ФАРМОНДОРИ ИЁЛАТИ ПАНҶОБИ ПОКИСТОН ТЕРРОР ШУД
Салмон Тосир, фармондори иёлати Панҷоби Покистон ва яке аз пурнуфузтарин сиёсатмадорони ин кишвар террор шудааст. Ҳангоме ки оқои Тосир дар як маркази хариди шулуғ дар Исломобод аз утумубил пиёда мешуд, ҳадафи тирандозии яке аз маъмурони муҳофизи худ қарор гирифт ва кушта шуд.
Ӯ яке аз аъзои саршиноси Ҳизби Мардум буд, ки муҳимтарин ҳизб дар давлати эътилофии Покистон аст. Салмон Тосир аз муттаҳидони наздики Осафалии Зардорӣ, раиси ҷумҳурии ин кишвар, маҳсуб мешуд. Аз ҳангоми террори Беназир Буту, нахуствазири собиқи Покистон, оқои Тосир муҳимтарин шахсияти ин кишвар буд, ки террор шудааст. Дар рӯзҳои ахир ӯ дар бораи масоили муҳиме, аз ҷумла мухолифат бо қонуни куфргӯйии Покистон ба сароҳат суҳбат карда буд.
Исломгароёни Покистон аз ин қонуни баҳсангез дифоъ карда ва мухолифон ин қонунро маҳкум карда буданд. Марги Салмон Тосир, ҳангоме иттифоқ афтода, ки давлати Покистон бо як буҳрони сиёсӣ мувоҷеҳ аст. Бурузи ин буҳрон дар пайи хуруҷи яке аз аҳзоби аслӣ аз давлати эътилофӣ ва ба хатар афтодани бақои давлати Юсуфризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон, аст.
Бо канорагирии ҳизби Ҷамоъати Муттаҳидаи Қавмӣ, ки пойгоҳаш Карочӣ маркази иёлати Синд аст, давлати оқои Гелонӣ аксарияти порлумонии худро аз даст додааст. Оқои Гелонӣ барои ҷилавгирӣ аз буҳрон, музокира бо раҳбарони мухолифонро шурӯъ кардааст. Шаҳбоз Шариф, вазири аъзами иёлати Панҷоб, ки бародари Навоз Шариф, раҳбари мухолифон аст, аз аввалин шахсиятҳое буд, ки оқои Гелонӣ бо ӯ музокира карда буд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4062-2011-01-05-08-40-52.html