08:10:37 01-уми Июли 2025 сол

ҲАМЛА БАР АЛАЙҲИ САФОРАТИ ЭРОН ДАР КОБУЛ ВА ҲИРОТ

То ҷое, ки ҳама огоҳ ҳастем, ҳеҷ фарде ё ниҳоди узви Ҳизби Афғон Миллат хоҳони сулҳу бардардӯстии миёни кишвари мо -Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон нестанд. Шумо, азизон, тасаввур кунед, ки як фарди узви Ҳизби Афғон Миллат дар яке аз вазоратхонаҳои Афғонистон ба сифати вазир гумошта шуд. Эшон ба маҳзи ин ки вориди вазорат шуд, тамоми ташкилоти вазоратхонаро қавми афғон сохт ва эълон кард таҳти ҳеҷ шароит набояд форсзабон ба чашми ман бихӯрад, ба вижа тоҷикҳо! Пас метавонем ҳадс бизанем, ки инҳо таассуби қавмӣ ва забонӣ доранд.

 

кобул тазохуротМасъалаи тавқифи танкерҳои нафти Афғонистон дар марзи Эрон масъалаи танишҳои сиёсии миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ноту (Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ) мебошад ва ҳама медонанд, ки манофеъи Амрико ва Ғарбиҳо дар Ховари Миёна чист? Ва масъалаи дигаре, ки як теъдод афғонҳо дар Эрон кушта шуданд, қочоқбарони афғонӣ буданд, ки  қочоқи одам, маводи мухаддир ва ғайраро ҳамлу нақл мекарданд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳифзи оромиши кишвар бо ҳамчун афроде чунин роҳро иттихоз кард ва ин ки ҷои шак нест дар кишвари худ мо шоҳиди кушта шудани ҳамчунин афрод ҳастем.

 

Пас ҳақ бо қонун ва адолат аст. Ва аз ин рӯ ҳамлаи Ҳизби Афғон Миллатро маҳкум ва тибқи гуфтаи оқои Фидоҳусайн Моликӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар  Кобул, ки ба мавзӯъ хуб ишора карданд, Омилони ҳамла бар сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул бояд боздошт ва ба дасти қонун супурда шаванд. Аммо аъзои Ҳизби Афғон Миллат, ки дар ҳукумати феълӣ худро ҳуқуқдон ва сиёсатмадор мегиранд, мегӯянд, ки гуфтаи сафири Эрон дар Кобул нақзи Қонуни асосии мо мешавад.

 

Ҷои таассуф аст, ки аз Қонуни асосии кишвар ба абзори ҷанги Ҳизби Афғон Миллат истифода мегардад. Дар қонуни асосии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон чунин баён шуда дар фасли дуввум, моддаи сивупанҷум: «Таъсис ва фаъолияти ҳизб бар мабнои қавмият, самт, забон ва мазҳаби фиқҳӣ ҷавоз надорад».

 

Аммо баръакси Афғонмиллатиҳо, ки моддаи сивушашумро ба рӯйи парда меоранд, то мардумони ноогоҳи моро таҳрик алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон кунанд, ки чунин зикр шуда дар моддаи фавқ: «Атбоъи Афғонистон ҳақ доранд барои таъмини мақосиди ҷоиз ва сулҳомез бидуни ҳамли силоҳ тибқи қонун иҷтимоъ ва тазоҳурот намоянд».

 

Пас биёед қазоватро дасти Шумо азизон месупорам. Мавзӯъ аз чӣ қарор аст ва инҳо чиро матраҳ месозанд? Дар ҳоле, ки аз ҳизби сиёсӣ бар мабнои қавмият, самт, забон фаъолият доранд. Пас гуфтаи сафири Ҷумҳурии Исломии Эронро мӯҳтарам мешуморем ва омилони ҳамла бар сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул ва Ҳиротро бояд ба дасти қонун супурда то ба ҷазои аъмолашон бирасанд.

 

Асадукллоҳ Вализодаи панҷшерӣ, таҳлилгари масоили сиёсии Ховари Миёна, барои «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4203-2011-01-19-16-52-56.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ