳи дониши динӣ-ақидатӣ, ҳам сатҳи маърифати сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва ҳам ҷанбаи касбиву тахассусии аъзои ин ҳизбро фаро гирад.
Шояд пурсида шавад, ки такомули сифатии ҲНИТ аз назари давлатдории миллӣ ва манфиатҳои миллӣ чӣ аҳаммият дорад? Чаро мо, аз беруни ҳизб низ ба зарурати такмилу ислоҳи ин ҳизб ин қадар таъкид мекунем? Посух ин аст, ки такмили ҲНИТ фақат як масъалаи ҳизбӣ нест, балки як масъалаи ҷиддии миллист, зеро маҳз ҲНИТ-и омӯхта, ҲНИТ-и пухта, ҲНИТ-и муосиру босалоҳият ва ҲНИТ-и мӯътадилу дорои дониши баланди динӣ ва фарҳанги болои сиёсиву ҳуқуқӣ барои худ, барои дин ва барои кишвар амн ва муфид хоҳад буд. Дар ғайри ин сурат, он барои ҷомеа як мушкила хоҳад шуд...
Масъалаи 5: Дар масъалаи ислоҳоти ҲНИТ аз таҷрибаи ҷаҳонӣ чиро бояд омӯхт?
Таҷрибаи ҷаҳонӣ низ нишон дод, ки акнун асри наҳзатҳои классикӣ тақрибан гузаштааст: наҳзате, ки як-ду роҳбари динии хоризматик тӯдаи мардуми эътиқодмандро ба ҳаракат оранд ва ба қудрат расанд. Он навъи ҳаркатҳо барои ҷангҳо ва инқилобҳои классикӣ муносиб буданд. Вале ҲНИТ ва умуман, ҷомеаи мо ҷангу инқилобро ҳамчун усули муборизаи сиёсӣ инкор кардааст. Ин як интихоби ботинӣ ва ҳадди ақалл, барои насли имрӯз интихоби қатъӣ аст. Аз ин рӯ, имрӯз ва фардо даврони командаҳои қавӣ ва даврони тимҳои фикрӣ ва босалоҳият аст. Гурӯҳ ё тиме, ки тавонад як ҷомеаи модерн ва имрӯзиро мудирият намояд, командае, ки дар канори эътиқоди дурусти динӣ, ихтисоси баланд, илми имрӯз, тавоноии мудирият, барномаҳои беҳтарин ва барои мардум кафолати зиндагии беҳтарро дода тавонад.
Дар оянда, ки тафаккури сиёсии ҷомеа болотар меравад, ҳар шаҳрванд пеши худ савол мегузорад, ки агар ҲНИТ-ро интихоб кунад, оё зиндагии ӯ беҳтар мешавад? Оё дигар барои кор ба Русия нахоҳад рафт, оё дигар барқ хомӯш намешавад ва оё маошаш болотар мешавад ва ғайра… Ва имрӯз ҷавоб ин аст, ки не, ҳатто дар сурати чунин интихоб низ дар зиндагии иҷтимоии ӯ чизе беҳтар намешавад. Зеро бояд аз рӯи имону инсоф иқрор шуд, ки ҲНИТ, бо потенсиали имрӯзааш дар масъалаи зиндагии беҳтар чизе болотареро ироа карда наметавонад.
Масалан, Ҳизби адолат ва тараққиёти Туркия, ки дар чандин интихоботи ахири ин кишвар пирӯз шуд, фақат ҳамчун ҳизби «исломгаро» дар баробари ҳизбҳои «дунявигаро» ғолиб нашудааст. Исломият фақат як омили пирӯзии он ҳизб буд. Ин ҳизб аз назари кадрҳо, андешаҳо, барномаҳо, тавоноиҳои фикрӣ, зеҳнӣ ва иқтисодӣ аз ҳизбҳои дигари «миллӣ»-ю «демократӣ»-ю «дунявӣ»-и Туркия дар сатҳи болотар қарор гирифт, то ҷомеа онро интихоб кард. Ҳазорон нафар адибон, мутафаккирон, олимон, муҳандисону табибон, сиёсатмадорони сатҳи миллӣ, журналистону соҳибкорони бузург ва ғайра вориди ин ҳизб гаштанд, то нирӯи интеллектуалӣ ва тавони мудириятии ин ҳизб болотар ва пирӯз гашт. Ин ҳизб дар баҳси сирф идеологии «мо исломӣ-шумо ғайриисломӣ» ғалаба накардааст, балки нишон дод, ки агар ба он овоз диҳанд, аксари масъалҳои ҷомеа ҳалли беҳтари худро меёбад, зиндагии мардум ба сатҳи болотар меравад. Ва аз ин рӯ, ин ҳизб ба «интихоби беҳтарин» табдил шуд ва овоз гирифт. Оё имрӯз аз ҳамин нигоҳ мешавад ба ҲНИТ овоз дод? Ин ҳизб бояд рӯи ин масъала биандешад.
Масъалаи 6: Нигоҳе ба ояндаи имтиёзи «исломӣ будан»
Шояд гуфта шавад, ки охир ин ҳизби исломист ва новобаста аз заиф ё қавӣ буданаш, ҳимоят аз он ҳимоят аз арзишҳои исломист. Ин ҳарф усулан хато нест, вале дар ин бора бояд гуфт, ки имтиёзи «исломӣ будан» дар ҷомеае, ки 99% аҳолии он мусулмон аст, барои як ҳизби сиёсӣ як имтиёзи миёнамуддат ва муваққатист. Заминаи асосии то имрӯз кор кардани ин имтиёз воқеан ин нест, ки фақат ҳамин гурӯҳ исломиёни кишваранд ва дигарон ғайриисломианд. Балки, асосан заъфи идеологии ҳизбҳои дигар, ки дар як ҷомеаи 99% мусулмон бо шиорҳои гоҳо барои мардуми оддӣ номафҳум ба саҳна омадаанд, боиси имтиёз ва қуввати ҲНИТ мебошад. Ман дар бисёр ҷойҳо шоҳид будам, ки мардум ҳатто маънои истилоҳҳои «сотсиал-демократӣ», «халқӣ-демократӣ» ва ғайраро сарфаҳм намераванд. Вале мафҳумҳои «ислом» ва «исломӣ» барои онҳо бисёр ошно ва худист. Ҳоло бештар ҳамин омол ба суди ҲНИТ кор мекунад, на моҳияти барномаҳои худи ҳизб.
Вале, дар оянда гурӯҳҳои дигари ҷомеа низ ба сатҳи воқеъбинии сиёсӣ расида, ба мусулмон будани худ ва ҳимоят аз арзишҳои исломӣ таъкид хоҳанд кард. Инро ҳам раванди бебозгашти эҳёи ҳуввияти миллӣ ва ҳам оддитарин технологияи интихоботии муосир талаб мекунад. Он гоҳ интихоб миёни ҳизби «исломӣ» ва ҳизби «ғайриисломӣ» пеш намеояд, балки интихоб дар муҳити мусулмонӣ аз байни ҳизбҳои мусулмонӣ пеш меояд. Ва он вақт ҳизбе ё касе интихоб мешавад, ки фикр, тахассус, каманда ва барномаи беҳтар дошта бошад. Зиндагии беҳтарро кафолат диҳад.
Аз ин рӯ, барои ҲНИТ ҳам зарур аст, ки ба дурнамои ҷомеа фақат баҳои идеологӣ надиҳад, зеро ин тасаввур дар оянда фиребанда хоҳад буд. Дар ҳолати табиӣҳамаи ҳизбҳои Тоҷикистон ҳизбҳои мусалмониянд, зеро дар ҳамаи онҳо мусалмонҳо аъзо мебошанд. Масалан, дар маҳаллаи мо, 191-уми ш.Душанбе, раиси шӯъбаи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон У.Ҳалимов ҳам ҳоҷист, ҳам эшон аст, ҳам масҷидист, ҳам масҷиди маҳалларо бо роҳбарии ӯ месозанд. Ва миёни мардум низ эҳтиром дорад. Дар оянда шояд бештар чунин шавад ва имтиёзи «исломӣ будан» ҳамчун имтиёзи ягонаи ҲНИТ барои ин ҳизб нақши камтар бозад, чун ҳизбҳои дигар низ ба таври табиӣ ин омилро эътироф ва ҳимоят хоҳанд кард. Хусусан, ки пас аз даргузашти ду раҳбарӣ рӯҳонии ҳизб, ки чеҳраҳои бонуфӯзи динӣ дар шахсиятҳои сатҳи умумимиллӣ буданд, имтиёзи динии ҲНИТ бештар як расмият аст.
Масалан, агар аз даҳ домулло ё шахсиятҳои динии сатҳи аввали кишвар имрӯз ақаллан, ду-се нафари онҳо дар сафи ҲНИТ мебуд, боз масъала дигар мебуд. Аз ин рӯ, ҳамроҳ шудани чанд эшони бонуфӯз ё шахсияти динӣ ба ин ё он ҳизби дигари имрӯза, имтиёзи исломии ҲНИТ метавонад камранг шавад. Ин як кори технологияи сиёсист, ки дар асри ҳозир дар ду-се сол мешавад анҷом дод.
Ва аз ин рӯ, агар ҲНИТ ба таври стратегӣ нигоҳ кунад, бояд ҳамзамон бо ҳифзи чеҳраи исломӣ, рӯи нишондиҳандаҳои дигари имрӯза низ кор кунад. Ҳамон чизҳое, ки зикр шуд: кор бо ҷомеа, фарҳангсозӣ, муаррифии барномаҳои ҷиддӣ, ҷалби қишрҳои таъсиргузор, кор бо уламои исломӣ, ташаккули командаи муосир ва мудирияти иқтисодию иҷтимоӣ.
Масъалаи 7: Пас «хатари» ҲНИТ дар чист?
Сабаби матраҳ намудани ин савол дар он аст, ки онро маҳфилҳои мухталиф пеш мегузоранд ва мепурсанд. Дар ин бора бояд гуфт, ки хатари ҲНИТ ҳаргиз дар исломӣ будани он нест, дар мактабу андешаи он нест, зеро дар як ҷомеае, ки 99% мардуми он мусулмон аст, исломӣ будан ҳаргиз хатар нест, балки дар чунин ҷомеа исломӣ будан ба маънои худитар будан ва мардумитар будан аст. Аз ин рӯ, «хатари» ҲНИТ ҳаргиз дар исломӣ будани он нест, балки дар феълан заъиф будани ҳайати он, дар сатҳи нокофии фикрӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, кадрӣ ва мудириятии он барои як ҷомеаи муосир аст. Хатари он дар заъфи барномаҳои он аст. Имрӯз агар вазъи ҲНИТ-ро дар як ибора хулоса кунем, метавон гуфт: идеяи бузург дар дасти гурӯҳи заиф, андешаи ҷиддӣ дар ихтиёри командаи ҳанӯз нокомил.
Шояд ин ибора мавриди баҳсу эътироз қарор гирад, вале дар шарҳи он бояд гуфт, ки истифодаи истилоҳи «заиф» ба маънои танқидӣ набуда, балки он тасвири як воқеияти ин ҳизб аст, тасвири сатҳи имрӯзаи донишу тавоноиҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва мудириятиву иттилоотии аъзои ҳизб, аз ҷумла, фаъолон ва аъзои раёсати ҲНИТ аст. Дар ин бора метавон бисёр мушаххастар сӯҳбат кард, вале чун масъала ба инсонҳои мушаххас рабт мегирад, ахлоқи исломӣ иҷозат намедиҳад, ки дар ин баҳс амиқтар равем…
Хулоса, дар ин масъала набояд худро фирефт ё тасаввур кард, ки агар ҳамин рӯз ҲНИТ сари кор ояд, худи ислом бо тамоми шукӯҳу вусъату азаматаш рӯи кор меояд. Балки, бояд гуфт, ки агар ҲНИТ бо ҳамин вазъи феълияш рӯи кор ояд, ҳамин сатҳи исломфаҳмӣ, ҳамин сатҳи тафаккури сиёсию фарҳангӣ ва ҳамин сатҳи мудирияти ҷамъиятии аъзо ва фаъолони он рӯи кор меояд. Масъала дар ин ҷост, на дар ислом.
Ва маҳз ҳамин мантиқ буд, ки марҳум устод С.А.Нурӣ соли 2006 гуфта буданд, ки агар бо ҳамин ҳолате, ки имрӯз ҳизб дорад, ба қудрат расад, ҳам ҳизбро, ҳам исломро ва ҳам миллатро шарманда мекунад. Ва манзури эшон ҳам ҳамин заъфи командаи ҳизбияшон буд. Ҷолиб аст, ки ҳангоми ҳамин суханронӣ касе аз ҳозирин бо шӯхӣ ё эътироз садо баланд кард, ки «Як коруш мекунем, устод!» Вале марҳум С.А.Нурӣ бидуни ҳеҷ калавиш суханашро давом дода, бо ҳамон оромиш гуфт: «Ҳеҷ кораш намекунед, шарм доштан даркор, бо сарнавишти мардум бозӣ кардан даркор нест…» Ин як ҳисси бузурги масъулият аст, ин ҳарфи ҷиддии як роҳбари исломист. Аъзои ҲНИТ метавонанд ба ман бовар накунанд, вале ман умедворам, ки ба сухани устод С.А.Нурӣ бовар доранд… Аз ин суханон, ки рӯзи 5 июли соли 2006 дар маросими бузургдошти М.Ҳимматзода дар ҳузури садҳо нафар гуфта шудаанд, фақат 5 сол гузаштааст ва ҳизб дар ҳоли таҳаввул аст, вале вазъи он ҳанӯз ба таври ҷиддӣ тағйир накардааст…
Масъалаи 8: Офати «исломгароии беислом»
Масъалаи дигаре, ки ҲНИТ имрӯз ё фардо шояд бо он рӯбарӯ шавад, ҳамон офатест, ки аксари ҳаракатҳои сиёсии исломии муосирро таҳдид мекунад, яъне пур шудани сафи ҳизб аз исломгароёни сиёсатзадаи холӣ аз донишу ахлоқу ибодату маънавияти исломӣ, ки онро метавон «исломгароии беислом» номид. Зикри ин нукта аз он муҳимм аст, ки имрӯз чӣ дар дохил ва чӣ дар ҷомеаҳои дигари мусулмонон дар таҷриба бо бисёр дӯстони сиёсии исломӣ рӯбарӯ мешавем, ки бе доштани қариб ҳеҷ дониши динӣ, бе доштани ахлоқи муносиби исломӣ ва ибодату тақвои кофӣ, ҳамвора шиори ислом ва сиёсат дар забон доранд ва гӯё аз маҷмӯи таълимоти ислом фақат ҳамин бахши онро қабул дошта бошанд. Бале, эътиқоду ғайрати исломии ин афрод мӯҳтарам аст, вале ин низ яқин аст, ки инсони холӣ аз донишу маърифату ахлоқи амалии исломӣ ҳаргиз наметавонад ифодагари сиёсати саҳеҳи исломӣ бошад ва мардумро ба роҳи дуруст ҳидоят намояд.
Барои эмин мондани ҳизб аз офати навзуҳури «исломгароии беислом» ба роҳбарияти ҲНИТ зарур аст, ки пайравонро пеш аз ҳама ба сӯи донишу ахлоқу маърифати исломӣ ва сипас, ба фаъолияти сиёсӣ ҳидоят намоянд, то ки онҳо маҳз бо ин сифатҳои камолии худ вориди сиёсат шаванд, то сиёсати онҳо аз сиёсатҳои сирф моддию манфиатӣ фарқ кунад. Яъне омӯзишу амалияи исломиро аз ахлоқу маърифат сар кунанд, на аз сиёсат ва агар, ахлоқу маърифат саҳеҳ дарк шавад, сиёсатро низ фаро мегирад.
Масъалаи 9: Нақши ҲНИТ дар таҳкими суботи ҷомеа ва амнияти кишвар дар чист?
Таҷрибаи фаъолияти расмии ҲНИТ нишон дод, ки фаъолият дар доираи қонун мавқеи нирӯҳои сиёсии исломиро ба тадриҷ мӯътадил ва фаъолияти онҳоро шаффофу қонунманд намуда, ба ҳалли яке аз масъалаҳои муҳимми ҷомеа, яъне пешгирии ифротгароии динӣ таъсири мусбат мерасонад. Ҳизбиён дар масири фаъолияти қонунӣ ба тадриҷ суфта, иҷтимоӣ ва мӯътадил шуда, фарҳангу маърифати сиёсӣ ва таҷрибаи мушорикати осоиштаи сиёсиро аз худ мекунанд, яъне масиреро аз эҳсосоти хом то хиради сиёсӣ тай мекунанд. Дар ғайри ин сурат, мо бо исломгароии сиёсии ҳошиявии хашине рӯбарӯ мегаштем, ки барои ба даст овардани эътироф ба усулҳои дигари мубориза рӯй оварда, амнияту рушди ҷомеаро зери хатар мегузошт. Ин аст, ки расмият ёфтани ҳизби сиёсии динӣ ва ба ин восита таҳаввули сифатӣ ёфтани он худ як формулаи тоҷикии ба «омили субот» табдил додани «омили низоъ» дар минтақа аст.
Ҷои зикр аст, ки ин таҷрибаи Тоҷикистон аз сӯи коршиносони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба таври ҳамаҷониба омӯхта шуда, онро ҳамчун роҳи дуруст ва ақлонии ҳалли бӯҳрони динию сиёсӣ дар ҷомеаҳои муосири мусулмоннишин эътироф намудаанд. Ин таҷриба як дастоварди муҳимми сиёсии Тоҷикистон аст ва ҳоло муҳимм он аст, ки худи мо аз аҳаммияти он дар ғафлат намонда, онро аз даст надиҳем…
Яъне, дар шароити мураккаби имрӯз будани ҲНИТ ҳамчун шарики мӯътадили давлат ва ҳамчун яке аз унсурҳои суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои давлатӣ ва амниятии кишвар мебошад. Агар ба ин масъала аз нигоҳи вазъи минтақа ва ҷаҳон, аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ ва давлатдорӣ назар шавад, дар чунин марҳила ҳама гуна талоши огоҳона барои заиф сохтани ин ҳизб ва ба ҳошия рондани он ба нафъи давлат ва кишвари мо нест. Ва хуб аст, ки пас аз авҷи овозаҳо дар бораи сарнавишти ҲНИТ, ахиран, Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон А.Азимов изҳор дошт, ки дар назди давлат, чунин масъала, яъне масъалаи бастани ҲНИТ умуман матраҳ нест. Ин посух аз чунин манбаъи босалоҳияти давлатӣ на фақат барои аъзои ҲНИТ, балки барои ҳамаи онҳое, ки ба субот ва амнияти ин кишвар арзиш қоиланд, хабари хубе буд.
Аз нигоҳи таъмини суботу амнияти миллӣ, ин басе муҳимм аст, ки касоне, ки мехоҳанд барои таъмини ҳуқуқҳои худ талош кунанд ва ё чун нирӯи динӣ дар ҳаёти сиёсӣ иштирок дошта бошанд, бояд имкони онро низ дошта бошанд, ки на аз роҳи хушунат ва ғайриқонунӣ, балки аз роҳи ҳамин канали қонунии фаъолияти сиёсии динӣ амал намоянд. Роҳе, ки Сарқонун ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онро таъйин ва пешниҳод намудааст. Ва ин роҳ бояд ҳамеша боз бошад, то роҳи низоъ ва хушунат баста бимонад...
Масъалаи 10: Насли навин бояд чӣ кунад?
Бале, насли калонсоли мо дар замони ниҳоят печидаю ҳассос зистанд, бино бар омилу шароитҳо зидди ҳам сангарҳо гирифтанд ва ба низоъи хунин расиданд. Дар айни замон, онҳо талошу заҳматҳои фаровон карда, сулҳу амниятро бозоварданд ва истиқлолу давлатдории миллиро ҳифз намуданд. Насли нави миллат бояд инро ҳам бидонад ва ҳам қадрдонӣ бикунад.
Вале, дар канори ин, ба хотири рушди фардои миллату давлат, сухани ман ин аст, ки акнун андешаи сиёсии мо бояд аз ин чорчуби сиёҳусафед берун барояд. Яъне, мо бояд асири ихтилофи як насли пешини худ намонем ва ҳанӯз ҳам чунин наандешем, ки мо ҳатман ё бояд «наҳзатӣ» бошем ё бояд «ҳукуматӣ», ё «давлатӣ» бошем ё «оппозитсионӣ», ё «динӣ» бошем, ё «дунявӣ». Барои насли нави миллат шарт нест, ки ихтилофи насли гузаштаро мерос барад ва ҳатман худро дар яке аз ин ду қолаб таъриф кунад. Мавқеъҳои нав, сатҳҳои нав ва миқёсҳои нав бояд ба даст оянд. Насли нав бояд насли ҷомеъа бошад, он набояд ҳамчун яке аз тарафҳои низоъ биандешад, балки бояд дар сатҳи миллӣ андешад, ҳамчун соҳиби кишвар ва ҳамчун соҳиби давлат андешад. Дар шароити давлати миллӣ ҷанибдор ё мухолифи барномаҳои ҳукумат будан ҳеҷ масъала нест, ҷонибдор ё мухолифи барномаҳои як ҳизб будан ҳеҷ масъала нест, балки мухолифи миллат, мухолифи арзишҳои фарҳангию эътиқодии миллат, мухолифи давлату давлатдории миллӣ будан масъала аст. Дар шароити давлати миллӣ маҳз ҳамин қобили қабул нест, яъне мухолифи давлат, мухолифи арзишҳои миллӣ ва мухолифи манфиатҳои миллату давлат будан.
Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшинос, суханронӣ дар ҳамоиши «ҲНИТ аз назари коршиносони берунӣ», Душанбе, 16 апрели 2011
Шарҳҳо
Ин заифии мо аст ки абдулло рахнаморо ин хел гапхо гуфтем МО агар ними ними донишу фархангу вайро медоштем. Хайр бинед ба гайр аз устод кабири касе дорем ки мисли у ба минбар ояд ва озод фикр ронад ва бо бовари гуяд ки чи мегуяд. Ман пешниход мекунам ки уро даъват карда муовини якуми хизб гардонем. Ана рохи хал Ман инро дар чаласаи навбатии раёсат ба овоз мегузорам. Охир шарм кунед аз нодони
Худо бовар надоранд даргузаред, то Худо он мардумро ба ҷазои аъмоле, ки
муртакиб шудаанд, подош диҳад.20. Ин Қуръон мояи басирати мардум ва
ҳидояту раҳматест барои аҳли яқин.
21.Оё онон, ки муртакиби бадиҳо мешаванд, мепиндоранд, ки дар шумори
касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд қарорашон медиҳем? Ва
оё зиндагиву маргашон яксон аст? Чӣ бад доварӣ мекунанд.
Худоё, чунон кун, ки дар анҷоми кор,
Ту хушнуд бошиву мо растагор!
21.Касоне,ки ба дидори Мо умед надоранд гуфтанд: чаро Парвардигори худро
намебинем?» саркашӣ карданд,саркаши е бузург. 23.Ва ба аъмоле, ки кардаанд,
пардозем ва ҳамаро чун зарраҳои хок барбод диҳем. 53.Эй бандагони Ман,бар
зиёни хеш исроф(яъне зиёда рави дар гуноҳ) кардаед,аз раҳмати Худо ноумед
нашавед, зеро Худо ҳамаи гуноҳонро авф мекунад Ҳаройна, Уст омурзандаву
меҳрубон! 153. Эй касоне, ки имон овардаед, аз сабру намоз мадад ҷӯед, ки
Худо бо сабркунандагон аст. 186. Чун бандагони Ман дар бораи Ман аз ту
бипурсанд, бигӯ, ки Ман наздикам ва ба нидои касе, ки Маро бихонад, посух
медиҳам. Пас ба нидои Ман посух диҳанд ва ба Ман имон оваранд, то роҳи
рост ёбанд! 62. Шайтон шуморо аз роҳ бознагардонад, зеро ӯ душмани ошкори
шумост.
шунида ва тамошо кардаам ! вакте ки бо тахлилгарон ва сиёсат мадори Афгон
шишта дар як мизи мудавар тахлил мекарданд халки Мусалому бародарони
Мо-ро Афгонхоро! бисёр суханони но чо гуфата буд дар хаки чанговарони
Афгоне ки бар зидди хукумат мечангад ( яъне он халке ки норози аст ) аз ин
хукмат дорие ки мехохад дар давлати Афгонистон Демократия-ро чори кунад )
девонаед ин давлати Исломи аст ва он сиёсат мадори Афгон У-ро Абдулои
но-Рахнаморо ман карду гуф донед ва огох бошед ин чабха будагон ин
чанговарон низ халки норози будагон худ охо низ Афгонхо хастанд ин ро дар
назар гиред ) пас ин ду сиёсат мадори Точик шарманда ва хомушшуданд ! аз
суханони но чо ! ки ба монанди ин чанги бародар куши худамонро агар мисол
биёрем ки Чихел Чаноби Прездент Эмомали Рахон на гуфт у душман ин худи
хамаро сарчам дидан хост ин нияти неку хайри вай ба чо омад Алхамдулиллох
!
-Валичон ХНИТ- Salohiddin- Холис Шумо чи ба ин хиллаю суханронии ширини
хиллагаронаи душманонаи ин душманони Дини Ислом зиракии сёсиро аз даст
надихед ! ин сиёсатшиноси Абдуллои Раҳнамо ! максадаш ин аст ки то ба
гуши мардум бирасонадки ин Хизби Нахзати ИСлом ! аз мо нест бегонааст ва
дар нооромихои далати Мо даст доранд . сад хайф!
ва мехохад ба гуши онхое ки ба сиёст кор доранд (сиёсат-мадорон ) ва омма
ки ин хизвбро манъ кунанд ана хамин аст максади нихоии ин !
ИН тахлили Абдулло Рахнаморо ду бор хондам. Лаззат бурдам. Забони равон ва фасех. Ба ман маълум нашуд ки вай тарафи хукумат аст ё тарафи ХНИт. Ё шояд рост мегуяд, ки мо дар чорчуби сёхусафеди ё хукумат ё нахзат рус мондаем. Нкктахои бисёр дорад. Шояд ягон мизи гирд дар атрофи тахлили ин суханрони шавад. Бисёр мухим аст.
Бисёр хуб кардед, ки матни пурраи ин суханрониро мондед. Холо ду се хафта мешавад, ки хама чо дар бораи ин суханрони гап меравад. Дар вилояти Сугд бачахо онро тахлил карда гаштаанд, албатта хама пурра сарфахм нарафта истодаанд ва дар хакки устод Рахнамо хар суханон гуфта истодаанд.
Лекин ман ин матни навро хам пурра хонда буромадам. Ин кадар амик ва тахлили дуруст. Хар як ибораашро хонда, мо хизбиён бояд инсофкарда гуем, ки хамин хел хаст е нест. Биёед руи Худоро нигарем. Хатто он бахше ки дар бораи "исломгароии беислом" омадааст. Ин як нигохи хакикатан вокеъбинона ва гапи нав ва дуруст аст. Устод Рахнамо шояд аз руи одоб гуфтаанд, ки шояд дар оянда дар ХНИт чунин одамон низ оянд, не Устод Рахнамо, имруз алакай хело чунин одамон омадаанд. Мо инро хис мекунем. Хар руз.
Барои ин тахлилатон ташаккур. Шояд нофахмихо аз тарафи нофахмхо шавад, вале парво накунед. Мефахмидагихо мефахманд.
Рахмати калон.
RSS Обуна