11:47:26 01-уми Июли 2025 сол

КАБИРӢ: ҶОИ НОУМЕДӢ НЕСТ, ВАЛЕ БЕПАРВО БУДАН ХАТАР ДОРАД

15-уми апрели соли ҷорӣ аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ аз 38-умин солгарди таъсиси ин ҳизб- нахустин Ҳизби расмии исломӣ дар Осиёи Марказӣ таҷлил ба амал меоваранд. Дар арафаи ин ҳамоиш хабарнигори сомонаи мустақили ҷамъиятиву сиёсии www.ruzgor.tj бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили мардумӣ дар Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон мусоҳибае доир намуд, ки инак мӯҳтавои онро пешкашатон менамоем.

-Солгарди навбатии ҳизбро ҲНИТ имсол дар кадом вазъ таҷлил мекунад? Дар фаъолияти  сиёсии худ ҲНИТ дар тӯли як сол ба кадом натиҷаҳое расидааст? Бурду бохтҳои онро мухтасаран ёдовар мешудед?

Kabiri ruzgor.tj- Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон. Бо истифода аз фурсат ҳамаи аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро ба солгарди  таъсиси ҲНИТ табрик намуда, ба онҳо устуворӣ ва иродаи комилро аз Худованд таманно дорам. Зеро, дар роҳе ки мо дорем, устуворӣ ва матонат омилҳои хеле муҳим ба ҳисоб мераванд ва ҳамин омилҳо буданд ки ин ҳизбро пойдор ва бардавом нигаҳ доштааст. Таҷлили навбатии солгарди ҳизб дар шароите рост омад, ки сӯҳбатҳо атрофи он дар маҳофили сиёсӣ ва матбуотӣ хеле зиёд аст. Имсол барои мо хеле пурҳодиса буд ва дар таърихи ҳизб ҳамчун пурчолиштарин сол пас аз мусолаҳа сабт хоҳад шуд.

Аз интихоботҳо шурӯъ карда, то талошҳо барои кашонидани пойи мо ба ҳодисаҳои Рашт, манъи намоз дар бинои ҳизб ва ахиран доман задании баҳси бастани ҳизб. Албатта, ҳизби мо аз рӯзи таъсисаш бо ингуна мушкилот ҳамсафар будааст ва ҳолатҳои аз ин сангинро ҳам паси сар кардааст. Бузургтарин дастоварди мо дар соли гузашта ин контроли эҳсосот ва ҳифзи оромишу суботи дохилиҳизбӣ ва дода нашудан ба ҳамагуна провокатсияҳо буд.

Мо инак ба хулоса омадем, ки дар долонҳои расмӣ доираҳое вуҷуд доранд, ки дониста ё надониста хидмати бадхоҳони миллату давлати моро карда истодаанд ва ҳамеша дар фикри он ҳастанд ки бо коре, дастуре, навиштае муносибати нерӯҳои аслии кишвар, ба хусус, тарафҳои сулҳро вайрон намоянд . Ҳарчи кадар ки фосила байни тарафҳои сулҳу ваҳдат дур гашт, ҳамон қадар осебпазирии кишвари мо бештар мегардад ва инҳо нуқтаи заъфро хуб дарк кардаанд.

Осонтарин роҳ барояшон аз мо душман тарошидан дар чашми масъулини баландпояи давлатӣ мебошад ва ба гӯши масъулин доим талқин менамоянд, ки ҲНИТ хатар дорад. Ин пеш аз ҳама ба хотири он аст, ки назарҳоро аз хатарҳои воқеъӣ дур намоянд ва диққат ба тарафи дигар ҷалб шавад. Натиҷаҳои воқеъии интихоботҳои гузашта ва ҳодисаҳои Рашт ба ин доираҳо имкон дод, ки бори дигар "хатари" моро пурранг нишон диҳанд, вале ишораҳои ахири Президент ҳангоми вохурӣ бо зиёиён ва суханрониҳои наврӯзӣ нишон доданд, ки бар хилофи ҳама талошҳояшон натавонистаанд то ба охир "хатартарошӣ" намоянд. Агарчӣ, бетаъсир набудааст ва тӯли сол мо инро эҳсос намудем.

-Тақрибан ним сол муқаддам Шумо дар яке аз мусоҳибаҳои худ дурнамои суботи кишварро хеле нигаронкунанда арзёбӣ карда будед. Ва дар ҳақиқат, баъдан воқеаҳое рух доданд, ки боиси ташвишу нигаронии ҳам ҳукумат ва ҳам ҷомеъа гардиданд. Ба фикри Шумо имрӯз вазъи амниятӣ, сиёсӣ, иқтисодии кишвар чӣ гуна аст?

- Имрӯз вазъи дохилии кишвар, ба хусус дар минтақаи Рашт оромтар  гаштааст, вале дар маҷмӯъ ҳанӯз ҳам нигаронкунанда аст. Омилҳои бесуботкунандаи дохилӣ вуҷуд доранд, вале онҳо дар баробари омилҳои хориҷӣ хеле ночиз мебошанд. Агар имрӯз бигӯям, ки вазъияти амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодии мо комилан ором ва босубот аст, шояд бисёре аз масъулини мо чунин баҳогузориро мусбат қабул намоянд ва ҳатто хурсанд ҳам шаванд. Вале ин хидмати хирсона ва хок пошидан ба чашм мебуд.

Масъулияти мо кӯмак кардан ба мақомот бо роҳи нишон додани дастовардҳо ва камбудиҳост. Оне, ки вазъи амниятии мо нисбат ба тирамоҳи соли гузашта бехтар аст, шаке нест ва бояд таъкид шавад. Ин худ дастовард аст. Вале, вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мо бадтар гашт ва шояд дар ояндаи наздик беҳбудӣ наёбад ва набояд ин масъала нодида гирифта шавад. Дар минтақаи мо таҳаррукоти норавшане сурат мегиранд, ки ба амнияти кишвари мо рабти бевосита доранд ва эҳтимоли зиёд меравад, ки масъулин аз он огоҳанд. Ҷои ноумедӣ нест, вале бепарво будан ҳам хатар дорад.

-Вазъи сиёсии кишварҳои арабӣ, ба хусус шимолӣ Африқо, хеле муташанниҷ аст. Коршиносони рус ба ин назаранд, ки ин мавҷи тазоҳуроти мардумӣ тобистон бо эҳтимоли зиёд кишварҳои Осиёи Марказиро низ фаро мегирад. Шумо ба ин тазоҳурот чӣ гуна баҳо медиҳед? Ба фикри Шумо пешгӯиҳои коршиносони рус воқеият доранд? Агар ҳа, пас кадом тадобири ҳукуматҳои ин мамолик метавонанд аз беназмиҳои эҳтимолӣ пешгирӣ намоянд?

-Миллатҳои арабӣ ва шимоли Африқо дигар натавонистанд ҳукуматронии тӯлонии як нафар ё як гуруҳ, фасоди идориву молӣ, интихоботҳои дурӯғинро таҳаммул намоянд ва косаи сабр лабрез шуд. Бисёриҳо ба ҷасорат ва нерӯйи мардум бовар надоранд ва талош мекунанд ки ин ҳамаро бозиҳои кадом кишвари ғарбӣ ё шарқӣ нишон диҳанд.

Бовар кунед, Ғарб ҳеҷ намехост, ки Мубораку Бен Аливу Қаззофӣ бираванд ва то лаҳзаи охир талош кард, ки онҳо бимонанд. Арзонтарин нефтро аз Либия Италияву Фаронса мегирифтанд ва Миср на танҳо бо Исроил робитаи дипломатӣ дошт, балки газро ба онҳо аз аҳолии худаш арзонтар мефурӯхт. Чӣ зарурат дошт, ки ин ҳокимони худкома, вале муттаҳаму сарсупурдаи худро иваз намоянд? Ханӯз Ибни Халдун дар "Муқаддима"-аш садсолаҳо пеш гуфта буд, ки умри як ҳукумат (на давлат) аз умри як инсон камтар аст.

Суқути ин низомҳои худкома дер ё зуд  ҳатман сурат мегирифт. Аммо, бо аксари пешгуйиҳо дар бораи Осиёи Марказӣ розӣ нестам. На ба хотири он, ки омилҳои инқилобӣ инҷо вуҷуд надоранд ё камтаранд. Баръакс, вазъ дар инҷо шояд бадтар бошад ва сатҳи зиндагии бисёре аз мардуми Осиёи Марказӣ аз миллатҳои африқоӣ ҳам поинтар аст. Масъала сари он аст, ки дар минтақаи мо пуртоқаттарин миллатҳо зиндагӣ менамоянд ва тӯли таърих омилҳои зиёде боис гаштанд, ки ин миллатҳо дорои сабру таҳаммули бештаре бошанд.

Шароити сахти ҷуғрофӣ, тӯлонӣ зистан дар муҳити сарбастаи сиёсӣ ва иттилоотӣ, ноогоҳӣ аз оддитарин ҳуқуқ ва озодии инсон ва аз ҳама муҳимаш, ҳамеша саркӯб шудани ҳаракатҳо ва ҷунбишҳои озодихоиву адолатҷуйӣ ин миллатҳоро аз насл ба насл дар ҳолати қаноатпешагӣ ва тарси фитрӣ аз қудрату ҳокимият нигаҳ доштааст. Ба гуфти Иқбол:

Ин ғулом ибни ғулом ибни ғулом,

Ҳуррият андешаи ӯро ҳаром.

Миллати тоҷик як талоше барои озод гаштан аз сарпарастии "бародарони бузургаш" солҳои навад кард,  вале  бетаҷрибагӣ ва бегонапарастии худамон боис гашт, ки "бародарони бузург" ин ҳаракатро ба ҷанги  дохилӣ табдил бидиҳанд ва ҳамагуна андешаву ҷасорати миллиро барои ҳақталошӣ ҳади ақал дар як насл саркӯб карданд.

Оне, ки дар Қирғизистон ду бор рух дод, инқилоб набуданд, табадуллотҳои дохилиқасрӣ буданд, ки ҳоло натиҷаашон маълум нест. Бинобар ин, дар Осиёи Марказӣ имкони такрори ин ҳодисаҳоро тобистони оянда хеде заъиф мебинам, вале имкони табаддулотҳо вуҷуд дорад, ки ин ба миллатҳо рабт надошта, мушкилии худи элитаҳост. Солҳои баъдиро пешгӯйи кардан душвор аст, вале роҳбарияти ин кишварҳо метавонанд ҳамагуна ходисаҳои эҳтимолиро пешгирӣ намоянд. Шанси пешгирӣ кардани чунин ҳолатҳо дар Тоҷикистони мо нисбат ба ҳама ҳамсоягон бештар аст.

Аввалан, мо таҷрибаи муколама ва ҳалли мусолаҳатомези масоилро дорем, ки дар ҳама ҳолат кӯмакамон менамояд. Сониян, низоми сиёсӣ то он ҳад ба худкомагӣ ва фасод фурӯ нарафтааст, ки дигар натавонад худро аз он берун бикашад. Шояд ҳали мушкилоти иқтисодӣ душвортар бошад ва вақт бигирад, вале барои ҳалли масоили сиёсӣ, мисли интихоботҳои шаффоф ва додани озодиҳои бештар танҳо ирода ва хоҳиш лозим аст, на чизи дигар. 

Иродаву хоҳиши лозима ҳам дар роҳбарият вуҷуд дорад, мемонад ки онро аз сатҳи ният ба сатҳи амал поин овард ва Тоҷикистон ҳатман вориди марҳалаи нав мегардад. Шояд мо аз ҳад зиёд оптимист ҳастем, вале воқеан диламон мехоҳад ки як ҷомеъаи босубот ва орому пешрафта дошта бошем.

-Дар бораи фаъолияти парлумонии ҲНИТ дар давраи баъди интихоботи гузаштаи парлумонӣ чанд сухан мегуфтед? Чаро намояндаи Шумо дар интихоботи миёндавраи дар ҳавзаи интихоботии Сино аз сабти ном шудан иҷтиноб варзид?

- Фаъолияти парлумонии мо аз давраи пешина фарқи зиёд надорад. Албатта, дар Парлумон тағйироти кадрӣ сурат гирифт, ки моҳиятан бояд дигаргуние шавад. Зеро ҳар кас шева ва услуби кори худро дорад. Вале, дар маҷмӯъ ба фаъолияти парлумонии мо таъсири зиёд надорад. Аммо ҳизби мо ба интихоботи гузашта омодагии хуб дида буд, аз кори худ ва натиҷаҳои он пурра қонеъ нестем. Тамоми потенсиали ҳизб истифода нашуд. Агарчӣ, бисёриҳо инро ҳам барои кишваре мисли Тоҷикистон аз ҳад зиёд медонанд ва ҳатто, тактикаи интихоботии моро як навъ «қудратнамоӣ» донистанд.

Шарҳҳо   

 
+2 #10 Guest 12.04.2011 14:58
Мuhiddin Kabiri roh ba sui Amriko.. :lol: . Safarho ba Amriko tasir rasondaast. Ba pesh. :P
 
 
+1 #9 Guest 12.04.2011 10:56
Овозҳо Начиб:
Овозҳо Бегона:
И чи тари муллоай ки Риш надора? Ё ки уже алови чашм-ша гирифтан?...

Ты МРГ чени даханут гап зан. Кори ту чияй мефораш риш мемона намефораш не


Гуфти кудако кори ма корай, дар .... хорай... Начиб дар хами саволи ма тура чиба зур омад?! Ха бача у як сарбози катории хизби нест, ки Риш надошта боша, у Рохбарай.. Тамоми рахбархои хизбхои исломии дунё Риш доранд. Барои хами ма савол додумша...
 
 
+3 #8 Guest 12.04.2011 10:53
Овозҳо Cалим:
Кабири ба тадрич сисатмадори сатхи чахони шуда истодааст. Посуххояш хеле окилона хастанд. Аслан сиёсати дурустро пеш гирифтааст. Ин сиёсат барояш натичаи хуб хохад овард


Рост гуфти бародар посуххояш сиёсатмадорона вале аз хакикат дур...
 
 
+3 #7 Guest 11.04.2011 22:18
Товба...Дигар хами одамо кор надоран. Кору борут чияй ки РИШ дора ё надора. Алови чашмша гирифтан ё нагирифтан. Кароче биё ба харчи начаспем. Зато кору боруш тенчай хамиш басай..........
Неки рост мега хаму бародар чаноби Кабири чида шумо риш надорен????
 
 
+2 #6 Guest 11.04.2011 20:22
Овозҳо Бегона:
И чи тари муллоай ки Риш надора? Ё ки уже алови чашм-ша гирифтан?...

Ты МРГ чени даханут гап зан. Кори ту чияй мефораш риш мемона намефораш не
 
 
+3 #5 Guest 11.04.2011 19:32
Кабири ба тадрич сисатмадори сатхи чахони шуда истодааст. Посуххояш хеле окилона хастанд. Аслан сиёсати дурустро пеш гирифтааст. Ин сиёсат барояш натичаи хуб хохад овард
 
 
+3 #4 Guest 11.04.2011 19:24
Ассалому алейкум ва рахматуллохи ва борокотух. Баъд 38 - умин солгарди Хизби Нахзати Исломии Точикистонро бар тамоми мухлисону хаводорону аъзоён табрик мегуям. Иллохо хазорсола шавад. Омин
 
 
-1 #3 Guest 11.04.2011 19:22
И чи тари муллоай ки Риш надора? Ё ки уже алови чашм-ша гирифтан?...
 
 
+3 #2 Guest 11.04.2011 19:19
Яъне, окои Мухиддин Кабири мутмаин аст, ки мо тачрибаи муколама ва халли мусолихатомезро дорем. Хоб агар мо тачриба дошта бошем пас чаро аз хамин тачриба дар водии Рашт истифода бурда нашуд? Чаро он муколамаи мегуфтагии шумо дар ин вазъият натича надод?
Хоб масъалаи дигар ин фасод. Ба хама пушида нест, ки Фасод дар хама чоддаи ичтимоиву сиёсиву фарханги реша давондааст. Дар тамоми чабха бе фасод, бе додани ришва кор пеш намеравад. Оё ин маънои онро надорад, ки мо дар Фасод гутта задаем?
Аз шумо кормандони сомона ва аз окои Мухиддин Кабириро хохиш дорам дар ин бора яке каме рушан харф занад, шояд ман дар кучое сарфахм нарафта, ё хатое карда бошам. Зеро чавоби ин суолхоро бисёрихо интизоранд. Боки дар амони Худо…
Бо эхтиром мухлиси Шумо. Suhrobi Vaznin
 
 
+3 #1 Guest 11.04.2011 19:19
Салом ба кормандони сомонаи "Рузгор" ман баъди мутолиаи сухбати шумо бо яке аз шинохтатарин ва чавонтарин сиёсатмадор, Раиси Хизби Нахзати Исломии Точикистон окои Мухиддини Кабири мутолиа кардам. Вокеан эшон хеле хуб ба суолхо посух додаанд. Вале маро як чавоби он дар мавзуи "Ин ғулом ибни ғулом ибни ғулом, Ҳуррият андешаи ӯро ҳаром", каноъатманд нагардонд, Эшон чунин изхори акида намуданд: "…Солҳои баъдиро пешгӯйи кардан душвор аст, вале роҳбарияти ин кишварҳо метавонанд ҳамагуна ходисаҳои эҳтимолиро пешгирӣ намоянд. Шанси пешгирӣ кардани чунин ҳолатҳо дар Тоҷикистони мо нисбат ба ҳама ҳамсоягон бештар аст. Аввалан, мо таҷрибаи муколама ва ҳалли мусолаҳатомези масоилро дорем, ки дар ҳама ҳолат кӯмакамон менамояд. Сониян, низоми сиёсӣ то он ҳад ба худкомагӣ ва фасод фурӯ нарафтааст, ки дигар натавонад худро аз он берун бикашад… "
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ