Ҳ.САЙФУЛЛОҲЗОДА: АГАР ТАМОМИ РОҲҲОИ ФАЪОЛИЯТ БАСТА ШАВАНД ҲАМ…
-Хуб, умед мебандем, ки тафтишот қазияро ошкор хоҳад кард, вале ҳоло биёед, сӯҳбатро дар иртибот ба масоили ҲНИТ идома диҳем. Ҳоло дар бархе аз расонаҳо масъалаи баста шудани ҲНИТ дар ояндаи наздик матраҳ мешавад ва эҳсос мешавад, ки ҷамъе ҳам барои иҷрои ин кор дасту остин барзадаанд...
- Масъалаи бастани ҲНИТ ҳарфи наве нест, балки муносибати норӯшан бо ҳизб ва фаъолияти он аз соли 1997 инҷониб вуҷуд дорад. Бархе аз афрод дар ҷомеа то ҳанӯз дар банди гумонҳои мухталифанд, ҳатто баъзеҳо фаъолияти ҲНИТ-ро ба таври ғайрирасмӣ мефаҳманд. Барои мисол, вақте нашрияи “Наҷот”-ро аз як дӯкондоре хоҳиш кардем, ки фурӯшад, гуфт: биё, мон, тинҷ гардем, газетаи Шумо ғайрирасмист, онро чӣ тавр фурӯшам? Ҳавасманди тарвиҷи ин гуна афкор асосан доираҳои хосе дар долонҳои ҳукуматӣ ҳастанд.
Вақте дар васоити ахбор ҷумлае ба маънои бастани ҲНИТ аз забони нафаре пайдо мешавад ва он ҷумла дар сарлавҳа қарор мегирад, ин аллакай он маъноро дорад, ки ҳарфи гуфтаи як нафар дар қалби дигаре нуҳуфтааст. Вале ӯ ё ҷониби дигаре онро ошкор гуфта наметавонад. Дар гуфтаҳои Бозор Собир даҳҳо ва садҳо ҳарфи дигаре ҳам буд. Аммо он қисмати сӯҳбати ӯ, ки мегуфт, наҳзатро бубанданд, сарлавҳа дар нашрия қарор гирифт ва дар пай дастурҳои дигаре ҳам содир шуд, ки дар нашрияҳои расмии ноҳиявӣ ва вилоятӣ он бознашр шавад, то ҷомеа гӯё огоҳии бештар пайдо кунад ва ҳамзамон фазо сохта шавад, ки ин ҳизб ғайриқонунӣ аст.
Яъне фазоро тавре бояд сохт, ки дар як ноҳия нашуд, дар ноҳияи дигаре мардуме дархост кунанд, ки аслан мавҷудияти ин ҳизб зарурат надорад. Аммо бояд бигӯям, ки ин гуна фазосозиҳо ҳама бепояанд. Чунки арзи вуҷуди Наҳзати Исломи Тоҷикистонро даҳ ва ё понздаҳ сол нашудааст, наздик ба чиҳил сол аст, ки ин ҳаракат пинҳону ошкоро фаъолият кардааст ва дар тамоми қишрҳои мухталифи ҷомеа афкори он ҷойи хешро доранд, албатта, ба ҳар тарзе. Рақибони сиёсӣ эътироф доранд, ки чунин як ҳизбе ҳаст, чунин равия ва ақидае вуҷуд дорад.
Ва дӯстоне низ ҳастанд, ки барояшон мавҷудияти чунин як ҳаракат эътимодбахши афкори онҳост ва умед аз он доранд, ки имрӯз агар ин ҳарфи онҳо пиёда намешавад, иншоаллоҳ, рӯзе мерасад, ки он амалӣ мешавад ва бо ин умед сафи онҳо рӯз ба рӯз афзоиш меёбад. Афзоиш ёфтани сафи ҳизб ва ҷонибдорони он дар интихоботи ахири парлумонӣ ҳувайдо шуд. ҲНИТ дар он ширкати шоиста дошт ва мардум низ ба таври густарда аз ҳизб дастгирӣ карданд.
Онҳое, ки дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ аъзо буданд, имрӯз иқроранд, ки аслан ҲНИТ ғолиб омада буд. Вале воқеиятро тавре сохтаанд, ки мо наметавонем инро бигӯем. Вақте авзоъ ва афкори ҷомеа чунин аст, бозиҳои сохта ва бозингарони хасакӣ, ки мехоҳанд фазои номуносиб барои ҳизб бисозанд, бо мадади Худованд баръакс сурат мегиранд.
Ҷуз хатаре, ки ҳанӯз худораҳматии устод Нурӣ дар замонаш ба он таъкид мекард ва он ҳам пайдо кардани ихтилоф дар дохили ҳизб аст, дигар ҳеҷ хатаре ба фаъолият ва мавҷудияти ҲНИТ таҳдиди наменамояд. Агар он ҷониб битавонад дар дохили ҳизб ихтилоф ба вуҷуд орад ва бо ин васила фаъолияти онро коҳиш бидиҳад, ин метавонад таъсиргузор бошад.
- Ин гуна хатар вуҷуд дорад?
-Дар дохили ҳизб ихтилоф вуҷуд надорад, вале аз паҳлӯ ин гуна ҳарфҳо шунида мешавад, ки гуё чунин бошад. Эҳтимол аз баъзе баҳсҳои дохилӣ доираҳои бозингар барои худ “таҳлил”-е дуруст мекунанд ва ё афродеро талқин мекунанд, ки чунин ҳарф зананд, то он бештар шавад. Ба ҳар ҳол, дар мавриди ин гуна бозиҳо маълумоти дақиқ мавҷуд нест, вале рад карда намешавад, ки ин гуна корҳо аз берун ҷой надошта бошанд.
Банда ҳамчун як таҳлилгаре, ки солҳои тӯлонӣ дар ҳизб кор кардаам, бар ин назарам, ки дидгоҳ ва назари афрод дар дохили як ташаккул наметавонад ягона ва якхел бошад. Онҳо мутафовитанд, ҳатто метавонанд назарҳо бо ҳам зид бошанд. Аммо дар масоили усулӣ, вақте Шӯрои сиёсӣ ва ё роҳбарияти ҳизб тасмим мегирад, дар онҷо дигар ихтилоф вуҷуд нахоҳад дошт. Тасмим гирифта мешавад ва ҳама дастҷамъона пайи иҷрои он мешаванд.
- Шояд ҳадаф бастани ҲНИТ бошад. Яъне то интихоботи навбатӣ дар Тоҷикистон...
- Бале, чунин доираҳои ҳавасманд ҳастанд, ки мехоҳанд ҲНИТ-ро баста бинанд. Ва маҳз ин гурӯҳҳо ҷӯёи ихтилофанд. Инҳо ҳастанд, ки фазо месозанд. Гӯё дар интихоботи соли 2013 аз ҳизбҳои мухолиф, эҳтимоли бештар ба ҲНИТ медиҳанд, ки нафаре довталаби курсии президентӣ мешавад ва интихоботро гарм месозад. Аммо ҲНИТ борҳо эълон доштааст, ки дар интихоботи президентӣ бо номзади хеш ширкат карданӣ нест. Ҳоло то интихобот фурсати кам ҳам нест, вале ин гуна овозаҳо моро водор карданд, ки роҳбарияти ҳизб дар баробари он мавқеашро муайян карда гӯяд, ки ҲНИТ ба интихоботи соли 2013 аслан таваҷҷӯҳ надорад, таваҷҷӯҳи мо ба интихоботи ояндаи парлумонӣ аст.
Агар ин гуна доираҳо ҳарос доранд ва ё гумон мебаранд, ки ин гуна номзад пайдо мешавад, пас донанд, ки ҲНИТ гармкунандаи интихоботи президентӣ наметавонад бошад. Дар интихоботи президентӣ ҳамчун як ҳизби сиёсӣ ширкат мекунад, вале на бо номзади худ. Банда ба ин боварам, ки интихоботи президентӣ тибқи воқеияти имрӯзи ҷомеа, яъне ҳамин тарзе ҳаст, баргузор мешавад. Ҳеҷ ихтилофи ҷиддие дар раванди интихоботи президентӣ наметавонад бошад, ҷуз ҳамон номзадҳои киссагие, ки барои рақобати интихоботӣ сохта мешаванд.
- Бархеҳо мегӯянд, ки Кабирӣ тавонист дар раъси ҲНИТ дар маъракаи интихоботи парлумонӣ ҳам худ ва ҳам ин ҳизбро муаррифӣ кунад, ки барои мақомдорон боиси нигаронӣ шуд. Ва ин амр Кабириро маҷбур кард, пешакӣ гӯяд, ки муддаӣ ба мансаби олӣ намебошад. Яъне акнун ин ба он маъност, ки майдон боз ҳам холӣ гузошта мешавад?
- Он гуна ки дар бораи ҳизб гуфтем, дар мавриди роҳбари он низ чунин аст, ки ҳассосияти ин доираҳо нисбати ин шахсият боз бештар шудааст. Интихоботи соли 2010-ро ин доираҳо сабқати муқаддамотии ҳизб зери раёсати Кабирӣ барои интихоботи баъдӣ тасаввур карданд. Гумон карданд, ки Кабирӣ интихоботи соли 2010-ро барои интихоботи соли 2013 ҳамчун саҳнаи таҷриба истифода кард, яъне Кабирӣ худашро матраҳ кард. Чаро онҳо чунин гумон карданд ва чӣ далел доштанд?
Масалан, вақте аксҳои таблиғотии ҳизб мунташир ва акси Кабирӣ дар танҳоӣ ҳамчун раиси ҳизб паҳн карда шуданд, аз ин гуна корҳо онҳо хулоса бароварданд, ки ин ҳама омодагиҳо барои интихоботи соли 2013 аст. Аммо ин як усул ва фарҳанги мубориза аст. Чаро ҲХДТ аз акси раиси худ дар ин маърака истифода карда метавонад, ҳарчанд ки ӯ Президент аст, вале аз акси раиси ҲНИТ бадашон меояд? Аз ин набояд дар ташвиш шуд. Ба ҳар сурат, фазои интихоботии соли 2010 барои бисёре аз доираҳо ғайричашмдошт ба назар расид. Яъне онҳо интизор надоштанд, ки бо усул ва услубҳои нав ва пешрафта ҲНИТ дар интихобот ширкат мекунад. Ин ҳама Кабириро водор кард, эълон кунад, ки ҳеҷ даъвое ба ягон мансаб дар ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистонро надорад.
- Баъзе аз коршиносҳо тарҷеҳ медиҳанд, ки ҲНИТ намебуд, беҳтар мебуд, вале акнун, ки ҳаст, набояд ҳастии ӯро ба баҳс кашид. Вагарна баста шудани он як бӯҳронеро ба бор хоҳад овард…
- Бале, вуҷуди ҳизб аз рӯзи пайдоиш ва то бо ҳамин ҳоло мавриди баҳс аст. Агар сиёсатшинос масъаларо чунин мебинад, пас аз ин бармеояд, ки дар муҳити корӣ ва фазои андешаи ӯ ва ё фазои андешаҳое, ки ӯ даруни он аст, чунин мушкил вуҷуд доштааст. Ва ӯ маҷбур шудааст, бигӯяд, ки «хуб мебуд, ҲНИТ намебуд» ва дар ин сурат, ба худи ӯ низ мушкилӣ пеш намеомад. Вале акнун ки ҳаст, бояд иқрор кард ва набояд бо ин ҳизб душманӣ варзид. Бигзор, рақобати сиёсӣ бошад, аммо душмантарошӣ ва сиёҳу сафедсозиҳо набояд бошад.
Мушкилии имрӯзаи бархе аз доираҳо ва таҳлилгарони ноогоҳ ин аст, ки аҳзоб ва андешаи дигарро ба сифати душмани давлат талаққӣ мекунанд. Чунин масъала дар фарҳангу тафаккури нухбагони сиёсии мо низ ҷо дорад. Вале ин тарзи муносибат дуруст ва аз рӯйи инсоф нест, ки як нафар ҳарфи мухолиф гуфт, ӯро душман шиносӣ. Шояд ман ва ё нафари дигар ва ё ҳизбу созмоне мухолифи тасмим, дастур ва ё қарори ҳукумат ва ниҳоде аз ҳукумат сӯҳбат кардаем, аммо ин на ба он маъност, ки мухолифи давлат бошем.
Ҳизби сиёсӣ, хоҳ мухолиф бошад ё хоҳ мувофиқ, ҳеҷ гоҳ дар низоми давлатдорӣ зидди давлати худ буда наметавонад ва ҲНИТ ҳам дар ин миён истисно нест. Ҳизб мехоҳад бо дидгоҳ ва назари худ давлати миллиашро боз ҳам нерӯманд ва тавоно бубинад. Пас, он коршинос ва ҳар коршиноси дигари безобита ва бетоқатшуда ба воқеият тан доданро фаромӯш накунад ва ин ки ҲНИТ воқеияти ин миллат ва ин давлат аст, нуктае бебаҳс аст. Набояд фаромӯш кард, ки на танҳо дар Тоҷикистон, Осиёи Миёна ва собиқ шӯравӣ, балки дар саросари ҷаҳон шумори ками аҳзоби сиёсиро метавон пайдо кард, ки чун ҲНИТ барои худ, ормонҳои худ ва ҳифзи ҳузури худ мубориза карда аз сангинтарин озмоишҳои дохиливу берунӣ бо сари баланд берун омада бошад.