01:44:13 02-уми Июли 2025 сол

КАБИРӢ: ҶОИ НОУМЕДӢ НЕСТ, ВАЛЕ БЕПАРВО БУДАН ХАТАР ДОРАД

Султони Хамад - Мухиддин КабириБале, мо тавонистем, ки пешрафтатарин ва муосиртарин технологияи таблиғотиро истифода намоем, ки барои бисёриҳо ғайричашмдошт буд. Умед доштем, ки талошҳои мо натиҷа хоҳанд дод ва натиҷа ҳам доданд. Агар рақамҳои расмиро сарфи назар намоем, мардум вуҷуди моро дар саҳна эҳсос кард ва раъйи худро дод. Интихобот нишон дод, ки мардуми кишвар барои тағйирот дар ситемаи интихоботӣ ва ислоҳот омодаанд, вале масъулин хеле қафо мондаанд. Ҳанӯз ҳам воқеиятҳои навро қабул ва ҳазм карда наметавонанд.

Интихоботҳои миёндавраи як навъ имтиҳонҳои «нимсола» аст барои аҳзоб ва масъулини кишвар, ки аз иштибоҳоти худ дар интихоботҳои асосӣ ибрат гирифтаанд ё на? Омадани Раиси нави КМИР ва интихоботи миёндавраии Сино худ имтиҳони равандҳои демократӣ аст. То имрӯз мо ғайр аз ваъдаҳо дигар ягон қадами мушаххасро намебинем, ки ба тарафи беҳтар шудани раванди интихобот далолат намоянд.

Ваъдаҳоро пештар ҳам шунида будем, мардум интизори иқдомҳои мушаххас мебошанд. Бо ҳамин умед мо руйхати намояндагони худро дар комиссияҳои участкавии интихоботӣ пешниҳод кардем ва ҳавза ҳам онро қабул кард. Вале, қабл аз сабти номи номзадҳо маълум гашт, ки намояндагони моро ба ҳайати комиссияҳои участкавӣ қабул карданӣ нестанд. Ҳол он, ки қонун манъ намекунад. Баҳонаҳои заъифе ки меоранд, ҷуз гурехтан аз масъала чизи дигаре нест.

Маълум аст, ки намехоҳанд барои тақаллубкорӣ ҳатто як шоҳид ҳам вуҷуд дошта бошад. Вагарна, як намояндаи мо дар байни чандин аъзои комиссия чӣ зарар дорад? Намояндаи мо  ҳанӯз ҳам пешниҳод аст ва фурсат барои сабти ном шудан вуҷуд дорад. Агар намояндагони моро дар комиссияҳои участкавӣ  қабул намоянд номзади мо дар интихобот  ширкат хоҳад кард.

- То интихоботи Президентӣ ҳоло вақт аст. Вале Шумо аз ҳозир эълон кардед, ки ҲНИТ дар ин интихобот ширкат намекунад. Чаро чунин тасмим гирифтед?

- Чанд сабаб аст. Аввалаш, ин мавқеъи шахсии мост ва атрофи ин масъала танҳо назари худро гуфтаам. Тасмими ниҳоиро дар бораи ширкат кардан ё накардан дар интихоботҳо Анҷумани ҳизб мегирад ва Анчуман метавонад назари дигар дошта бошад. Назари мо танҳо ба Тоҷикистон хос нест. Фикр мекунам, ки дар ин марҳала ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ дар саросари ҷаҳон хуб мебуд номзад ба мақоми аввали кишварҳои худ пешниҳод намекарданд. Дар мақоми дуввум ва поинтар метавонанд хидмат кунанд, вале бигузор мақоми аввал барои дунявиҳои мӯътадил вогузор шавад. На ба маънои он, ки кадрҳои ба истилоҳ "исломгаро"аз ӯҳдаи идора намебароянд.

Таҷрибаи Туркия ва Ирон нишон дод, ки на танҳо мебароянд, балки аз дигарон беҳтар ҳам метавонанд. Ҳассосият атрофи ислом хеле зиёд аст ва камтарин камбудии роҳбарони исломиро ғараздорон ба номи ислом сабт менамоянд. Ин пешниҳоди худро дар чанд нишасти байналмиллаӣ ба роҳбарони ҳаракатҳои исломӣ ҳам кардаам ва албатта, на ҳама ба ин андеша розӣ ҳастанд.

Хуб аст, ки роҳбарони Ихвонулмуслимин дар Миср ва Наҳзат дар Тунис пештар ҳам эълон карданд, ки номзадҳои худро ба Президентӣ пешниҳод намекунанд ва аз дунявиҳои мӯътадил ҷонибдорӣ хоҳанд кард. Албатта, агар номзадҳои дунявии мӯътадил бошанд, вале агар аз гурӯҳҳои дунявии ифротӣ даъвои президентӣ дошта бошад, барои як ҳаракати исломӣ воҷиб аст, ки талоши худро барои нарасидани ин гурӯҳҳо ба қудрат ба харҷ диҳад ва агар лозим бошад номзадашро ҳам пешниҳод намояд.

Агарчӣ дар кишвари мо дунявиҳои ифротӣ то ҳаде таъсиррасон бошанд ҳам, қарори ниҳоӣ дар дасти онҳо нест ва бо назардошти ин шароит ва дар ин лаҳза андешаи мо чунин аст, ки беҳтар мебуд аз номзад пешниҳод кардан худдорӣ намоем.

Сониян, дар матбуот ва маҳфилҳои таҳлиливу сиёсӣ вақтҳои охир сари шахсиятҳои сиёсӣ гуфтугӯҳо шурӯъ шудааст ва бо наздик шудани интихоботҳои президентӣ ин сӯҳбатҳо бештар ва гармтар мегарданд. Чуноне, ки болотар гуфтам, бисёриҳо манфиатдоранд, ки муносибат байни тарафҳои сулҳ ҳамеша муташанниҷ бошад ва метавонанд муборизаи интихоботиро ба душмантарошии навбатӣ табдил диҳанд.

Медонам, баъзеҳо мегӯянд, ки агар миллат хоҳад, агар манфиатҳои давлатӣ ва миллӣ талаб намояд, пас ҳақ доред ки номзад нашавед? Як чизро медонам, ки ҳоло манфиатҳои миллӣ ва давлатии мо оромиш ва суботро талаб менамояд ва ҳар иқдоме ки метавонад камтарин  нооромӣ биёварад, бояд аз он худдорӣ кард.

Болотар гуфтем, ки атрофи кишвар ва миллати мо тарҳҳои норавшане андешида мешаванд ва аз ҳоло бояд талош барои эҷоди фазои ором ва солими дохилӣ намоем, то ҳама фикрҳо ба сӯйи бартараф кардани осебҳои хориҷӣ равона шаванд. Фазои ороми дохилӣ моро дар муқобили чолишҳои беруна қавитар мегардонад. Фақат ба ҳамин хотир аст, вагарна инро метавонистем қабл аз интихобот эълон намоем. Ба ҳар сурат, ҳарфи ниҳоиро Анҷуман хоҳад зад ва ба қавли тоҷикон, «то он вақт як ҷувол умр даркор».

-Муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар…» ба охир расид. Имрӯз ва ё фардо он ба баррасии вакилони мардумӣ МН МОТ гузошта мешавад ва баъди чанде ба ҳукми қонун хоҳад даромад. ҲНИТ дар робита бо ин баҳс дар ниҳояти кор кадом мавқеъро ишғол кардааст ва дар кадом ҳолат метавонад пуштибонии худро аз ин лоиҳаи Қонун эълон дорад?

-Мо аллакай мавқеъи худро нисбати ин лоиҳа гуфтем ва пешниҳодоти мушаххас ҳам пешниҳод намудем. Қадамҳои баъдии худро пас аз пешниҳоди расмии лоиҳа ба Парлумон эълом хоҳем кард. Зеро мо намедонем, ки оё пешниҳодҳои мо қабул шудаанд ё не. Мутаассифона, намояндаи мо дар ҷаласаи ахире, ки лоиҳа баррасӣ шуд, даъват набуд ва наметавонем бигӯем, ки кадоме аз он 12 пешниҳод ба инобат гирифта шудааст.

Умедворем, ки пешниҳодҳои калидӣ ворид шуда бошад. Агар дар ҳамин марҳала ворид мешуданд беҳтар мебуд, зеро аз рӯйи таҷриба пас аз омадани лоиҳа ба Парлумон ворид намудани ҳаргуна пешниҳоди ҷавҳарӣ душвор мегардад. Нуктае мехостам инҷо қайд шавад ин аст, қонун бояд иҷрошаванда бошад. Набояд пас аз қабули қонун шаҳрванд дар ҳолати душвор монад, ки оё супориши Худоро иҷро намояд ё талаботи қонунро. 

Чуноне, ки дар қонуни озодии виҷдон ибодатро дар ҷойи кор манъ намудем ва ҳамон замон гуфта будам, ки пурра иҷро намудани он душвор аст. Қисме аз шаҳрвандон имрӯз ҳам намозашонро дар хориҷи манзил ва масҷид хонда истодаанд ва хоҳанд хонд. Касе ғайр аз мо, қонунгузорон, гунаҳкор нест. Ин мо ҳастем, ки мардумро дар рӯ ба рӯйи интихоби душвор гузоштем ва мардуми диндор ҳатман супориши Худоро болотар аз қонун хоҳад гузошт.

-Соли гузашта дар Тоҷикистон, дар вилояти Суғд нахустин амалиёти интиҳорӣ алайҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ , ба иттилои расонаҳои хабарӣ аз ҷониби тундравонӣ мазҳабӣ ба вуқӯъ  пайваст, ки дар натиҷаи он чанд нафар куштаву чанд нафари дигар захм бардоштанд. Баъдан кӯшишҳои такроран содир кардани чунин амалҳои террористӣ аз ҷониби он гурӯҳҳоро  мақомоти амниятӣ ва дохилии кишвар хунсо карданд. Аз ин маълум мешавад, ки дар кишвар қувваҳое ҳастанд, ки ин тарзи амалкардро роҳи расидан ба ҳадаф медонанд. Далелҳои қотеъи Шумо ҳам аз ҷиҳати фиқҳӣ ва ҳам аз ҷиҳатӣ сиёсӣ дар муқобила бо ин гуна амалкардҳо (махсусан амалиёти интиҳорӣ) чӣ буда метавонад ва барои ҷилавгирӣ кардан аз пайвастани ҷавонон ба ин гурӯҳҳои ифротиву тундгаро чӣ иқдомҳоеро рӯи даст гирифтаед? Ба фикри Шумо дар ин самт кадом корҳоро бояд ҳукумат анҷом диҳад?

- Таърихи кишвари мо чунин ҳодисаҳоро ёд надошт ва шаке нест, ки ин ҳама пайравӣ кардан ба дигар гурӯҳҳо ва афрод аст. Саволи асосӣ он аст, ки чӣ омил водор намуд, ки як ҷавон омода шуд аз ҷони худ бигузарад ва ин амалиётро анҷом диҳад? Оё ин танҳо фанатизм аст ё омили дигаре ҳам таъсир дошт? Худро барои ақида қурбон кард ё мехост аз касе ё чизе қасос бигирад? Мо ҳам сахт нигарон ҳастем ва нигаронии мо ду сабаб дорад.

Аввалан, нигарони вазъи амниятӣ ва барҳам хурдани суботу оромишем. Сониян, ҳар амалиёти интиҳорӣ ё мисли он, ки иҷрокунандааш мусалмон бошад, боз ислому масҷид зери зарба қарор мегирад. Ин субҳ дар Бразилия ҷавоне 13 мактаббачаро кушт ва эълон шуд, ки шояд касалии руҳӣ дошта бошад. Мутмаинам, агар ин девона  мусалмон мебуд, мегуфтанд ки сабаби аслиаш Қуръон хондану масҷид рафтанаш аст, на бемории руҳӣ.

Бояд ин масоилро амиқтар омӯхт ва баъд хулоса кард. Шариат худкӯширо ҳаром медонад, магар дар ҳолати ҷанг, ки он ҳам тибқи фармудаи фақеҳон шарт ва ҳолатҳои хос дорад. Омилҳое, ки ин ҷавононро ба чунин иқдоми истисноӣ мерасонанд аксарашон иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва дигаранд. Ё зери фишори равонии таблиғотҳои гуногун қарор мегиранд ва дар чунин ҳолат пайдо кардани фатво ё ривоят кори душворе нест. Бояд пеши роҳи инро қабл аз табдил шуданаш ба як феномен гирифт, вагарна метавонад ба як падидаи васеъ мубаддал шавад.

Чуноне, ки имрӯз дар баъзе кишварҳо вуҷуд дорад ва ҳатто ба  рамзи қаҳрамонӣ ва ҷасорат ҳам табдил шудааст. Хатари асосӣ дар  як- ду ҳодисаи алоҳида нест, балки дар пайдошавии фазои «ҳамдилӣ» бо чунин ҳодисаҳост. Ҳеҷ далеле наметавонад сафедкунандаи ин амалҳо бошад, вале гоҳо мешунавем, ки мегӯянд «магар ин ҷавони бечора дигар илоҷ дошт?" Пайдоиши чунин саволҳо ва чунин далелтарошиҳо хатарноктар аз худи ин ҳодисаҳост ва бояд сари ин фикр кард.  Сониян, набояд бо қабули қонунҳо ва санадҳои шубҳанок ба дасти онҳо баҳона дод.

Дар муносибат бо дину масоҷид ва дигар арзишҳои мазҳабӣ бояд хеле бо эҳтиёт рафтор кард. Танҳо як омил наметавонад ба танҳоӣ чунин ҳолатро ба вуҷуд биёрад. Инҷо маҷмӯъи омилҳост, ки бояд бо ҳар кадомаш ҷиддӣ мунсибат кард. Мо ҳамчун Наҳзат чӣ кор карда метавонем? Агар тавониста бошем, ки як қисми потенсиали мазҳабии ҷомеъаро бо фаъолияти худ дар дар чорчӯби қонун ва манофеъи милливу давлатӣ нигаҳ бидорем, пас ин худ кори кам нест.

Чун табиист, ки ин ҷойи холикардаи моро ҳизбҳои дунявӣ пур карда наметавонанд ва ин майдон ба дигарон ҳавола мешуд, ки то ҳол натавонистаанд дар қолаби қонун кор кунанд. Ҳар чи қадар пеши роҳи моро ба таври сунъӣ бигиранд ва ҷойи моро танг карданӣ шаванд, ҳамон қадар заминаро барои пайдоиши ин ҳодисаҳо бештар кардаанд. Умед дорам ки маро дуруст мефаҳманд, чун ин масъала хеле ҳассос аст ва эҳтимоли суйитафоҳум ҳам вуҷуд дорад.

Мушкилии асосии масъулини соҳаи динии  мо дар он аст, ки то ба ҳол равиши муносиби ҳамкорӣ бо исломи муътадилро пайдо карда натавонистаанд ва ҳар гоҳ дар ин бора бигӯем, дӯстон хафа мешаванд. Фикр мекунанд, ки ҳама корро худашон хуб мефаҳманд ва хуб иҷро карда метавонанд. Ҳеҷ натавонистанд муносибатро аз рақобат ба мушоракат табдил бидиҳанд.

Аз ин ҳолат гурӯҳҳо ва афроди фурсатталаб хуб истифода мекунанд. Агар муносибат ва бархурд ислоҳи решаӣ наёбад, танҳо василаҳои қудратӣ ва амниятии ҳали масъала мемонад, ки камсамартарин ва пурхарҷтарин васила ҳам ҳамин  аст.

-Ташаккури зиёд барои сӯҳбати хеле ҷолиб.

-Ташаккур ба шумо. Худо ҳофиз.

Мусоҳиб Султони Ҳамад, сардабири сомонаи мустақили ҷамъитиву сиёсии www.ruzgor.tj

Шарҳҳо   

 
+2 #10 Guest 12.04.2011 14:58
Мuhiddin Kabiri roh ba sui Amriko.. :lol: . Safarho ba Amriko tasir rasondaast. Ba pesh. :P
 
 
+1 #9 Guest 12.04.2011 10:56
Овозҳо Начиб:
Овозҳо Бегона:
И чи тари муллоай ки Риш надора? Ё ки уже алови чашм-ша гирифтан?...

Ты МРГ чени даханут гап зан. Кори ту чияй мефораш риш мемона намефораш не


Гуфти кудако кори ма корай, дар .... хорай... Начиб дар хами саволи ма тура чиба зур омад?! Ха бача у як сарбози катории хизби нест, ки Риш надошта боша, у Рохбарай.. Тамоми рахбархои хизбхои исломии дунё Риш доранд. Барои хами ма савол додумша...
 
 
+3 #8 Guest 12.04.2011 10:53
Овозҳо Cалим:
Кабири ба тадрич сисатмадори сатхи чахони шуда истодааст. Посуххояш хеле окилона хастанд. Аслан сиёсати дурустро пеш гирифтааст. Ин сиёсат барояш натичаи хуб хохад овард


Рост гуфти бародар посуххояш сиёсатмадорона вале аз хакикат дур...
 
 
+3 #7 Guest 11.04.2011 22:18
Товба...Дигар хами одамо кор надоран. Кору борут чияй ки РИШ дора ё надора. Алови чашмша гирифтан ё нагирифтан. Кароче биё ба харчи начаспем. Зато кору боруш тенчай хамиш басай..........
Неки рост мега хаму бародар чаноби Кабири чида шумо риш надорен????
 
 
+2 #6 Guest 11.04.2011 20:22
Овозҳо Бегона:
И чи тари муллоай ки Риш надора? Ё ки уже алови чашм-ша гирифтан?...

Ты МРГ чени даханут гап зан. Кори ту чияй мефораш риш мемона намефораш не
 
 
+3 #5 Guest 11.04.2011 19:32
Кабири ба тадрич сисатмадори сатхи чахони шуда истодааст. Посуххояш хеле окилона хастанд. Аслан сиёсати дурустро пеш гирифтааст. Ин сиёсат барояш натичаи хуб хохад овард
 
 
+3 #4 Guest 11.04.2011 19:24
Ассалому алейкум ва рахматуллохи ва борокотух. Баъд 38 - умин солгарди Хизби Нахзати Исломии Точикистонро бар тамоми мухлисону хаводорону аъзоён табрик мегуям. Иллохо хазорсола шавад. Омин
 
 
-1 #3 Guest 11.04.2011 19:22
И чи тари муллоай ки Риш надора? Ё ки уже алови чашм-ша гирифтан?...
 
 
+3 #2 Guest 11.04.2011 19:19
Яъне, окои Мухиддин Кабири мутмаин аст, ки мо тачрибаи муколама ва халли мусолихатомезро дорем. Хоб агар мо тачриба дошта бошем пас чаро аз хамин тачриба дар водии Рашт истифода бурда нашуд? Чаро он муколамаи мегуфтагии шумо дар ин вазъият натича надод?
Хоб масъалаи дигар ин фасод. Ба хама пушида нест, ки Фасод дар хама чоддаи ичтимоиву сиёсиву фарханги реша давондааст. Дар тамоми чабха бе фасод, бе додани ришва кор пеш намеравад. Оё ин маънои онро надорад, ки мо дар Фасод гутта задаем?
Аз шумо кормандони сомона ва аз окои Мухиддин Кабириро хохиш дорам дар ин бора яке каме рушан харф занад, шояд ман дар кучое сарфахм нарафта, ё хатое карда бошам. Зеро чавоби ин суолхоро бисёрихо интизоранд. Боки дар амони Худо…
Бо эхтиром мухлиси Шумо. Suhrobi Vaznin
 
 
+3 #1 Guest 11.04.2011 19:19
Салом ба кормандони сомонаи "Рузгор" ман баъди мутолиаи сухбати шумо бо яке аз шинохтатарин ва чавонтарин сиёсатмадор, Раиси Хизби Нахзати Исломии Точикистон окои Мухиддини Кабири мутолиа кардам. Вокеан эшон хеле хуб ба суолхо посух додаанд. Вале маро як чавоби он дар мавзуи "Ин ғулом ибни ғулом ибни ғулом, Ҳуррият андешаи ӯро ҳаром", каноъатманд нагардонд, Эшон чунин изхори акида намуданд: "…Солҳои баъдиро пешгӯйи кардан душвор аст, вале роҳбарияти ин кишварҳо метавонанд ҳамагуна ходисаҳои эҳтимолиро пешгирӣ намоянд. Шанси пешгирӣ кардани чунин ҳолатҳо дар Тоҷикистони мо нисбат ба ҳама ҳамсоягон бештар аст. Аввалан, мо таҷрибаи муколама ва ҳалли мусолаҳатомези масоилро дорем, ки дар ҳама ҳолат кӯмакамон менамояд. Сониян, низоми сиёсӣ то он ҳад ба худкомагӣ ва фасод фурӯ нарафтааст, ки дигар натавонад худро аз он берун бикашад… "
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ