12:50:11 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

ИМА - ӮЗБАКИСТОН: РАЙС ВА РАМСФЕЛД ДАР БОРАИ ҲОДИСАҲОИ АНДИҶОН

Ҷошуа Кучера "Eurasia Net"

Ба рафтани Ҷорҷ Буш аз мансаби раисҷумҳури ИМА аллакай якчанд сол сипарӣ шуд ва аъзои баландпояи маъмурияти ӯ ба навиштани ёддоштҳояшон дар бораи замони дар Кохи Сафед гузарондаашон шурӯъ кардаанд.

/images/stories/2011/12/25_rays-ramsfeld_2011.jpgИн китобҳо имконият медиҳанд батафсил назар андозем, ки ҳамон вақт сиёсати ИМА чӣ хел ташаккул меёфт. Ҳамкасби ман Гиорги Ламсадзе аллакай перомуни ҳангомае, ки аз китоби нави Кондализа Райс (котиби давлатии собиқи ИМА) байни диаспораи арманиҳо дар ИМА ба амал омад, навишта буд. Чунин ба назар мерасад, ки ин китоб ҳам ба Доналд Рамсфелд (сарвари собиқи Пентагон) ва ҳам ба ҳукумати Ӯзбакистон маъқул намешавад.

Дар ёддоштҳояш, Райс баҳсу мунозираи дар маъмурияти Буш ба амал омадаро дар бораи он, ки ба куштори Андиҷон бо назардошти дар ҳудуди Ӯзбакистон мавҷуд будани пойгоҳи калидии амрикоии Қаршӣ-Хонобод чӣ гуна бояд вокуниш нишон дод, тасвир кардааст.

Рамсфелд, чӣ хеле, ки дар хотир доред, баъдтар вокуниши Амрикоро ба ҳодисаҳои Андиҷон ҳамчун "яке аз ҳузнангезтарин иштибоҳи сиёсати хориҷии маъмурият" тасвир карда буд, зеро ҳамон вақт дар ин вазъият ҳуқуқи инсон аз манфиатҳои стратегӣ болотар гузошта шуда буд. Райс дар ёддоштҳои худ диди худро ба вазъият пешниҳод мекунад ва менависад, ки ба ӯ чӣ хел муяссар шудааст, то Ҷорҷ Бушро ба қабули нуқтаи назари худ мӯътақид созад:

"Мо бо масъалаи Ӯзбакистон рӯ ба рӯ шудем. Баъди исёни хунин дар моҳи майи соли 2005 Департаменти давлатӣ гузориши шадидуллаҳнро нисбати режими Каримов ва поймол шудани ҳуқуқҳои инсон интишор намуд. Раисҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов бо таҳдиди берун кардани мо аз пойгоҳи ҳарбие, ки вай замони оғози амалиёти ҳарбӣ дар Афғонистон барои истифода пешкаш карда буд, ҷавоб дод. Дар хотир дорам, ки барои истифодаи ин пойгоҳ мо каме пул дода будем, вале  диктатор барои иҷрои шартҳои ин созишнома ӯҳдадорӣ ҳис намекард ва дар ин бора ошкоро ба мо гуфт".

"Рамсфелд ба ман занг зад ва гуфт, ки мо бояд ба шартҳои ӯ (Каримов) розӣ шавем. "Ба низомиҳо ин пойгоҳ лозим аст, -гуфт ӯ. -Дар ин ҷой масъалаи амнияти мо истодааст". Ман ба ӯ ҷавоб додам, ки ба ҳолати душвор афтодани Пентагонро дар ин вазъият мефаҳмам, лекин ба фикри ман ИМА наметавонад бар ивази ҳифзи ҳузури низомияш дар Ӯзбакистон мавқеи худро нисбати риояи ҳуқуқи инсон суст кунад. "Зиёда аз ин баъди таҳдидҳои ӯ (Каримов) мо наметавонем гузашт кунем", -гуфтам ман.

Ба назари Рамсфелд ҷавоби ман ҳамчун "ҳуқуқи инсон болотар аз амнияти миллии мо меистад" садо додаанд ва вай аз Стив Седли (мушовири ҳамонвақтаи Кохи Сафед дар бахши амнияти миллӣ) хоҳиш кард, ки ин масъаларо пеши раисҷумҳур гузорад.

Раисҷумҳур, албатта, мехост, ки пойгоҳро нигоҳ дорад, вале вай ба ҳар ҳол нагуфт, ки мавқеи Департаменти давлатиро нармтар кунам ва ман ҳам нарм накардам. Каримов таҳдиди худро амалӣ кард, лекин ба ман муяссар шуд, ки перомуни пойгоҳ дар Қирғизистон ба мувофиқа равам ва ҳамчунин тоҷикон розӣ шуданд, ки дар вақти зарурӣ аз ҳудуди онҳо истифода барем".

Чун ҳарвақта душвор аст фаҳмидани он, ки дар ёддоштҳо кадом қисмаш ҳақиқат асту кадом қисмаш барои сафед кардани худ навишта шудааст, махсусан дар ёддоштҳои сиёсӣ. Ба ҳар ҳол суханҳои Рамсфелд, ки вокуниши Вашингтон ба ҳодисаҳои Андиҷон Ӯзбакистонро ба оғӯши Русия андохт, тасдиқ нашуданд. Ӯзбакистон нисбати Вашингтон, чӣ хеле ки дил мехоҳад, он қадар гапдаро нест, вале бо Русия ҳам он қадар наздик нашудааст.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi