03:42:16 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

КОҲИШИ МУЪТОДОН БА ГЕРОИН ДАР ТОҶИКИСТОН

 

Як масъули Оҷонсии назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон мегӯяд гузоришҳо ҳокист, ки теъдоди мӯътодони героинӣ дар қаламрави ин кишвар рӯ ба коҳиш аст.

Алишер Ташрифов, раиси бахши назорати қонунии маводди мухаддири Оҷонсии назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 24 июн ба Би-би-сӣ гуфт, ки теъдоди мӯътодон ба маводди мухаддир дар муқоиса бо соли гузашта афзоиши чандоне надоштааст.

Ҳарчанд манобеъи ғайрирасмӣ теъдоди мӯътодон ба маводди мухадирро беш аз 40 ҳазор нафар медонанд, аммо бар асоси гузориши Оҷонсии мубориза алайҳи маводди мухаддир, дар авоили соли ҷорӣ теъдоди мӯътодон ба маводди мухаддир дар қаламрави кишвар 8645 нафар арзёбӣ шуда буд.

Ба гуфтаи оқои Ташрифов ин рақам дар авоили соли 2008 беш аз 8500 нафар буд. Аммо таҳлили Оҷонсии мубориза бо маводди мухаддир ҳокист, ки аз куллия афроди мӯътод ба ин маводд, шумори мӯътодони героинӣ рӯ ба коҳиш аст.

Он гуна, ки Алишер Ташрифов гуфт, тибқи гузоришҳо ҳамакнун теъдоди мӯътодони героинӣ дар қаламрави кишвар 75 дарсади куллияи мӯътодон ба маводди мухаддирро ташкил медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оқои Ташрифов, дар муддати чанд соли ахир, оморҳо аз ҳудуди 83 дарсади мӯътодони героинӣ ҳикоят мекард.

Ин масъули Оҷонсии мубориза алайҳи маводди мухаддир иҷрои барномаҳои мухталифи ҷилавгирӣ аз нашъамандӣ ва авоқиби истифода аз маводди мухаддир дар миёни ақшори мухталифи ҷомеъаро омили рӯ ба коҳиш ёфтани мӯътодони героинӣ медонад.

Ба гуфтаи вай, бештари мӯътодон ба маводди мухаддир аз авоқиби эътиёд сабақ гирифта ва дарк кардаанд, ки паёмадҳои истифода аз героин, ки марговар аст, боъиси нобудии онҳо мегардад.

Оқои Ташрифов ҳарчанд омореро дар ин замина ироа накард, вале гуфт дар чанд соли ахир мавориди фавти бархе аз сокинони кишвар бар асари эътиёд ба героин ба мушоҳида расидааст.

Марказҳои офиятбахшӣ

Ин дар ҳолест, ки Вазорати тандурустӣ ё беҳдошти Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ барои ҷилавгирӣ аз эътиёд ба маводди мухаддир, ки рӯзи сешанбе бо ширкати масъулони куллия ниҳодҳои давлатӣ баргузор шуд, пешниҳод кардааст, ки барои муътодон ба маводди мухаддир марокизи офиятбахшӣ таъсис дода шавад.

Масъулони ин вазоратхона мегӯянд, таъсиси ин марокиз имкон хоҳад дод, то афроди мӯътод ва бемор на танҳо мавриди ташхис ва мудово қарор бигиранд, балки шуғле барои худ пайдо кунанд.

Ин дар ҳолест, ки масъулони Оҷонсии мубориза алайҳи маводди мухаддир бекориро яке аз сабабҳои аслии эътиёди ҷавонон ба маводди мухаддир медонанд.

Афзун бар ин, вазорати тандурустӣ иҷрои барномаҳои таблиғотӣ дар миёни ақшори мухталифи ҷомеъа, бахусус донишомӯзони мадорисро гоме муҳим барои муқобала бо нашъамандӣ ва коҳиши ҷароими марбут ба маводи мухаддир талаққӣ мекунад.

Ин дар ҳолест, ки омода кардани мутахассисон барои ҷилавгирӣ аз мавориди нашъамандӣ ва иртикоби ҷароими марбут ба маводди мухаддир дар дастури кори Вазорати маъориф ё омӯзишу парвариши Тоҷикистон будааст.

Он гуна, ки масъулони ин вазорат дар нишасти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ иттилоъ доданд, дар Донишкадаи такмили тахассуси омӯзгорон, мутаъаллиқ ба ин вазорат, муддати ду моҳи оянда беш аз 500 тан аз омӯзгорон ба унвони мутахассис дар умури мусоъидат ба раванди муқобала бо нашъамандӣ ва ҷароими марбут ба маводди мухаддир омода карда мешаванд.

Таблиғот алайҳи нашъамандӣ

Мутталеъ сохтани шоигирдони мадорис ва аз ин тариқ боло бурдани сатҳи огоҳӣ ва маърифати ҷавонон аз паёмадҳои нашъамандӣ ва зуҳуроти номатлуби он аз аҳдофи аслии ин тарҳ унвон шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии мубориза алайҳи маводди мухаддир аз рӯзи панҷшанбе ба муносибати рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи маводди мухаддир дар қаламрави Тоҷикистон иҷрои тадобири вижаеро дар назар гирифтааст.

Масъулони ин ожонс мегӯянд ин амалиёт дар ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷавонон дар вилоёти Бадахшон, Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва навоҳии ҳумаи он баргузор хоҳад шуд, ки ҳадафи он басиҷ кардани сокинон барои муқобала бо нашъамандӣ ва ҷароими марбут ба маводди мухаддир аст.

Интизор меравад ин амалиёт рӯзи 26 июн, ки бо рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи маводди мухаддир мусодиф аст, дар шаҳри Душанбе бо баргузории тадобири мухталифи тафреҳӣ ва таблиғотӣ таҳти шиъори “Пойтахт бидуни маводди мухаддир” ҷамъбаст шавад.

BBC 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi