14:14:28 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Суханронӣ дар мулоқот бо масъулону фаъолони ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон

Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ!

Моҳи июни соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва масъулони соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон масъалаҳои марбут ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоятро мавриди баррасӣқарор дода, бо мақсади татбиқи яке аз ҳадафҳои миллиамон - таъмини амнияти озуқавории мамлакат иҷрои бетаъхири як қатор вазифаҳоро ба миён гузошта будем.

janob_jilikul_2014.jpgЗеро ҳадафи мазкур қисми таркибӣ ва муҳимтарини ҳифзи иқтисоди миллӣ буда, яке аз роҳҳои амалӣ намудани он таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ тавассути истифодаи самараноки замин ва захираҳои об мебошад. Ҳукумати мамлакат дар доираи стратегияву барномаҳои давлатӣ ва дигар тадбирҳо барои ноил шудан ба ин ҳадаф аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодааст.

Ҳамзамон бо ин, масъалаҳои тезонидани раванди беҳсозии некӯаҳволии мардуми кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ташаккули табақаи миёнаи аҳолӣ таҳти назорати доимии давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад.

Бояд гуфт, ки хусусан солҳои охир тавассути заҳмати созандаву бунёдкоронаи мардуми мамлакат афзоиши бемайлони нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар таъмин шуда истодааст.

Ноҳияи Ҷиликул яке аз мавзеъҳои калонтарини кишоварзӣ буда, мардуми заҳматкаши он бо истифода аз шароити мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои мавҷуда саҳми ватандӯстонаи худро барои пешрафти диёр ва Ватани хеш мегузоранд.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар l0 соли охир ҷиҳати таъмин намудани фаъолияти босуботи бахшҳои гуногуни ноҳия ва дастгирии буҷети он аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ 215 миллион сомонӣ равона карда шудааст.

Дар ин давра дар ноҳия татбиқи 9 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ анҷом дода шуда, амалисозии 3 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар ин доира то имрӯз қариб 15 миллион сомонӣ азхуд карда шудааст.

Дар доираи лоиҳаҳои мазкур як қатор масъалаҳои соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика ва маорифу тандурустӣ мавриди чораҷӯӣқарор дода шудааст.

Аз ҷумла биноҳои таълимии мактабҳои таҳсилоти миёна дар ҷамоатҳои Нури Вахш ва Деҳқонобод ҳар яке бо 8 синфхона сохта шуда, муассисаҳои тиббии ноҳия бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудааст.

Ҳамзамон бо ин, дар давоми 4 соли оянда дар доираи лоиҳаҳои амалишудаистода барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва объёрии заминҳо, ҳифзи муҳити зист ва маориф 21 миллион сомонӣ равона карда мешавад.

Дар робита ба ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки ҷиҳати татбиқи босифати лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва хароҷоти шаффофу самараноки маблағҳо мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамчунин Вазорати молия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати истифодаи ҳарчи бештари имкониятҳои дохилии ноҳия ва пайдо намудани сарчашмаҳои иловагии даромади буҷет тадбирҳои судманд андешанд.

Илова бар ин, Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ҷиликул барои солҳои 2012-2016, ки бо қарори Ҳукумати мамлакат тасдиқ гардидааст, аз 156 адад лоиҳаҳои афзалиятнок иборат буда, барои татбиқи он 185 миллион сомонӣ, аз ҷумла тавассути буҷети давлатӣ 58 миллион сомонӣ ва сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ 114 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳоло дар доираи татбиқи Барномаи рушди ноҳия ба маблағи умумии 15 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд, ки он ҳамагӣ 8 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад. Яъне амалишавии он суст ҷараён дорад.

Аз ин лиҳоз, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷилликул зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусӣҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур чораҳои зарурӣ андешида, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетиро таъмин намояд.

Ҳукумати кишвар рушди соҳибкориро ҳамчун омили муҳимми ба шуғл фаро гирифтани сокинон ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум арзёбӣнамуда, дар ин самт ҳамаи заминаҳои меъёрии ҳуқуқии мусоидро фароҳам овардааст.

Дар ин ҷода, аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣҳаҷми пешниҳоди маблағҳо ба аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкории ноҳия торафт зиёд гардида истодааст.

Масалан, қарзҳои пешниҳодшуда дар 10 соли охир 14 баробар афзоиш ёфта, ҳаҷми онҳо дар соли 2013 ба 35 миллион сомонӣ баробар шудааст.

Вале бояд гуфт, ки дар як қатор шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар ноҳияи Ҷиликул, фаъолияти соҳибкорӣ асосан хариду фурӯш ва миёнравиву хизматрасониро дарбар мегирад, ки чунин раванд дар роҳи таъмин намудани рушди устувору дарозмуддат нокифоя мебошад.

Ҳол он ки рушди соҳибкории истеҳсолӣ, аз ҷумла дар маҳалҳо таъсис додани корхонаҳои дӯзандагиву бофандагӣ, коркарди пӯсту пашм ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз самтҳои муҳимми беҳтар кардани шароити кору зиндагии аҳолӣ ва ташкили ҳазорҳо ҷойи нави корӣ мебошад.

Саноат яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ буда, истифодаи васеи технологияҳои пешқадам ва баланд бардоштани сатҳи техникии истеҳсолот омили рақобатпазир гардидани маҳсулот ба ҳисоб меравад.

Вале мутаассифона, дар ҳудуди ноҳияи Ҷиликул фаъолияти корхонаҳои саноатӣ то ҳанӯз суст ҷараён дошта, шумораи онҳо низ нисбат ба имкониятҳои мавҷуда хеле кам аст.

Бинобар ин, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки бо истифода аз нерӯ ва имкониятҳои созандаи сармоягузорону соҳибкорон ҷиҳати таъсиси корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, инкишофи саноати коркард ва бо ҳамин роҳ фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ соҳаи кишоварзии ноҳия метавонад саҳми бештар дошта бошад.

Тибқи маълумот агар соли 1992 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар ҳаҷми 110 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардида бошад, ин нишондиҳанда сол аз сол афзоиш ёфта, соли 2013 ба 332 миллион сомонӣ расидааст.

Дар ҳашт моҳи соли равон бошад, ба маблағи 231 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 фоиз зиёд мебошад.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту идораҳои дахлдор ва хоҷагиҳои кишоварзӣ вазифадоранд, ки ҷиҳати истифодаи боз ҳам самараноктари заминҳои корами мавҷуда ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии онҳо ва азхуд кардани заминҳои нав беш аз пеш чораҷӯӣ намоянд.

Зеро соли гузашта қариб ду ҳазор гектар заминҳои обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд, ки дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нишондиҳандаи аз ҳама баланд мебошад.

Илова бар ин, солҳои охир 1550 гектар заминҳои обӣ ба заминҳои партов мубаддал гардидаанд, ки тибқи таҳлилҳо яке аз сабабҳои асосии рух додани чунин ҳолат таъмини нокифояи об маҳсуб меёбад.

Аз майдони умумии заминҳои обии ноҳия беш аз 9 ҳазор гектар ба воситаи пойгоҳҳои обкашии мавзеи Ғаравутӣ бо об таъмин карда мешавад.

Вале то имрӯз аз 48 агрегати мавҷуда 18 адади он корношоям буда, қубурҳои баландфишори обпарто низ дар ҳолати садамавӣқарор доранд.

Бинобар ин, барои бо об таъмин намудани пойгоҳҳои барқӣ канали Янгиобод бояд ҳарчи зудтар барқарор ва соҳилбандӣ шуда, ҷӯйбори бетонии ин мавзеъ низ аз таъмири асосӣ бароварда шавад.

Дар робита ба ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ супориш дода мешавад, ки лоиҳаи таъмиру барқарорсозии канали Янгиободро омода намуда, ҷиҳати ба кор даровардани он тавассути ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ чораҳои бетаъхир андешанд.

Вазъи имрӯзаи бозорҳо, пеш аз ҳама боло рафтани нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар арсаи ҷаҳонӣ аз ҳамаи роҳбарон, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва умуман ҳар нафаре, ки дар ихтиёри худ як порча замин дорад, таваҷҷуҳи хосаро тақозо менамояд.

Яке аз роҳҳои асосии паст кардани сатҳи болоравии нархи молҳои ниёзи аввал дуруст ва самаранок ба роҳ мондани истифодаи обу замин, сари вақт ва тибқи талаботи агротехникӣ гузаронидани кишти барвақтӣ, асосӣ ва такрории зироатҳо ва дар ин замина зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахтаву ғалла, сабзавоту мева, картошка, лӯбиёгиҳо ва умуман бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо густариш додани соҳаи кишоварзӣ мебошад.

Тибқи маълумот кишоварзони ноҳия соли ҷорӣ дар масоҳати 233 гектар картошка ва 344 гектар пиёзи барвақтӣ кишт карда, мутаносибан 193 ва 326 - сентнерӣҳосил гирифтаанд.

Соли ҷорӣ дар масоҳати чоруним ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 54 гектар зиёд мебошад.

Вале ҳанӯз ҳам барои ба даст овардани ҳосили баланд аз кишти барвақтӣ ва такрории зироатҳо дар ноҳия имкониятҳо хеле зиёданд.

Танҳо зарур аст, ки масъулон ва роҳбарони хоҷагиҳо ба кори худ ҷиддӣ муносибат карда, ҳар як ваҷаб замини корамро самаранок истифода намоянд.

Иқлими ноҳия имконият медиҳад, ки боғу токпарварӣ ба яке аз соҳаҳои афзалиятнок дар минтақа табдил дода шавад.

Ин иқдом дар навбати худ боиси афзудани ҳаҷми истеҳсоли меваҷот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд гардидани некӯаҳволии сокинон шуда метавонад.

Вале дар ин самт рафти таъмини иҷрои барномаву нақшаҳо ва супоришҳои додашуда моро қаноатанд карда наметавонад.

Зеро ҳанӯз моҳи феврали соли 2011 зимни сафари Сарвари давлат ба ноҳия зикр гардида буд, ки тибқи нақша дар мавзеи Гаравутӣ дар давоми ду сол 780 гектар боғҳои нав бунёд карда мешавад.

Вале аз соли 2011 то инҷониб ҳамагӣ 45 гектар боғҳои кӯҳна барқарор карда шуда, дар майдони 366 гектар боғҳои нав бунёд гардидааст.

Аз ин рӯ, бори дигар таъкид менамоям, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур чораҳои саривақтӣ амалӣ намояд.

Илова бар ин, масъулони соҳаро зарур аст, ки дар баробари татбиқи саривақтии барномаҳои соҳаи кишоварзӣ, инчунин ба нигоҳубину парвариши боғҳои бунёдгардида таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, ҷиҳати зиёд кардани майдони кишти барвақтиву такрории зироатҳо аз ҳамаи имкониятҳо истифода намоянд.

Инчунин бо дарназардошти таъмини талаботи бозор дар тамоми фаслҳои сол бо сабзавоти тару тоза истифодаи васеи кишт ва парвариши он дар гармхонаҳо аз ҷумлаи самтҳои самараноки фаъолияти соҳа ба ҳисоб меравад.

Мавриди зикр аст, ки дар самти ҳифзи иҷтимоӣ таъмини аҳолӣ ба замин, аз ҷумла барои сохтмони манзил аз масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб меравад.

Бо дарназардошти ин, бо қарорҳои Ҳукумати кишвар дар давоми чанд соли охир ба оилаҳои эҳтиёҷманди ноҳия 667 гектар замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ, аз ҷумла 7 гектар ба аҳолии аз офати табиӣ зарардида тақсим карда шудааст.

Вале дар баробари ин, вазъи тақсимоти заминҳои наздиҳавлигӣ ва риояи қонунгузорӣ дар ин самти муҳим беҳбудӣ мехоҳад.

Барои мисол, танҳо дар ҳафт моҳи соли равон дар ҳудуди ноҳия 38 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор шудааст.

Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати риояи муқаррароти қонунгузории замин ва бартараф намудани камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта чораҳои мушаххас андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳукумати мамлакат ба масъалаи рушди устувор ва пайгиронаи соҳаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, бунёду азнавсозӣ ва муосиргардонии иншооти таъиноти иҷтимоиро торафт вусъат бахшида истодааст. Маҳз натиҷаи ҳамин дастгириву ғамхорист, ки симои ноҳия рӯз аз рӯз беҳтар шуда истодааст.

Мо имрӯз зимни сафари корӣ дар баробари шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва намоиши дастовардҳои кишоварзӣ бинои асосии беморхонаи марказии ноҳия ва коргоҳи дӯзандагиро барои занону духтарон дар маркази ноҳия ифтитоҳ бахшидем.

Ҳамзамон бо ин, санги асоси мактаби таҳсилоти умумии рақами 6-ро барои 640 хонанда дар Ҷамоати деҳоти “Деҳқонобод” гузоштем.

Рӯйдоди дигари муҳим ифтитоҳи корхонаи асфалтбарорӣ мебошад, ки дар оянда мушкилоти роҳсозонро осон гардонида, ҷиҳати пурра ва бо нархи дастрас таъмир намудани роҳҳои ноҳия мусоидат менамояд.

Тавре ки огоҳед, аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар баробари дигар соҳаҳо ба рушди соҳаи маориф аҳамияти афзалиятнок дода мешавад.

Тӯли солҳои 1991-2013 дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 10 бинои муассисаи таълимӣ барои 1925 ҷойи нишаст ва даҳҳо синфхонаи иловагӣ сохта шуда, як қатор биноҳои муассисаҳои таълимӣ пурра аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.

Солҳои охир саҳми шахсони алоҳида, махсусан соҳибкорону тоҷирон ҷиҳати таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ зиёд шуда истодааст, ки ин амали хайру савоб шоёни таҳсин ва намунаи ибрат мебошад.

Аз ҷумла соли ҷорӣ бо дастгирии сокинони ноҳия сохтмони 25 синфхонаи иловагӣ барои 625 ҷойи нишаст идома дошта, тибқи нақша иншооти мазкур то охири соли равон ба истифода дода мешавад.

Дар ҷараёни амалигардонии қарори Ҳукумати кишвар «Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ҷиликул» сохтмони бинои нави муассисаи таълимии рақами 16 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Янгиусули ҷамоати Деҳқонобод мавриди чораҷӯӣқарор дорад.

Инчунин то соли 2015 бунёди бинои маъмурии шӯъбаи маориф ва сохтмони мактаби рақами 15 барои 640 ҷойи нишаст дар деҳаи Москваи ҷамоати деҳоти Деҳқонобод дар назар дошта шудааст.

Вале ҷои таъкид аст, ки бо вуҷуди афзоиши дастгириҳои давлативу хусусии соҳаи маориф сатҳи таълиму тарбия ва донишомӯзии хонандагон, таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ ва кадрҳои ихтисосманди омӯзгорӣҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест, ки ин масъалаҳо бояд таҳти таваҷҷуҳи доимии Вазорати маориф ва илм ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта бошанд.

Инчунин Вазорати маориф ва илм ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки ҳангоми таҳияи нақшаи омодасозии кадрҳо, пеш аз ҳама эҳтиёҷоти воқеии соҳаҳои афзалиятноки ноҳияро ба мутахассисон ба эътибор гиранд.

Ғайр аз ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки ба масъалаи татбиқи самараноки имтиёзҳое, ки ба мутахассисони ҷавон муқаррар гардидаанд, муносибати ҷиддӣ зоҳир намуда, ҷиҳати ҳавасманд намудани кадрҳои ҷавон тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар давоми солҳои истиқлолият аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар ноҳия 19 муассисаи тиббӣ ба маблағи умумии чоруним миллион сомонӣ бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Барои навсозии бинои беморхонаи марказии ноҳия ва харидории таҷҳизоту лавозимоти зарурии тиббӣқариб 4 миллион сомонӣ сарф гардидааст.

Илова бар ин, дар доираи «Барномаи рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2013-2015» ҷиҳати беҳсозии сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва рушди соҳаи тандурустии ноҳия якуним миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

То охири соли ҷорӣ бо ҷалби маблағҳои соҳибкорони маҳаллӣ ва дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои сармоягузор сохтмони бунгоҳҳои саломатӣ дар деҳаҳои Шаҳринав, Кушок - Назаров, Нури Вахш ва маркази саломатии муосир дар деҳаи Дӯстӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар иртибот ба ин, таъкид месозам, ки дар маҷмуъ, амалӣ намудани “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ҷиликӯл барои солҳои 2013-2016” ҷиҳати хеле беҳтар гардидани шароити зисти сокинони ноҳия такони ҷиддӣ мебахшад.

Ҳозирини арҷманд!

Солҳои истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат ба масъалаи омӯзиши ҳамаҷонибаи ёдгориҳои таърихӣ, таъмиру барқарорсозӣ ва ҳифзи онҳо диққати махсус дода мешавад.

Вобаста ба ин, метавон ёдовар шуд, ки дар ҳудуди ноҳияи Ҷиликул низ мавзеъҳои таърихие мавҷуданд, ки аз таърихи куҳан доштани ин диёр гувоҳӣ медиҳанд.

Яке аз чунин ёдгориҳои таърихӣ мақбараи Имом Зайналобуддин буда, тибқи хулосаи олимон ин ёдгорӣ ба асрҳои 9 - 12 тааллуқ дорад.

Аз ин хотир, ҳамзамон бо корҳои дигари ободонӣ дар мавзеи мазкур зарур аст, ки доир ба ободу зебо гардонидан ва ҳифз кардани ин ёдгории таърихӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шавад.

Дар иртибот ба тақвияти корҳо дар самти нигоҳдорӣ ва муаррифии бештари мавзеъҳои таърихӣ Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ҷиҳати ҳифзи мавзеъҳои таърихӣ, нашри китобҳо аз таърихи мавзеъҳои мазкур, зиёд намудани корҳои тарғиботӣ ва баланд бардоштани фарҳанги қабулу гусели меҳмонону сайёҳон чораҳои мушаххас андешанд.

Мавзеи дигаре, ки меҳмонону сайёҳони кишвари мо ба он таваҷҷуҳи хоса доранд, мамнӯъгоҳи давлатии “Бешаи палангон” аст.

Дар ин хазинаи зебои табиати диёрамон 45 намуди ҳайвонот ва зиёда аз 480 навъи дарахтону гиёҳҳои шифобахш мавҷуданд, ки аксари онҳо ба Китоби сурх ворид шудаанд.

Фаромӯш набояд кард, ки ҳифзу нигоҳдории ҷойҳои таърихӣ натанҳо вазифаи мақомоти дахлдори давлатӣ, балки ҳар як сокини ноҳия низ мебошад.

Чунонки огоҳед, имрӯзҳо фаъолияти ҳар як сокини бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарасти тоҷик барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашнҳои бистумин солгарди Конститутсияи Тоҷикистон, қабули Суруди миллӣ ва 600 - солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ нигаронида шудааст.

Вобаста ба ин, дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Ҷиликул корҳои ободониву созандагӣ торафт вусъат меёбанд.

Аз ин хотир, вазифаи масъулону фаъолони ноҳия аз он иборат аст, ки мардумро ҳарчи бештар ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, шукронаи неъмати бебаҳои соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот ташвиқ намуда, бо мақсади истиқболи сазовори ҷашнҳои милливу давлатӣ сокинони шарафманди ноҳияро барои тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбон, маҳалли зист ва риояи фарҳанги сарфаю сариштакорӣҳидоят созанд.

Дар ин кори хайру амалҳои созанда аз ҳар кадоми шумо – роҳбарони масъули давлатӣ ва ҳар як фарди бонангу номуси кишвар тақозо мегардад, ки таҷрибаву малака ва нерӯву тавони худро барои ободонии Ватан ва тақвияти иқтидори давлати соҳибистиқлоли худ равона созед.

Бо ин мақсад зарур аст, ки ташвиқу тарғиби аҳаммият ва нақши Конститутсия ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Суруди миллӣ, дар байни мардум, хусусан наврасону ҷавонон густариш дода шавад.

Бовар дорам, ки мардуми сарбаланд ва шарафманди ноҳияи Ҷиликул дар роҳи пурпечутоб, вале пурифтихори расидан ба ҳадафҳои волои миллӣ беш аз пеш ва бо дасту дили пок заҳмат кашида, ҷиҳати рушди устувори Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Дар охир ба ҳамаи шумо ва кулли сокинони заҳматдӯсту ватанпарвари ноҳияи Ҷиликул саломативу хушрӯзӣ ва барори кор орзумандам.

Ҳамеша сарбаланду хонаобод бошед!

http://president.tj/



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi