02:17:05 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КАБИРӢ: «ФУРӮШИ САҲМИЯҲО ОЁ ХИЛОФИ ҚОНУН НЕСТ?»

Нокомии ҲНИТ дар мурофиаи Суди Конститутсионӣ, таассурот аз ширкат дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ, омодагиҳо ба интихоботи қарибалвуқўъи парлумонӣ, ширкат дар бунёди НБО-и Роғун аз мавзӯъҳое буданд, ки хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» дар сӯҳбат бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар миён гузоштааст.

 

-Мусоҳибаи  мо дақиқан баъди чанд лаҳзае сурат мегирад, ки  ҳизби Шумо аз мурофиаи Додгоҳи Қонуни асосӣ, ки онҷо шикояти Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон аз болои тасмими КМИР баррасӣ мешуд, ноком берун шуд. Оё Шумо метавонед муштариёни моро  мухтасаран вориди ин қазия бисозед ва илали нокомии хешро дар ин Додгоҳ ба онҳо бигӯед?

 

-Дар ҳақиқат, аз тасмими Суди Конститутсионии ҶТ дар бораи рад намудани даъвои мо нороҳат ҳастем, чун умеди охирини мо Суди Конститутсионӣ буд. Баъд аз он ки шикояти такрории мо ба мақомоти болоии Суди Олии ҶТ  бенатиҷа анҷом шуд, тасмим гирифтем, ки ба Суди Конститутсионӣ ҳамчун ниҳоди болотаре муроҷиат кунем. Вале мутаассифона, он ҷо ҳам ноком шудем. Далели асосии ноком шуданамонро ман дар он мебинам, ки Суди КонститутсионииҶТ як тасмими сирф сиёсӣ гирифт.

 

Он заминаи ҳуқуқӣ надошт. Агар масъаларо аз дидгоҳи ҳуқуқӣ баррасӣ мекард, ҳатман он бояд ба нафъи мо ҳал мешуд. Моҳияти масъала дар он аст, ки вакили дуввуми ҲНИТ дар Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон устод Муҳаммадшарифи Ҳимматзода истеъфо доданд ва тибқи қисми дуввуми моддаи 57-и «Қонуни ҶТ дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ» бояд, ки аз рӯйи рӯйхат нафари баъдӣ ба ҷойи он кас вориди Маҷлиси Намояндагон мешуданд. Вале Комиссияи Марказии Интихобот ва Раъйпурсӣ (КМИР) қисми 4-уми моддаи мазкурро далел ҳисоб кард ва бо қарори худ ворид шудани нафари дуввуми  намояндаи моро  ба Маҷлиси Намояндагон мамнӯъ эълон кард.

 

Сабаб дар чӣ буд? Қисми 4-уми моддаи 57 мегӯяд, ки як сол пеш аз интихоботи Маҷлиси Намояндагон  гузаронидани интихоботи такрорӣ мумкин нест. Ва чун истеъфои устод Ҳимматзода камтар аз як сол анҷом шуда буд, онҳо ҳаминро далел карданд. Ҳол он ки  қисми 2-и моддаи 57 пешбинӣ мекунад, ки дар сурати аз ваколати худ даст кашидани вакил нафари баъдӣ бидуни шарт ва истисно метавонад ҷойи ӯро ишғол кунад.

 

Барои рӯйхати вакилони ҳизбҳо соли 2005 аллакай интихобот анҷом шуда буд ва баргузории ҳеҷ гуна интихоботи такрорӣ зарурат надорад ва мо бо ҳамин далел муроҷиат кардем, то ин ки нафари дуввуми худро ба Маҷлис бифиристем. Вале, мутаассифона, ягон саволи мо ҷавоби ҳуқуқӣ пайдо накард. Ҷавобҳо умумӣ буданд ва ҳама иштирокчиёни мурофиа ба ин натиҷа расиданд, ки тасмими Суди Конститутсионӣ ҳам мисли тасмими судҳои дигар тасмими сиёсӣ буд, на ҳуқуқӣ.

 

- Навакак ҷаласаи гайринавбатии Шӯрои ҷамъиятӣ баргузор гардид. Шумо яке  аз ширкаткунандагони он будед. Мехостам таассуроти хешро аз ин ҷаласа баён мекардед?

 

-Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ, ки бо ширкати Президенти ҶТ сурат гирифт, аз нигоҳи мо ҷаласае буд, ки аз ҷаласаҳои қаблӣ каме фарқ мекард. Дар он самимияти бештаре ҳис мешуд. Албатта ҳама вохӯриҳо бо Президент як вижагии хос доранд. Аз самимият бархурдоранд. Вале дар ин ҷаласа банда самимияти бештареро эҳсос кардам.

 

Мушкили мо ҳамеша дар он аст, ки то кадом дараҷа самимияти Президент дар ваъдаҳо, дар гуфтаҳо ва дар иқдомҳо дар маҳалҳо, дар мақомоти поёнии ҳокимияти давлатӣ идома пайдо мекунанд ва амалӣ мешаванд. Мо ҳамин гуна ваъдаҳои самимонаи Президентро дар интихоботи соли 2005 ҳам доштем ва воқеан эҳсос мешуд, ки Президент мехоҳад, ки интихоботҳо демократӣ ва шаффоф бошанд.

 

Вале вақте, ки дар марҳалаи амал ва анҷомшавии ин ваъдаҳо мерасем, мебинем, ки ҳокимияти маҳал ва масъулин, ки аксаран аз Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон ҳастанд, дар иҷрои ваъдаҳои Президент ба камбудиҳо роҳ медиҳанд. Ва ин ҷо як саволи табиӣ ба вуҷуд меояд, ки «Оё ваъдаҳое, ки Президент дар ҳузури ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва аз тариқи радио ва телевизион медиҳад, ин ҳамон ҳарфҳое ҳаст, ки ба дигар масъулин ҳам мегӯяд, ё ин ки, воқеан, дар ин ҷо як сӯҳбатҳои дигаре ҳаст ва масъалагузориҳои дигаре ҳаст, ки ҷомеа аз он огоҳ нест ва ба масъулин супоришҳои дигар дода мешавад.

 

Вале аз он рафтори ахире, ки масъулини ҳокимияти давлатӣ карданд, масалан, вақте мо масъалаи ҷойро бардоштем, надоштани толор барои гузаронидани анҷуман, Президент супориш дод, ки дарҳол иҷро шуд. Ин маънои онро дорад, ки дар ин ҷо духурагие вуҷуд надорад ва танҳо зарур аст, ки Президент чунин супоришҳоро бештар ва шаффофтар дар ҳузури ҷомеъа бидиҳад, то ин ки мардум огоҳ бошанд чӣ гуна ваъда ва супориш дода шуд ва баъдан худи мардум иҷроиши онро аз масъулин талаб кунад. Ба ҳар сурат умеди мо баъд аз ин ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ нисбат ба шаффофияти интихобот бештар гашт, агарчӣ эҳтимоли зиёди такроршавии тақаллуб ва қонуншиканиро мо сарфи назар нахоҳем кард.

 

-Чанд рӯз пас маъракаи пешазинтихоботии Интихоботи вакилони Парлумон оғоз мешавад. ҲНИТ бо кадом омодагиҳо ба ин маърака ворид мешавад?

 

-Агар фардо, билфарз интихоботи вакилони Парлумон эълон карда шавад, ҲНИТ омодагии комил дорад, ки дар он ширкат кунад. Мо тақрибан имрӯз 80 дар сад омода ҳастем ва номгӯйи ҳавзаҳои якмандатие, ки дар он ҳизби мо номзад пешниҳод мекунад, мушаххас аст ва тақрибан рӯйхати номзадҳои мо дар ҳавзаи якмандатӣ ҳам омода ҳаст.

 

Мо омодагии охирин худро барои такмили номзадҳо дар ҳавзаҳои маҳаллӣ гирифта истодаем. Тақрибан метавон гуфт, ки омодагии комил ва беҳтарро нисбат ба интихоботҳои солҳои 2000 ва 2005  имрӯз дорем. Илова бар ин ҲНИТ тасмим гирифтааст, ки як иддаъ аз роҳбурдҳо ва методҳои нави таблиғоти интихоботиро истифода барад. Албатта як қисми аз онҳо сир нест, вале мо кӯшиш мекунем, ки онро то шурӯъи маърака ҳамчун сир нигоҳ дорем. Иншоаллоҳ, ки ҳамватанони азиз ва интихобкунандагони гиромии мо дар марҳалаҳои баъдӣ аз баъзе иқдомҳо ва роҳбурдҳои нави ҲНИТ огоҳ хоҳанд шуд.

 

-Воқеан, ҲНИТ яке аз аввалинҳо буд, ки эълом дошт саҳмияҳои НБО-и Роғунро харидорӣ мекунад. Бо кадом далоил Шумо ба ин иқдом даст задед?

 

-Дар ҳақиқат, ҲНИТ яке аз аввалинҳо шуд, ки омодагии худро барои хариди саҳмияҳои НБО Роғун эълон кард ва мо ин иқдоми худро ҳамчун иқдоми сиёсӣ медонем барои ҷонибдорӣ кардан аз ин пружаи воқеан  муҳим ва стротегии миллӣ. Вале бояд мушаххас кард, ки қоидаҳои бозӣ дар ин ҷо чӣ гуна аст? Чӣ гуна метавон саҳмияҳоро харид? Пеш аз он ки ин саҳмияҳо ба фурӯш бароварда шаванд, аввал мо бояд қонунгузории кишварро тағйир диҳем.

 

Зеро тибқи қонунгузории кишвар НБО-и Роғун моли истисноии давлатӣ ҳаст ва наметавонад ҳатто барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам хусусӣ гардонда шавад. Барои ин бояд, ки аввал қонунгузорӣ дигар карда шавад, тағйироту иловаҳо ворид карда шавад, баъдан оиномаи ин ширкат сабти ном гардад, ки он ширкати ҷамъияти  саҳҳомии пӯшида мешавад ё кушода мешавад ва тамоми қоидаҳои ворид шудан ба ин ширкат бояд ки шаффоф бошад ва шаҳрвандон тавонанд, ки ё ширкатҳо ва корхонаҳое, ки мехоҳанд саҳм бихаранд, тавонанд, ки тибқи қонун саҳмия бигиранд, зеро хатари такроршавии тақдири НБО Сангтӯда вуҷуд дорад.

 

Як маротиба мардуми тоҷик аз Сангтӯда саҳмияҳоро харидорӣ кард, вале баъдан мутаассифона, тақдири ин саҳмияҳо номушаххас монд. Ва то ба ҳол ҳеҷ кас ҷавоб нагуфтааст, ки  тақдири ин саҳмияҳо чӣ шуд, мардум чӣ гуна даромади худро аз ҳисоби саҳмияҳои харидаашон бигиранд. ҲНИТ ба он хотир ворид мешавад, ки аввал ин пружаи муҳими сиёсӣ ва стротегии миллиро ҷонибдорӣ кунад, дуввум аз тариқи ширкати бевосита дар ин сохтмон назорати шаффофияти онро кунад. Вагарна чӣ гуна як ҳизби сиёсӣ метавонад, бидуни он ки шарик бошад, шаффофияти тамоми равандҳо ва амалҳоеро, ки дар ин сохтмони бузург анҷом дода мешавад, зери назар дошта бошад.

 

-Беш аз сел сол аст, ки ҲНИТ зери роҳбарии Шумо фаъолият карда истодааст. Шумо дар ин муддат чи дастовардхое доштаед ва чӣ камбудиҳое? Оё адами муассис ва раҳбари собиқи ҲНИТмарҳум устод Нурӣ дар фаъолияти шахсии Шумо эҳсос мешавад? Оё метавонед мисолҳои мушаххас биёред? Барои зинда нигоҳ доштани ёди устод Нурӣ чӣ корҳоеро анҷом додед ва дар ин наздикиҳо  чӣ корҳоеро анҷом доданӣ ҳастед?

 

- Албатта суоли шумо, ки дар ин се соли раҳбарии мо дар ҲНИТ чӣ тағйиротҳо ба вуҷуд омад ва оё мо дастовард ва камбудиҳое доштем ва чӣ корҳоеро барои гиромидошти марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ кардем, суоли муҳим аст. Аз як тараф се сол муддати кам нест то ин ки як тағйиротҳое ворид карда шавад, вале барои ҲНИТ, ки як ҳизби арзишмеҳвар ҳаст ва раҳбару муассиси худро аз даст додааст, ҳифзи ин ҳизб ва нигоҳ доштани ин сохтор дар шакли пешина ин худ як дастоварди муҳим буд.

 

Ва Худоро шукр мегӯем, ки аввал бо кӯмаки Худованд ва баъдан бо ёрии бародарон ва хоҳарони ҳизбӣ, инчунин бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи маънавии устод Муҳаммадшарифи Ҳимматзода мо тавонистем, ки дар ин солҳои гузашта чунин як талафоти бузургеро мисли аз даст додани устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо корҳои дигар ҷуброн кунем ва алҳамдулиллоҳ, имрӯз ҳизб побарҷо ҳаст ва илова бар он, албатта ман шахсан худам бояд ин ҳарфҳоро назанам, вале бо ишора ва таҳлили аксари коршиносон мо дар солҳои ахир на танҳо тавонистем, ки аз ин шок берун биёем, балки ҳизбро бо як нирӯ ва чеҳраи ҷадид дар байни ҷомеъа бишносонем.

 

Имрӯз ҳазорҳо ҷавонон довталабона аъзои ҲНИТ шуда истодаанд ва сафи бародарони мо рӯз ба рӯз зиёд мешавад. Ин худ маънои онро дорад, ки дар муддати се сол мо дастовардҳое ҳам доштем. Албатта аз камбудӣ низ  холӣ набудем. Дар фаъолияти мо шояд, ки камбудҳоямон аз дастовардҳоямон бештар бошад. Ва яке аз камбудиҳое, ки банда эътироф мекунам, он аст, ки натавонистем он барномаҳоеро, ки дар марҳилаи аввали ба дӯш гирифтани масъулият эълон карда будем, то ба охир бирасонем.

 

Масалан раванди ҷавонгароии мо ҳанӯз ҳам идома дорад ва то ба охир нарасидааст. Як каме заъф дар марҳалаҳо доштем. Вале соли ахир мо тавонистем бо фаъолияти беҳтар дар самти ҷавонгароӣ ин камбудиҳоро каме ҷуброн кунем ва ҳоло, алҳамдулиллоҳ, метавон гуфт, ки аксари камбудиҳое, ки дар дохили ҳизб ҳаст, онҳо ҳалли худро пайдо карданд. Воқеан, набудани устод Нурӣ ҳамчун як шахсияти ҳаризматикӣ ва шахсияте, ки дорои сифатҳои хоси раҳбарӣ ва маънавӣ буданд, эҳсос мешавад. Ва назари мо ин аст, ки ҳеҷ кас дар Тоҷикистон наметавонад ҷойи эшонро бигирад. Аслан бояд дар ин самт талош ҳам накунанд.

 

Чун эшон як шахсияти истисноӣ буданд. Агар мо, шогирдон тавонем, ки андеша ва ҳадафҳои эшонро дар ҳаёт татбиқ кунем, пас ин хизмати бузурги мо ҳаст барои эшон ва иншоаллоҳ, ки рӯҳи эшон аз мо шод хоҳад буд. Мо барои зинда нигоҳ доштани ёди устоди марҳум чорабиниҳои зиёде дорем. Албатта набояд ба ҳадди таърихпарастӣ бирасем. Ё ба истилоҳ гаравгони гузашта будан барои як ҳизби сиёсӣ чандон хуб нест. Вале ҳар як ҳизб бояд, ки устураҳои худро, идеалҳои худро, шахсиятҳои калидии худро дошта бошад ва чӣ дар ҳаёт ва чӣ баъди ҳаёт ёди онҳоро ҳамеша  зинда нигоҳ дорад ва талош кунад, ки ҳамеша аз хатти маш, ҳадаф ва ормонҳое, ки эшон доштанд, берун наравад.

 

Барои мисол ҲНИТ тасмим гирифтааст ва ин аллакай амалӣ шуда истодааст, ки ҳар сол як чорабинии илмӣ- омавӣ дар мавзӯъҳои гуногун дар шабу рӯзҳои зодрӯзи устоди марҳум баргузор кунад. Мо ҳар сол ин чорабиниро анҷом дода истодаем. Имсол низ ният дорем, ки ба муносибати зодрӯзи эшон боз як чорабинии илмӣ-оммавӣ гузаронем. Инчунин эълон карда будем, ки як ҷойизаи сулҳи минтақавии ба номи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ таъсис дода мешавад.

 

Албатта ин кор бо назардошти он фазое, ки дар кишвар ҳаст, бештар вобастагӣ ба мушкилоти техникӣ ва таъсисӣ дорад, ки то ба ҳол анҷом нашудааст. Вале мо корро дар ин самт идома дода истодаем ва иншоаллоҳ, ки билохира сабти ном хоҳад шуд ва мо ният дорем, ки шахсиятҳои  маъруфи кишварро аз ҷумлаи муассисин ва кумитаи тасмимгирандаи ин ҷойиза пешниҳод кунем.

 

-Дар  ин муддати се сол  дар зиндагии шахсии Шумо чи навигариҳову тағйиротҳое ба вуқӯъ пайвастанд?

 

-Дар ин муддат дар зиндагии шахсии мо тағйирот ва навигариҳои зиёде рух доданд. Албатта дар муддати ин се сол бузургтарин тағйирот дар ҳаёти шахсии  банда ин таваллуди ду фарзанди азиз, духтарчаам Зайнаб ва писарчаам Абдулвосит ҳаст. Бо дарназардошти он, ки масъулиятҳо хеле зиёд ҳастанд ва серпаҳлӯ, мутаассифона, кам метавонем дар тарбияи эшон саҳм бигирем. Ин масъулияти бузург бештар ба дӯши ҳамсарам гузошта шудааст.

 

Вале аз тарафи дигар эҳсос кардам, ки  по мондани мо дар сиёсати калон, ба хусус масъулияти ҳизбро ба дӯш гирифтан як тағйиротҳое дар шахсияти мо ҳам ворид кард. Масъулиятшиносӣ бештар шуд. Агарчӣ ҳаҷми кор кам набуд, вале вуҷуди устоди марҳум як каме ба мо сабукӣ мебахшид, чун буд як нафаре, ки худаш ҷавоб мегуфт. Мо корро анҷом медодем, вале ҷавоби ниҳоиро он кас медоданд, масъулияти асосӣ ба дӯши он кас буд. Имрӯз тамоми масъулият ба дӯши мо ҳаст ва агар дастоварде бошад, дастоварди ҳама ҳаст. Ҳамагон аз он дастовард қадрдонӣ мекунанд ва моли худ медонанд.

 

Вале агар камбудие, Худое накарда рух диҳад дар ин масир, камбудӣ ҳатман моли раҳбар дониста мешавад ва ин воқеият ҳаст. Мо ҳам бояд онро ба дӯш бигирем. Аз тарафи мо ҳеҷ гоҳ масъултятгурезӣ нахоҳад шуд. Навигариву тағйирот дар ҳаёти мо дар ин се сол тақрибан ҳамин аст. Воқеан, дуруст аст, ки ба масоили шахсии худ мо камтар расидагӣ мекунем. Аз ин ҷиҳат бо истифода аз фурсат аз тамоми наздикон, дӯстон ва аҳли хонадон узрхоҳӣ ҳам мекунем, ки наметавонем ба таври бояду шояд дар хизмати онҳо бошем. Ва иншоаллоҳ, боварӣ дорем, ки онҳо моро дарк хоҳанд кард. Зеро сиёсатмадор дигар моли худ ва моли наздиконаш нест, балки моли ҷамъият ҳаст. Худоро шукр мекунам, ки наздикони ман инро хуб дарк кардаанд.

 

-Ба ҳар ҳол шояд Шумо  дар фаъолияти сиёсатмадории худ дар давоми шабонарӯз чанд лаҳзаи фориғ аз корро низ  пайдо мекунед. Ҳамин лаҳзаҳоро  ба ғайр аз тарбияи фарзандон боз ба  кадом корҳо сарф месозед?

 

- Дар ҳақиқат, вақти холӣ хеле кам ба мо даст медиҳад. Ба хусус ҳангоме, ки дар дохили кишвар бошем. Вале ба ҳар ҳол ин лаҳзаҳои кӯтоҳро ман маъмулан ба варзиш ва хондани китобу рӯзномаҳо сарф мекунам. Албатта дар хизмати бародарон дар федератсияи тӯби дастии Тоҷикистон ҳам ҳастем. Масъулияти роҳбарии ин ниҳодро ба дӯш дорем. Агарчӣ бевосита ба бозӣ машғул намешавам, вале назорати корҳои иҷроӣ ва ташкили мусобиқаҳо, инчунин кӯмакҳои лозимиро барои анҷом додани бозиҳо ва сафарҳои хориҷӣ карда истодаем. Албатта  ба ин масъалаҳо низ бояд вақти бештаре ҷудо кунем. Фикр мекунам, баъди маъракаҳои интихоботӣ вақти бештаре, иншоаллоҳ, хоҳем дошт.

 

- Агар ягон таманное дошта бошад барои муштариёни сомонаи «Рӯгор», марҳамат бифармоед.

 

-Бо истифода аз фурсат  муносиб мехостам ба тамоми  кормандони торнигори «Рӯзгор», ки  воқеан як падидаи ҷадиде дар матбуоти кишвар ҳаст, миннатдории хешро баён кунам, чун бо дидгоҳҳои хос ва тозаи худ, бо нигоҳе, ки аз дигарон фарқ мекунад, вориди майдон шудаанд ва холигие, ки дар ин бахши матбуотии кишвар буд, онро пур карда истодаанд. Ба онҳо барори кор мехоҳам. Иншоаллоҳ, ки мо аз ҷумлаи хонандагони он будем ва хоҳем монд ва боварӣ дорам, ки  сафи хонандагони он рӯз то рӯз бештар хоҳад шуд.

 

Мусоҳиб Султони Ҳамад,

махсус барои сомонаи «Рӯзгор»

http://www.ruzgor.tj/siyosat/1296-kabiri-furushi-sahmiyaho.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi