10:44:41 01-уми Июли 2025 сол

ОБАМА: АЗ ЭРОН ХОСТАЕМ ҲАВОПАЙМОИ БИДУНИ САРНИШИНРО БАРГАРДОНАД

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи душанбе гуфтааст, ки давлати Амрико хостори баргардондани як ҳавопаймои бидуни сарнишини ин кишвар, ки ҳафтаи пеш ба дасти Эрон афтод, шудааст. Оқои Обама дар конфронси муштараки хабарӣ бо Нурӣ Моликӣ, нахуствазири Ироқ дар Вошингтун гуфт: "Мо хостори бозгардондани он шудаем. Хоҳем дид вокуниши эрониҳо чи хоҳад буд."

/images/stories/2011/12/13_barak-obama_131211.jpgИн аввалин бор буд, ки давлати Обама ба таври аланӣ таъйид мекард, ки Эрон ҳавопаймои бидуни сарнишини ин кишварро дар ихтиёр дорад. Бо ин ҳол, оқои Обама чизе дар бораи маъмурияти он ҳавопаймо нагуфт ва ин ки чаро муваффақ ба бозгашт ба пойгоҳаш нашудааст. Ӯ гуфт: "Дар иртибот бо ҳавопаймои бидуни сарнишин дар дохили Эрон, ман дар мавриди масоили иттилоъотӣ, ки маҳрамона ҳастанд, чизе намегӯям."

Ҳамзамон телевизиюни Эрон дар рӯзи душанбе гузориш дод, ки коршиносони эронӣ дар ҳоли тай кардани мароҳили ниҳоии истихроҷи додаҳо аз ин ҳавопаймо ҳастанд. Якшанбеи ҳафтаи гузашта хабаргузориҳои дохилии Эрон ба нақл аз манобеъи низомӣ гузориш карданд, ки нерӯҳои эронӣ ин ҳавопаймои мудели RQ-۱۷۰-ро бо "андаке хисорот" дар ихтиёр гирифтаанд.

Эрон баъдан ин ҳавопайморо дар телевизиюни ин кишвар ба намоиш гузошт, ки бисёр солим ба назар мерасид. Эрон мегӯяд ин ҳавопаймои ҷосусии бидуни сарнишин ҳарими ҳавоиашро нақз карда ва барои ин кор аз хоки Афғонистон истифода кардааст. Ин кишвар дар рӯзҳои ахир дар ин замина ба Афғонистон ва Созмони Милали Муттаҳид шикоят кардааст.

Муҳаммад Хазоъӣ, намояндаи Ҷумҳурии Исломӣ дар Созмони Милали Муттаҳид, рӯзи ҷумъа бо ирсоли ёддоште барои Бон Ки-мун, дабири кулли созмон, нисбат ба вуруди ҳавопаймо ба ҳарими ҳавоии ин кишвар башиддат эътироз кард ва хостори "иқдомоти сареҳ ва муассир"-и Шӯрои Амният алайҳи Амрико шуд.

Эрон дар он ёддошт Амрикоро ба анҷоми "амалиёти таҳрикомез ва маҳрамона алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ, ки дар моҳҳои ахир шиддат гирифта" муттаҳам кардааст. Гуфта мешавад, ки ин ҳавопаймо аз навъи "RQ۱۷۰ Сентинел" аст. Ин мудел навъе аз ҳавопаймои бидуни сарнишин шиносоӣ шудааст, ки хабари сохти он дар соли 2009 ба расонаҳои фаъол дар ҳавзаи умури низомӣ дарз кард ва дар соли 2010 нерӯи ҳавоии Амрико бакоргирии онро таъйид кард.

Вуруд ва фуруди ибҳомомез

Дар пайи интишори хабари афтодани он ҳавопаймо ба дасти Эрон дар якшанбеи ҳафтаи гузашта нерӯҳои эътилоф ба раҳбарии НОТУ дар Афғонистон эълом карданд, ки ҳавопаймои мавриди ишораи Эрон эҳтимолан як фарванд ҳавопаймои шиносоии бидуни сарнишни Амрикоӣ буда, ки ҳафтаи гузашта дар маъмурияте бар фарози ғарби Афғонистон нопадид шуда буд.

Манобеъи низомии Эрон гуфтаанд, ки бо амалиёти сойберӣ, кунтрули ин ҳавопайморо дар даст гирифта ва онро солим ба замин нишонданд. Шуморе аз мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ низ бо истинод ба ин гузоришҳо фуруди ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрикоиро нишонаи тавонмандии фаннӣ ва илмӣ-низомии Эрон донистанд.

Манобеъи низомии Амрикоӣ изҳороти мақомоти эронӣ дар мавриди дар ихтиёр гирифтани кунтрули ин ҳавопайморо "беасос" ва "ғайримумкин" донистаанд ҳарчанд дар мавриди далели солим мондани ин ҳавопаймо ҳангоми фуруд тавзеҳе надодаанд.

Дар солҳои ахир, нерӯҳои Амрикоӣ бо истифода аз ҳавопаймои бидуни сарнишин, нафарот ва мавозеъи гурӯҳҳои шӯришии мусаллаҳ дар хоки Покистонро ҳадаф қарор додаанд ва мушаххас нест, ки оё ин ҳавопаймо ба иштибоҳ вориди ҳарими ҳавоии Эрон шуда ва ё маъмурияти мушаххасе дошта ва дар чунин сурате оё ин нахустин маъмурият аз ин гуна дар дохили хоки Эрон будааст ё на.

Бархе коршиносони низомӣ гуфтаанд, ки мумкин аст кишварҳои рақиби Иёлоти Муттаҳида, бахусус Чин ва Русия ба манзури огоҳӣ аз фановарии фазоии Амрико дар садади дастёбӣ ба ҳавопаймои соқитшуда бароянд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ