ЭРОН МУШАКҲОИ ДУРБУРДРО ДАР ХАЛИҶИ ФОРС ОЗМОИШ МЕКУНАД
Дар ҳоле ки манобеъи хабарӣ аз озмоиши мушакҳои дурбурд дар ҷараёни монуврҳои дарёии Эрон дар халиҷи Форс хабар дода буданд, сухангӯйи ин монувр мегӯяд, ки озмоиши ин мушакҳо тайи рӯзҳои оянда анҷом мешавад. Пештар хабаргузориҳо гузориш дода буданд, ки Эрон мушакҳои дурбурдро дар халиҷи Форс озмоиш кардааст.
Дарёдор Маҳмуди Мӯсавӣ, сухангӯйи монуврҳои дарёии Эрон, мавсум ба размоиши вилояти 90, гуфтааст тамомии анвоъи мушакҳои сатҳ ба дарё, дарё ба дарё ва замин ба ҳаво тайи рӯзҳои оянда озмоиш мешаванд. Оқои Мӯсавӣ пештар гуфта буд, ки марҳилаи аслии размоиш бо шиллики анвоъи мушакҳои дурбурд аз рӯзи шанбе оғоз мешавад.
Эрон ҳафтаи гузашта гуфт дар ҷараёни монуврҳои дарёӣ дар тагаи Ҳурмуз мушакҳои дорои бурди кӯтоҳу баланд, аз ҷумла мушакҳои соҳил ба дарё, замин ба замин ва замин ба ҳаворо озмоиш хоҳад кард.
Хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ, ИРНО, гуфзориш дод, ки дар ин марҳила аз монуврҳои дарёии Эрон дар халиҷи Форс ва тангаи Ҳурмуз анвоъи аждарҳои сохти саноеъи дифоъии Эрон, аз ҷумла "аждари электрикӣ" тавассути зерсатҳиҳои нерӯи дарёии артиш ба сӯйи аҳдофи таъйиншуда партоб мешавад.
Монуврҳои даҳрӯзаи дарёии Эрон дар халиҷи Форс ва тангаи Ҳурмуз аз рӯзи шанбеи 3-даймоҳ оғоз шуд ва то сешанбеи ин ҳафта идома хоҳад дошт. Муҳаммадризо Раҳимӣ, муъовини аввали раиси ҷумҳурии Эрон, рӯзи сешанбеи 6-даймоҳ. таҳдид кард, ки агар кишварҳои ғарбӣ таҳримҳои бештареро алайҳи Эрон эъмол кунанд, Эрон тангаи Ҳурмузро хоҳад баст ва иҷоза нахоҳад дод, ки як қатра нафт аз ин танга убур кунад.
Амрико билофосила дар вокуниш гуфт рафтори Эрон "ғайриантиқӣ" аст ва чунин рафторе таҳаммул нахоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, сартип Масъуди Ҷазоирӣ, муъовини варҳангии ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, гуфтааст: "Гуфтмони инсисдоди (бастани) тангаи Ҳурмуз марбут ба панҷ соли гузашта аст, гуфтмони имрӯзи Ҷумҳурии Исломии Эрон дорои ҳитаҳо ва лояҳои ҷадиде аст.
Би-Би-Си