15:17:49 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

"ДЕГ"-И ПОРЛУМОН. КАФЛЕС БА ДАСТИ КИСТ?

Вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон пеш аз таътил аз фаъолияти яксолаи худ натиҷагирӣ хоҳанд кард. 

Оё дар ин як соли ахир дар деги порлумони Тоҷикистон чӣ чиз ҷӯшиду пухт, ба кафлес чӣ омад ва ба косаи шаҳрвандон чӣ чизе рехт? Оё қонунҳои нав мушкили мардумро дар давраи бӯҳрон сабуктар кард ё баракс ба сахтӣ сахтиҳои нав фзуд? Дар куҷо кори вакилон комёбона буд ва дар куҷо баракс?

Тибқи яке аз қонунҳои нав, ки маҷлис ба тасвиб расонд аз якуми июли соли равон мӯҳлати пешбинишуда барои нигоҳ доштани паранда, ҳайвоноти хонагӣ ба истинои гурбаву саг ва парандаҳои кӯчаки ғайриистеъмолӣ дар қаламрави шаҳри Душанбе ба поён хоҳад расид ва бар асоси ислоҳоти ворида ба қонун аз сӯи Маҷлиси намояндагон сокиноне, ки ин муқарраротро нақз мекунанд, муҷозот хоҳанд шуд. 

Хонуме, ки мегуфт зиндагии худ ва фарзандонашро аз ҳисоби фурӯши шири говаш таъмин мекунад, дар баробари ин тасмими порлумон лолу музтар мондааст. 

Аммо тасмими порлумон барои манъи парвариши ҳайвонот дар шаҳр танҳо санаде нест, ки нигаронӣ ва нороҳатиҳои шаҳрвандонро ба бор оварда бошад.

Ҳамин тавр ислоҳот ба қонуни роҳҳои автомобилгард ва фаъолиятҳои роҳдорӣ, тасвиби қонун дар бораи ипотека, ки харидуфурӯши замини киштро иҷоза медиҳад ва ҳамин тавр тасдиқи тарҳи тозаи қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ дар порлумони Тоҷикистон дар як соли охир бо вокунишҳои мухталиф ва умдатан манфии ҷомеаи кишвар мувоҷеҳ шудаанд.

Зеро ба бовари бештари таҳлилгарон ва коршиносон ин қавонин ба ҷойи ҳалли мушкилот душвориҳои наверо дар кору зиндагии мардум ба миён овардааст. 

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва вакили ин ҳизб дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон мегӯяд порлумони кишвар дар соли ҷорӣ кадом амале фарқкунанда дар қиёс бо солҳои пешинро анҷом надодааст. Баракс қавонине таҳия ва тасвиб шуд, ки тавассути онҳо манофеи афроди алоҳида ҳимоят мешавад.

Зимнан бархе аз таҳлилгарони тоҷик раъйи порлумонро барои пулакӣ шудани роҳҳои автомобилгард дар қаламрави кишварро як амали носанҷида ва зараровар хонданд.

Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон гуфт, Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар аксари маворид ба ҳаводис ва иттифоқоти муҳими кишвар бо таъхир расидагӣ мекунад ва чунин ба назар мерасад, ки порлумон аз ҳаёт чанд қадам қафотар гом мезанад. Вале, афзуд ӯ, эҳсос мешавад, ки порлумон амалан дар ҳимояти суди гурӯҳҳои хос бештар талош мекунад. Вагарна дар шароите, ки ваҳдати миллӣ ба як раванд табдил мешавад пулакӣ кардани роҳи ба самти қисмати шимоли кишвар ин ҳама талошҳоро бесамар месозад.

Аммо бархе дигар аз коршиносон бо ишора ба адами риояти таносуби шохаҳои қудрат дар низоми ҳокимияти Тоҷикистон мегӯянд, ҳанӯз порлумони Тоҷикистон шохаи мустақил ва соҳиби салоҳияти зарурӣ нашудааст. Ва порлумони Тоҷикистон умдатан хостаҳои ҳокимияти иҷроияро бароварда месозад. Қосими Бемуҳаммад коршиноси мустақили тоҷик мегӯяд, дар чунин вазъ наметавон аз маҷлис интизороте дошт, ки битавонад дар роҳи таҳия ва тасвиби қонун ва дигар асноди ҳуқуқӣ мустақилона тасмим бигирад.

Ба ин тартиб ин охирин таътили тобистонаи порлумони имрӯзаи Тоҷикистон хоҳад буд.

Вакилони Маҷлис бар изофаи наздик ба ду моҳи таътил ҳамчунин дар анҷоми он як моҳи дигар бо интихобкунандаҳои хеш вохӯриҳо хоҳанд дошт. Ва кори порлумон дар моҳи октябр шурӯъ мешавад.

Аммо бештари таҳлилгарон ва коршиносон мӯътақиданд, ки то замоне дар ҳайати порлумон намояндагони аҳзоби мухталиф ворид нашаванд ва то замоне ки аксарияти курсиҳои порлумон дар ихтиёри як ҳизб боқӣ мемонад, гумон аст, ки маҷлис битавонад манофеи ҷомеаро бар манофеи гурӯҳӣ тарҷеҳ бидиҳад.

Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi