05:37:55 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

ДИДОРИ ПРЕЗИДЕНТИ ЛАТВИЯ АЗ ТОҶИКИСТОН

Дар нахустин рӯзи дидори расмии Валдис Затлерс, раиси ҷумҳури Латвия, аз Тоҷикистон се санади ҳамкорӣ дар заминаҳои иқтисодӣ, саноеъ, илмию фаннӣ ва иртибототи ҳамлу нақлии байналмилалӣ миёни ду кишвар ба имзо расид.

Валдис Затлерс субҳи рӯзи шанбеи 11 июл ба манзури анҷоми дидоре чаҳоррӯза аз Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе, пойтахти ин кишвар, шуд. Пас аз анҷоми маросими истиқбол аз ӯ, ки дар Кохи Миллат, воқеъ дар маркази шаҳри Душанбе, сурат гирифт, Валдис Затлерс ва Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти якбаяк баргузор карданд. Сипас музокироти раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Латвия бо ширкати ҳайъати мақомоти баландпояи ду кишвар сурат гирифт.

Дар поёни имзои асноди ҳамкорӣ, Валдес Затлерс, раиси ҷумҳури Латвия, ба Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷикаш, орден ё нишони олии "Се ситора" -и давлати Латвияро эъто кард. Ба навбаи худ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ордени "Исомили Сомонӣ"-ро, ки нишони олии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ба Валдес Затлерс эъто кард.

ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДӢ

Эмомалӣ Раҳмон дар кунфронсе матбуъотӣ дар ҳоле ки аз дидори расмии Валдис Затлерс ба ин кишвар истиқбол кард, гуфт имзои асноди ҳамкорӣ миёни ду кишвар имкон хоҳад дод, то равобити Тоҷикистон бо Латвия дар заминаҳои иқтисодӣ, саноеъ, илмию фаннӣ ва иртибототи утумубилии байналмилалӣ бештар густариш пайдо кунад.

Ба қавли Президент Раҳмон, “мулоқот бо раиси ҷумҳури Латвия дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, ошкор ва созанда сурат гирифт, ки метавонад такони ҷиддие дар равобити ду кишвар дошта бошад.”

Оқои Раҳмон ифтитоҳи парвози ҳавопаймо миёни Душанбе ва Риго, пойтахти Латвия, дар ду моҳ қаблро маҳсули ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар арзёбӣ кард. Аммо раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки ҳар ду кишвар дорои захоири фаровоне ҳастанд, ки то ҳол мавриди истифода қарор нагирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба узвияти Латвия дар Иттиҳодияи Урупо истифода аз бандарҳои соҳили Болтикро барои ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои урупоӣ зарурӣ хонд.

Вай гуфт ба мақомоти кишвар дастур додааст, то мавзӯъи воридоти ашёи хом барои Корхонаи олуминиюми Тоҷикистон, мавсум ба ТАЛКО, ва содироти маҳсулоти олуминиюм ба Урупо аз тариқи бандарҳои воқеъ дар Латвияро баррасӣ кунанд.

Ҳамчунин раиси ҷумҳурии Тоҷикистон муътақид аст, ки ТАЛКО метавонад терминолеро дар бандарҳои воқеъ дар Латвия роҳандозӣ кунад, ки аз ин тариқ имконоти хуби ҳамкорӣ барои воридоту содироти колоҳо вуҷуд хоҳад дошт.

ДАРВОЗАИ УРУПО

Ин дар ҳолест ки Валдес Затлерс, раиси ҷумҳурии Латвия, аз кишвараш ба унвони "дарвозае барои пайвастани Тоҷикистон бо Иттиҳодияи Урупо" ном бурд ва гуфт : “Мо омодаем барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои урупоӣ кумаки фаровоне кунем.”

Вай гуфт: “Сафар ба Тоҷикистон қадами муҳиммест дар ҷоддаи ҳамкориҳо на танҳо бо ин кишвар, балки бо минтақаи Осиёи Марказӣ, ки метавонад омили тавсеъаи пойдор гардад. Пружеҳои зиёди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон вуҷуд доранд, вале дар ин сафар ҳайъате аз бозаргонони латунӣ заминаҳои ҳамкориро боз мушаххас хоҳанд кард, ки умед аст ба манофеъи ҳар ду кишвар ва бахусус мардумони тоҷику латунӣ хоҳад буд.”

МАСОИЛИ АФҒОНИСТОН 

Дар ҳамин ҳол, Валдес Затлерс, раиси ҷумҳури Латвия, нақши Тоҷикистонро дар истиқрори суботу амният ва тавсеъаи иқтисодӣ дар Афғонистон муҳим талаққӣ кард.

Вай гуфт: “Тоҷикистон на танҳо ба унвони ҳамсоя ба ин кишвар кумаки мустақим мекунад, балки мусоъидати ин кишвар ба ироаи кумаки башардӯстонаи кишварҳои дигар, ки дар таъмини амният ва тавсеъаи иқтисодии Афғонистон саҳим ҳастанд, маҳсус аст.”

Ба гуфтаи оқои Затлерс, нерӯҳои латунӣ низ дар марзи Афғонистон бо Покистон, дар минтақаи Кописо, машғули фаъолиятҳои башардӯстона ҳастанд. Дар ин росто Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, низ омодагии ин кишварро барои кумаку мусоъидат ба интиқоли колоҳои ғайринизомӣ ва низомии Латвия ба Афғонистон эълом кард.

Ба гуфтаи оқои Раҳмон, ин кишвар дар муддати 18 соли ахир дар ҷиҳати истиқрори сулҳу субот ва тавсеъаи иқтисодии Афғонистон ба унвони ҳамсояи наздик кумак карда ва "барои Афғонистони орому осуда" боз ҳам талош хоҳад кард.

Ба таъкиди оқои Раҳмон, аҳдофи терурисми байналмилалӣ, бавижа гурӯҳи Толибон, на танҳо Афғонистон ва Тоҷикистон, балки куллия Осиёи Марказист, ки хатари ҷиддӣ барои минтақа ва ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Президент Раҳмон гуфт: “Тоҷикистон, ки даҳшати ҷангро аз сар гузарондааст, дар ҷиҳати муқобала бо зуҳуроти номатлуби терурисм бо Эътилофи байналмилалии алайҳи терурисм ҳамкорӣ дорад ва куллия имконот, аз ҷумла ҳарими ҳавоии кишварро барои мубориза алайҳи ин хатари ҷаҳонӣ дар ихтиёри кишварҳои узви эътилоф дар Афғонистон гузоштааст."

Ба ин тартиб, соҳибназарон сафари Валдис Затлерс, раиси ҷумҳури Латвия ба Тоҷикистонро, ки узви НОТУ ва Иттиҳодияи Урупо аст, барои тақвияти ҳамкориҳои на танҳо дуҷонибаи ин ду кишвар, балки дар ҷиҳати таъмини амнияти минтақаӣ, бавижа дар Афғонистон муҳим медонанд.

Раиси ҷумҳури Латвия дар ҷараёни сафари худ ба Тоҷикистон бо Маҳмадсаъид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе, ва Оқил Оқилов, нахуствазири ин кишвар, низ дидору гуфтугӯ кард. Қарор аст оқои Затлерс фардо аз шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, дидан кунад.


Вай ҳамчунин, дар охирин рӯзи сафараш ба Тоҷикистон, бо корхонаи олуминиюми Тоҷикистон, масвум ба ТАЛКО, дар шаҳри Турсунзода, воқеъ дар 70-килуметрии ғарби шаҳри Душанбе, ошно хоҳад шуд. Дидори расмии Валдис Затлерс аз Тоҷикистон шоми душанбеи 13 июл бо ширкат дар ҳамоиши муштараки бозаргонони тоҷику латунӣ дар шаҳри Душанбе ба поён хоҳад расид.

Нахустин дидори расмии Валдис Затлерс аз Тоҷикистон посухе ба дидори расмии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури ин кишвар ба Риго, пойтахти Латвия дар феврали соли ҷорӣ аст.

Дар ҷараёни дидори расмии оқои Раҳмон аз Латвия чанд санади ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ ба имзо расида буд. Зимнан, Тоҷикистон равобити дипломутик бо Латвияро дар соли 1994 оғоз кардааст.

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi