02:13:34 01-уми Июли 2025 сол

ГУФТУШУНИДҲОИ ҲОМИД КАРЗАЙ ДАР МАСКАВ

Президенти афғон Ҳомид Карзай дар Маскав бо ҳамтои русаш Дмитрий Медведев ва сарвазир Владимир Путин мулоқот кард. Ин сафар дар пасманзари таниш бар сари воридоти маводи сӯхт аз Эрон ба Афғонистон сурат мегирад ва табъан роҳҳои ҳалли ин буҳрони энержӣ низ дар Маскав баҳс шудааст.

 

Карзай - МедведевҲамин тавр, саҳми Русия дар бозсозии Афғонистон ва ҳамкорӣ дар роҳи мубориза бо тундгароии мазҳабиву қочоқи маводи мухаддир, ду ноҳияи аслии нигаронии Маскав аз он кишвар, аз дигар мавзӯъҳои ин дидор гуфта мешавад. Медведев ва Карзай дар як соли охир бори чорум аст ки ба дидори ҳам мераванд, вале мулоқоти онҳо дар Маскав бори аввал буд. Аммо далели рӯи ниёз ба Маскав овардани Кобул чист? Ин суолро дар гуфтугӯе бо хабарнигор ва таҳлилгари рус Аркадий Дубнов дар миён гузоштам.

 

Дубнов гуфт: Яқин аст, ки Афғонистон дар ҳоли ҳозир ба ҳамкории зичтар бо Русия манфиатдор аст. Пеш аз ҳама, дар соҳоти иқтисодӣ ва низомӣ, бахусус дар амри такмили таслиҳоти урдуяш, ки асосан бо силоҳҳои шӯравӣ мусаллаҳ мебошад. Аз сӯи дигар, Кобул мехоҳад дар Маскав такягоҳи қавитаре пайдо кунад, то ки як андоза имкони фосила гирифтан аз Амрикоро низ ба даст биорад. Ҳамин омилҳост, ки ба наздик шудани Маскаву Кобул замина медиҳад.

 

-Ва аммо нақши "бӯҳрони бензин", ки байни Афғонистону Эрон пеш омадааст, дар ин сафар то куҷо аҳамият дорад?

 

-Бидуни шак, бензин хуни рӯзгори ҳаррӯза ва ҳам хуни иқтисоди Афғонистон аст. Қатъ шудани воридоти бензин аз Эрон, дар ғайри сурати иттихози тадобири оҷил, метавонад, пояҳои давлати кунунии Афғонистонро заиф кунад. Ва дар роҳи рафъи ин бӯҳрон Русия низ метавонад, ба кӯмаки Афғонистон бирасад. Имкониятҳои тавлидотӣ ва нақлиётии Русия дар заминаи таъмини маводи сӯхт назар ба ҳар кишвари дигари минтақа барои Афғонистон бештар қобили истифода аст. Албатта, ба истиснои Қазоқистон ва Узбакистон.

 

-Вале Маскав дар қиболи Афғонистон кадом манфиатҳоеро дунбол мекунад? Ва оё бо таваҷҷӯҳ ба 10 соли ҷанги беоқибати Шӯравӣ дар Афғонистон наметарсад, ки дубора ба ин ботлоқ фурӯ равад?

 

-Русия дар ҳоли ҳозир таъкид мекунад, ки ягон навъ ҳузури низомиаш дар Афғонистон матраҳ нест ва нахоҳад шуд. Ин ҳам як натиҷаи ҳамон синдроми афғонии солҳои 80 аст. Аммо табиист ки Русия мехоҳад ба таъсисоти иқтисодӣ ва захираҳои табии Афғонистон роҳ биёбад. Ва ҳоло сармоядорони рус талош доранд, ба сурати фаъолона дар бозсозӣ ва ҳам дар раванди хусусигардонии таъсисоте, ки дар вақташ аз сӯи Шӯравӣ бино шудаанд, саҳм бигирад. Ва ҳамин тавр, Маскав дар баҳрабардорӣ аз захираҳои табии он кишвар, аз ҷумла конҳои нафту маъдани мис, ки аксаран аз сӯи заминшиносони рус кашфу харитасозӣ шудаанд, низ ширкат биҷӯяд.

 

Мирзои Салимпур, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4223-2011-01-21-17-38-28.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ