ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ҶАДИДИ МУШТАРАК
Дар шаҳри Хуҷанд корхонаи муштараки нассоҷии Тоҷикистону Эрон фаъол шуд. “Хуҷанд-Некӯ”, ин корхонаи муштараки нассоҷӣ, аз сӯйи ширкати тоҷикистонии «Хуҷанд – Инвест - Коттон» ва ширкати эронии “Некӯ” таъсис шудааст.
Маросими расмии ифтитоҳи ин корхона рӯзи шанбеи 27 июн бо ширкати раиси ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон бо сафари панҷрӯза дар вилояти Суғд қарор дорад. Президент Раҳмон дар маросими ифтитоҳи ин корхона гуфтааст, ки бо фаъол шудани ин ширкат ҳудуди 170 сокини ин минтақа бо ҷойи кор таъмин шуда, солиёна ҳудуди дувуним ҳазор тунн нахи панба коркард хоҳад шуд.
Оқои Раҳмон ҳамчунин хабар додааст, ки ҳоло сохтмони се корхонаи дигари нассоҷӣ дар навоҳии Зафаробод, Мастчоҳ ва Спитамени ин вилоят идома дорад. Вай афзудааст, ки дар сурати фаъол шудани ин се корхонаи дигар, дар вилоят ҳамасола ҳудуди бист ҳазор тунн нахи панба коркард хоҳад шуд.
Ба гуфтаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои ин тарҳҳо дар ҷорчуби Барномаи вижаи давлати кишвар дар бораи рушди арсаи коркарди нахи панба сурат мегирад.
Тибқи ин барнома, интизор меравад, то соли 2015 Тоҷикистон куллия нахи панбаи тавлиди худро дар дохили кишвар коркард хоҳад кард. Ба ин манзур, дар ҷануби кишвар низ сохтмони чанд корхонаи нассоҷӣ идома дорад.
Зимнан, тибқи иттилоъи Вазорати саноеъ ва энержии Тоҷикистон, ҳоло дар ин кишвар танҳо ҳудуди сӣ дарсади нахи панбаи тавлиди ин кишвар коркард мешавад. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола кишоварзони тоҷик ба сурати мутавасcит ҳудуди 240 ҳазор тунн нахи панба тавлид мекунанд.
Дар ҳоли ҳозир корхонаҳои нассоҷии кишвар зарфияти коркарди танҳо 73 ҳазор тунн нахи пахтаро доранд.
Вале ба гуфтаи коршиносон, фаъолияти корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон, ки дар даврони шуравии эҳдос ва муҷаҳҳаз шудаанд, муассир нест ва колоҳои тавлидоти ин корхонаҳо дар бозорҳои кишварҳои хориҷӣ муштариёни зиёд надорад.
Ба унвони мисол гуфта мешавад, ки корхонаи нассоҷии шаҳри Душанбе, ки дар замони шуравӣ солиёна то 25 ҳазор тунн нахи панбаро мавриди коркард қарор медод, ҳоло танҳо ҳудуди 5 ҳазор тунн панбаро ба порча ва коло табдил медихад.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 26 июн, Президент Раҳмон ҳамчунин дар ифтитоҳи бахши нахустини корхонаи мавсум ба “Ширкати муштараки коркарди маъодини Тоҷикистону Чин” дар маҳалли кони Олтин – Топкан ширкат кард.
Ин корхона ҳамакнун метавонад солиёна ҳудуди 300 ҳазор тунн маъодини фулузи руӣ ва сурбро коркард кунад. Баъд аз сохтмони комили ин ширкат, ин рақам ба беш аз як милюн тунн хоҳад расид.
Ҷониби Чин барои роҳандозии кори ин ширкат 180 милюн сомонӣ ё беш аз 40 милюн дулор сармоягузорӣ кардааст. Интизор меравад барои сохтмони марҳилаи дувум боз ҳудуди сад милюн сомонӣ сармоягузорӣ шавад.
Дар гузашта Олтин – Топкан яке аз бузургтарин кони маъодини сурб ва фулузи руӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешуд. Аз соли 1948 то соли 1996 дар ин корхона дар маҷмуъ беш аз 845 ҳазор тунн сурб ва 943 ҳазор тунн фулузи руӣ истихроҷ шудааст.
Президент Раҳмон дар маросими ифтитоҳи ин корхона пешниҳод кардааст, ки исми ин кони маъодин аз “Олтин – Топкон” ба “Зарнисор” табдил шавад. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон авомили ин амрро идомаи раванди эҳёи номҳои таърихии маҳаллаҳои кишвар ва ивази номҳои қадимӣ ба исмҳои зебо унвон кардааст.
Оқои Раҳмон ҳамчунин аз раванди таъсиси корхонаҳои ҷадиди санъатӣ дар вилояти Суғд истиқбол кардааст. Ба гуфтаи вай, дар зарфи панҷ соли ахир дар ин вилоят 80 корхонаи ҷадиди санъатӣ сохта шуда, фаъолияти 26 корхонаи дигар, ки дар гузашта аз кор монда буданд, азсар гирифта шудааст.
Президент Раҳмон афзудааст, ки ба манзури “эҷоди кишвари воҳид” давлати Тоҷикистон бо ширкатҳои чинӣ барои сохтмони роҳи оҳан аз Душанбе ба Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, вориди музокирот шудааст ва таҳияи асноди фанниву молӣ барои иҷрои ин тарҳ оғоз шудааст.
Ба гуфтаи оқои Раҳмон, чиҳил дарсади зарфияти санъатии Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Суғд воқеъ аст ва эҷоди роҳи оҳан миёни минтақаҳои марказӣ ва шимолии кишвар як амри зарурӣ аст.
BBC