13:11:06 02-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Китобе, ки ба нофаҳмиҳо хотима хоҳад гузошт

Ахиран ду моҳ қабл нашриёти давлатии "Ирфон" китоби Ҳамрохон Зарифӣ ва Амак Сатторов "Тоҷикистон-Хитой: бавуҷудоии  сарҳади давлатӣ. Таърих ва имрӯз"-ро ба забони русӣ зери таҳрири академики АИ ҶТ Талбак Назаров пешкаши хонанда намуд. Чун китоб яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти сиёсии кишварро мавриди баррасӣ қарор додаст ва атрофи он имрӯз фикру андешаҳои мухталиф гуфта мешаванд, лозим донистем, ки дар ин мақола нахуст дар бораи муаллифони он маълумоти мухтасаре бидиҳем.

Ҳамроҳхон Зарифӣ соли 1948 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1971 факултаи физикаву математикаи Донишкадаи давлатии педагогии Кӯлобро хатм карда ба  мақомоти амниятӣ ба кор даъват мешавад. Дар ин систем аз корманди одӣ корро шурӯъ карда то ба вазифаи муовини Раиси Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ мерасад. Соли 1993  ба кори дипломатӣ мегузарад. Нахуст ба ҳайси сардори раёсати хориҷии ВКХ ифои вазифа менамояд, сипас муовини вазир таъйин мегардад. Ҳангоми дар ин вазифа кор кардан вазифаи раҳбари қисмати тоҷикистонии ҳайати муштараки ҳукуматҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Тоҷикистонро дар гуфтушунид бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар масоили марзӣ низ иҷро мекард. Аз соли 1997 то соли 2002 намояндаи доимии ҶТ дар САҲА, Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Австрия, Ҷумҳурии Маҷористон ва Конфедератсияи Швейтсария ва аз соли 2002 то 2006 Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар ИМА шуда кор кардааст. Аз декабри соли 2006 то ноябри соли 2013 Вазири Корҳои хориҷии ҶТ буд. Рутбаи дипломатии Сафири Фавқулодда ва Мухтор ва инчунин унвони илмии номзади илмҳои сиёсиро дорад.

Сатторов Амак Сатторович августи соли 1941 дар ноҳия Исфараи вилояти Суғд ба дунё омадааст. Баъди хатми Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон дар соли 1966 барои хидмат ба мақомоти амниятии кишвар ба кор даъват карда мешавад ва дар ин система беш аз 30 сол фаъолият мекунад. Ӯ соли 1992 ба кори дипломатӣ ба ВКХ ҶТ фиристода мешавад. Дар ин сохтор ӯ сардори шуъба, муовини сардори раёсат, мушовири сафири ҶТ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва мушовири Вазири Умури Хориҷа дар масоили ҳудудӣ ва марзӣ шуда кор кардааст. Амак Сатторов аз соли 1969 то соли 2012 бо ҳаллу фасли масоили муносибатҳои шӯравиву чинӣ ва тоҷикистониву чинӣ машғул буд. Соҳиби маълумоти олии ҳуқуқӣ, дипломатӣ ва низомӣ мебошад. Рутбаи низомии полковник ва рутбаи дипломатии "Мушовири дараҷаи аввал"-ро соҳиб аст. Ҳамчун узви ҳайати ҳукумати ҶТ дар ташаккули ниҳоди Созмони Шанхай, ташкили асоси ҳуқуқии он, ҳаллу фасли масоили марзӣ бо ҶМЧ, Афғонистон ва Қирғизистон, инчунин муайян кардани ҳудуд ва хати марзии сарҳади Тоҷикистону Чин, махсусан фаъол гардонии Бунгоҳи назоратӣ ва гузаргоҳии Кулма саҳми беандоза калон дорад.

tajikistan-china-252562112Барои ман як мояи ифтихор аст, ки бигӯям ҳардуи ин муаллифро аз соли 1982, яъне беш аз сӣ сол боз мешиносам. Замоне банда низ мисли онҳо дар мақомоти амниятии аввал Иттиҳоди Шӯрав ва баъдан Тоҷикистони соҳибистиқбол кор мекардам. Он замон ин ҳарду инсонҳои шариф он ҷо фаъолият доштанд. Борҳо аз рӯи кор бо онҳо  бархурд кардаам. Чун онҳо ҳам дар синну сол ва ҳам дар вазифаву таҷрибаи корӣ болотар, ки буданд, ҳамеша аз дастгириву маслиҳатҳои муфиди онҳо бархурдор будаам.

Аз фаъолияти якҷоямон дар мақомоти амниятии он замон Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон, як ҷузъи Иттиҳоди Шӯравии бузург буд, қиссаҳои зиёдеро ба хотир меоварам. Вале имрӯз чун мавриди он нест, нақли онҳоро ба вақти дигар мегузорем. Танҳо аз мавриде ёдовар мешавам, ки бо мавзӯи мақолаи имрӯза вобастагӣ дорад. Тобистони соли 1983 буд. Он вақт дар мақомоти амниятии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон кор мекардам. Аз рӯи масъулиятам  як муддат бояд бештар дар манотиқи марзии Иттиҳоди Шӯравиву Чин фаъолият мекардам.

Чун хатти марзи Иттиҳоди Шӯравиву Чин аз манотиқи куҳҳои баланд мегузашт (дар баландиҳои 4500-5000 ҳазор метр боло аз сатҳи баҳр) ва онҷо таҷҳизоти муайянкунадаи ин хат вуҷуд надошт, хатари вайрон шудани хатти марз аз ҳарду ҷониб хеле зиёд буд. Аз ин рӯ ҳар тобистон аз Душанбе кормандони ботаҷриба ба Бадахшон омада ба кормандони маҳаллӣ ин хатти марзро рафта дар ҷояш нишон медоданд ва корҳоеро, ки вобаста ба бехатарии марз лозим буд, он ҷо анҷом медоданд. Дар миёни ин роҳбарону кормандони марказ Амак Сатторович Сатторов, ки он замон шуъбаеро дар дастгоҳи марказии мақомоти амниятии Тоҷикистон роҳбарӣ мекард, бо донишу таҷрибаи хеш фарқ карда меистод.

Ӯ аз ҷумлаи онҳое буд, ки ҳар санги хатти марзи Тоҷикистону Чинро мешинохт ва бе муҳобот мегӯям, ки сари он сангро чун фарзанди ин диёр, ки гӯё дар ҳифзи марзи он шабонарӯз ҳамчун сарбозе истодааст, сила мекард. Инро борҳо он замон шахсан мушоҳида карда будам. Аз ин рӯ вақте фаҳмидам, ки дар ҳайате, ки масоили марзиро бо тарафи Чин баҳсу мунозира мекунад, дӯстони калонсолам Ҳамроҳхон Зарифӣ ва Амак Сатторов ҳастанд, рости гап мутмаин будам, ки ин баҳсу мунозираҳо бар зарари Тоҷикистони азиз анҷом нахоҳанд ёфт. Ва ин китобе, ки имрӯз дар даст дорам ва муаллифаш онҳо ҳастанд, дурусти тахминҳову назари бандаро исбот кард. 

Дар ин китоб таърихи бавуҷудоии масоили сарҳадӣ, раванди ҳаллу фасл ва ташкили марзи Тоҷикистону Чин, вазъияти феълӣ ва чашмандози тавсеъа мушорикату ҳамкориҳои чандчонибаи байни Тоҷикистону Чин мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Инчунин хонанда дар бораи чи гуна дар манотиқи Осиё Миёна пайдо шудани шаҳрвандони Чин, дар бораи муносибати чиноиҳо ба мардуми Осиёи Марказӣ дар асрҳои миёна ва дар бораи нақши ҶМЧ дар рушди иқтисодӣ ва фарҳангии минтақа, дар бораи чӣ гуна ташкил шудани Роҳи Абрешим ва аҳамияти он дар якҷояшавӣ ва ғанишавии тамаддуни халқҳои Осиёи Марказӣ, дар бораи ҷараёни ба ҳайати империяи Россия дохилшавии хонигарии Қуқанд маълумоти ҷолиб мегирад.

Тоҷикистони мустақил солҳои зиёде дар гуфтушунидҳои дуҷониба ва ҳамчунин дар ҳайати муштараки ҳукуматҳои Қазоқистон, Қирғизистон Руссия ва Тоҷикистон бо ҶМЧ дар масъалаи муайян кардани хатти марзи байни Тоҷикистону Чин ва аз ҷиҳати ҳуқуқӣ онро ба тартиб даровардан маводи зиёде  ба даст овардааст. Акнун ки масоили марзӣ байни кишвари мо ва Чин пурра ҳаллу фасли худро пайдо кардааст, лозим буд, ки ҳамаи ин мавод дуруст таҳлил шуда дар як маҷмӯаи алоҳида ба нашр бирасад. Ин барои он даркор аст, ки  мазмун ва моҳияти корҳои анҷомдодаи дипломатҳо, топографҳо, марзбонон ва ҳамаи онҳое, ки бо заҳмати рузафзунашон ба натиҷаҳои дилхоҳи гуфтушунидҳои марзии байни Тоҷикистону Чин дар масоили таъини ҳудуд ва марз (делимитатсия ва демаркатсия) ба даст оварданд, барои ҷомеъа маълум бошад.

Мақсади асосии муаллифони китоб, ки худ аз ширкаткунандагони бевоситаи гуфтушунидҳои марзии байни Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳастанд, ба хонанда додани маълумоти дуруст ва объективӣ дар бораи таърихи бавуҷудоии марзи Тоҷикистону Хитой ҳамчун яке аз омилҳои асосии давлати соҳибистиқлол мебошад.

Китоб аз сухани муқаддимавии собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ шуруъ шуда он аз муқаддима, 10 боб, хулоса ва рӯйхати адабиёти истифодашуда ва инчунин нусхаҳои асноди асосии ҳуқуқӣ, ки аз сӯи империяи Руссия, собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистони соҳибистиқлол сар карда аз соли 1689 то замони мо бо Хитой ба имзо расидаанд, оварда шудааст.

Аввалин созишномаи байни Хитою Русия ин созишномаи Дерчинский аз 27 августи 1689 сол мебошад, ки дар иртибот бо марзҳои шимолу шарқии Русиву Хитой баста шудааст. Баъдан созишномаи Буринский рӯзи 20 августи соли 1727 ба имзо мерасад. Саввум созишномаи Кяхтин 21 октябри соли 1727 имзо мешавад. Созишномаи чорум созишномаи Айгун аз 16-уми майи соли 1858 аст.

Созишномаи Пекин 2-уми ноябри соли 1860, созишномаи Санкт Петербург соли 1881 ва Протоколи Марғелони нав соли 1884 ба имзо мерасанд. Ҳамаи ин шартномаҳо асоси музокироти марзиро ташкил медоданд. Музокирот дар бораи ин марз ҳанӯз дар даврони Россияи подшоҳӣ оғоз шуда дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва сипас баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳайати панҷҷониба (Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аз як тараф ва Хитой аз тарафи дигар) идома дода шуданд. Баъди ба истиқлолият расидан ин гуфтушунидҳо акнун дар чаҳорчӯбаи дуҷониба, яъне байни Хитой ва Тоҷикистон баргузор гардиданд.

Дар замоне, ки ин гуфтушунидҳо дар чаҳорчӯбаи панҷтарафа мегузаштанд, яъне Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Хитой ба ҳайатҳо муовинони вазири корҳои хориҷии ин кишварҳо роҳбарӣ мекарданд. Дар ҳайати ин Комиссия картографҳо, геодезҳо, геологҳо, намояндагони Академияи Илмҳо буданд. Ба таври истисно Тоҷикистон дар ҳайати худ намояндаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро низ ҳамчун бошандаи маҳалле, ки барои он гуфтушунидҳо ҷараён доранд, ворид карда буд.

Боби аввали китоб "Чашмандози таърихӣ: Импературии Руссия ва Чин дар оғози таъйини сарҳадот"-ро бо хоҳиши муаллифон  мутахассиси маъруфи соҳа, доктори илмҳои таърих, профессор Г.М. Майтдинова навиштааст.

Чуноне, ки дар боло зикр кардем, китоб таҳти таҳрири Академик Талбак Назаров, собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки худ дар ҳалли ин проблема бевосита саҳм дорад, навишта шудааст. Муқаддимаи асарро низ ӯ навиштааст. Дар ҳамин муқаддима ва руҷуи Ҳамроҳхон Зарифӣ, яке аз муаллифони китоб ба хонанда, тамоми он сару садоҳое, ки дар атрофи масоили марзии Тоҷикистону Чин дар матбуот ба нашр расида буданд, аз мадди назар дур намондаанд. Дар китоб оварда мешавад, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин солҳо даъвои аз Тоҷикистон гирифтани 25 қитъа ё худ 34 ҳазор километри мураббаъро мекард.

Дар китобҳои дарсии худ дар Чин ин ин миқдор заминро моли худ нишон медоданд. Дар харитаҳои собиқ шӯравӣ ва баъдан Тоҷикистон агарчи ин ҳудуд ҳамчун ҳудуди шӯравӣ ва ё Тоҷикистон нишон дода мешуд, вале ишора мегардид, ки ҶМЧ ба он даъво дорад. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои дурру дароз билохира ҷонибҳо ба он натиҷа расиданд, ки танҳо 1000 километри мураббаъро ба Чин вогузор мекунанд ва Чин низ дигар аз даъвоҳои марзии худ даст мекашад. Ва ҳамаи ин заминҳо дар баланди аз 4100 метр то 6700 метр аз сатҳи баҳр боло ҷойгир шудаанд.

Муаллифони китоб бо факту далелҳои мушаххас исбот мекунанд, ки  ба ин тарз ҳаллу фасл шудани масоили марзӣ байни Тоҷикистону Чин, ба манфиати имрӯзу ояндаи Тоҷикистон будааст. Муносибатҳои ҳасанаи байни ду кишвар дар марҳилаи кунунӣ ва рушд кардани ҳамкориҳои иқтисодии байни Тоҷикистону Чинро дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ҳамчуна намуна мисол меоранд.

Китоб барои сиёсатмадорон, дипломатҳо журналистон ва умуман барои онҳое, ки масоили марзиро пайгирӣ мекунанд, ҳамчун яке аз манбаъҳои муфиде хизмат карда метавонад.

Ин китоб ҳамчун нахустин китоби дарсӣ барои дипломатҳои ҷавони Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Султони Ҳамад, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №22, 09 илни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi