01:06:06 02-уми Июли 2025 сол

ҲАЛОКАТИ 10 НАФАР ДАР НООРОМИҲОИ ҚАЗОҚИСТОН

Дар вилояти Мангистави ҷумҳурии Қазоқистон бар асари беназмиҳои умумӣ 10 нафар кушта шудаанд. Додситонии кулли Қазоқистон мегӯяд, беназмиҳо дар ҳоле шурӯъ шуд, ки як гурӯҳи мардум ба маросими идона дар Жанаозен ҳамла карда, саҳнаи консертӣ ва юртаҳоро дар ҷашнгоҳ тахриб намуд ва биноҳро оташ зад.

/images/stories/2011/12/16_protest-kazaki_1612.jpgАсхат Даулбоев, додситони кулли Қазоқистон дар нишасти хабарӣ шоми 16-уми декабр дар Остона ба хабарнигорон гуфт, "бино бар шумориши пешакӣ 10 нафар кушта шудаанд, захмиён ҳам ҳастанд, аз он ҷумла кормандони полис." Дар бетартибиҳои оммавӣ биони ҳукумати шаҳр, меҳмонсароҳо, идораи ширкати "Озенмунайгаз" сӯзонда шудаанд. Нашрияи маҳаллии «Актау-Лада» хабар додааст, ки 5 корманди полис маҷрӯҳ шудаанд.

Мӯътаризон маъмурони пулисро лату кӯб намуда арчаи солинавӣ ва як автобуси дар майдон бударо низ ба оташ кашиданд. Ба гуфтаи расонаҳо, дар дасти ҳамлагарон ба ҷуз калтаку лулаҳои пластикӣ, ҳамчунон зарфҳои шишагии пур аз сӯзишворӣ низ будааст, ки дар натиҷа панҷ корманди пулис ҷароҳатҳои вазнин бардошт ба бемористон интиқол дода шудаанд. Ин расонаҳо менависанд, ҳамлаварон коргарони собиқи ширкати нафти "Озенмунайгаз" будаанд, ки моҳи ҳафтум аст, бо талаби афзоиши дастмузд ва беҳбуди шароити кор дар маркази Жанаозен тазоҳурот мекарданд.

Як рӯз пеш аз беназмиҳо онҳо аз омода шудани майдони марказии шаҳр ба ҷашн тариқи матбуот изҳори норозигӣ карданд ва талаб доштанд, ки юртаҳо аз майдон бардошта шаванд. Дар сӯҳбатҳои телефонии Радиои Озодӣ, бархе аз ширкаткунандагони бетартибиҳои умумӣ гуфтанд, ҳукумати шаҳрро пешакх ҳушдор дода буданд, ки эътироз хоҳанд кард. Нафткаши собиқ Урозбой Турсунбоев гуфт, "аммо ин нооромиҳо танҳо ба коршиканҳо бастагӣ надорад. Мо огоҳ карда будем, ки косаи сабри мардум кайҳо пур шудааст."

Айман Онгарбоева, яке аз фаъолони тазоҳуроти нафткашҳо, аз ҷои воқеа гуфт, "ҳоло дар майдон касе нест. Бисёриҳо осеб диданд, кушташудагон ҳастанд." Бино ба гузориши хабаргузории ИТАР-ТАСС, ҳамлагарон бинои мақомоти иҷроияи маҳалӣ ва меҳмонхонаи "Аруана"-ро низ ба оташ кашидаанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки як гурӯҳ одамон барои гузаштани мошинҳои оташхомӯшкунӣ монеа эҷод кардаанд.

Прокуратураи генералии Қазоқистон хабарҳо дар мавриди латукӯби ду пулистро таъйид кард ва гуфт дар ин росто парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Садҳо нафар коргарон дар назди бинои ширкати давлатии КазМунайГаз барои боло бурдани дастмузд ва беҳбуди шароити корӣ даст ба эътироз зада буданд. Тақрибан 1000 нафар коргар аз кор ронда шудаанд, вале эътирозҳо идома дорад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ