"ЛАҲЗАҲОИ ТАСМИМ"-И БУШ НАШР ШУД
Президенти пешини ИМА, Ҷорҷ Буши хурдӣ, дар робита ба нашри китоби хотираҳояш, ки дар он аз тасмимҳои баҳсбарангези замони раёсатҷумҳурияш ҳимоят кардааст, аз нав дар сархатти хабарҳо қарор гирифтааст.
Вале ҳамзамон ӯ ба бархе аз иштибоҳҳои сиёсӣ ва иқтисодии ҳашт соли ҳокимияташ иқрор намудааст. Буш, ки наздик ба ду сол пеш Кохи сафедро барои Барак Обама холӣ кард, аз назарҳо пинҳон буд ва дар иқоматгоҳи худ дар Тексас ҳаёти ором ба сар мебурд. Нашри китоби "Лаҳзаҳои тасмим" ӯро гӯё аз нав зинда кард. Дар ин китоби 500-сафҳагӣ аз 14 тасмими асосии ӯ ба ҳайси раисиҷумҳури Амрико ёдоварӣ шудааст ва муҳимтар аз ҳама аз тасмими оғози ҷанг дар Ироқ.
Буш аз тасмимҳои худ дифоъ мекунад
Дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии ЭнБиСи, Буш мегӯяд, ҳар боре, ки аз ёфт нашудани силоҳи қатли ом дар Ироқ фикр мекунад, бемор мешавад, зеро иттилои мавҷудияти чунин силоҳ сабаби оғози ҷанги Ироқ шуда буд. Хабарнигори телевизиони ЭнБиСи аз Буш пурсид, оё ба фикри маъзаратхоҳӣ барои ин ҷанг ҳаст? Буш посухи рад дод: "Ба фикрам, узрхоҳӣ ба маънои нодуруст будани тасмими ҷанг хоҳад буд, ки ман бовар надорам, он тасмим нодуруст буд."
Буш такрор кард, ки ҷанг президенти Ироқ Саддом Ҳусейнро аз байн бурд ва барои 25 миллион нафар ироқӣ роҳи озодиро боз кард. Вай инчунин аз шеваи бозпурсии гумонбаршудагони террор ва аз ҷумла дар об ғарқ кардани сари онҳо ҳамчун омили пешгирӣ аз ҳамлаҳои тарҳрезишудаи террористӣ ҳимоят кард: "Ва ман ба тими худ гуфтам, оё ин шеваҳо қонунист? Ва тими ҳуқуқӣ гуфт, ки оре, қонунист. Ва ман гуфтам, пас аз онҳо истифода кунед. Ман ба шумо мегӯям, ки ин шеваҳо ҳаёти одамонро наҷот доданд."
Дастури таҳияи тарҳи ҳамла ба иншооти ҳастаии Эрон
Дар китоб тасдиқ шудааст, ки Буш ба Пентагон таҳияи тарҳи ҳамла ба иншооти ҳастаии Эронро дастур дод. Иёлоти Муттаҳида ва дигар қудратҳо гумон доштанд, эрониён дар пайи сохтани силоҳи ҳастаиянд, ки Теҳрон ҳамеша рад кардааст. Дар китоб гуфта мешавад, дар масъалаи ҳамла ба Эрон, тими Буш ба ду гурӯҳ ҷудо шуд.
Яке мегуфт, ин ҳамла ба мухолифони Эрон кӯмак хоҳад кард, дигаре бар ин буд, ки он ба миллатгароии эронӣ хоҳад афзуд. Буш ҳамчунин ифшо кардааст, ки пас аз андешаҳои ҷиддӣ, талаби Исроилро ба бомбаборон ё шакли дигари маҳви иншооти эҳтимолии ҳастаии Сурия рад кардааст. Исроилиҳо дертар худ ба ин иншоот аз ҳаво зарба заданд. Дар сиёсати дохилӣ, Буш иқрор кардааст, ки бо парвоз аз рӯйи пайомадҳои тӯфони Катрина ба ҷои шахсан рафтанаш ба ҷои воқеа, иштибоҳи бузурге кардааст.
Ин сабаб шуд, ки Бушро ба бетаваҷҷӯҳӣ ба ҳоли мардум айбдор кунанд. Дар иқтисодиёт, раҳбари собиқи Амрико гуфтааст, шиддати бӯҳронро кам гирифтааст ва надидааст, ки он метавонад сабаби пасрафти ҳамаи риштаҳо шавад. Интизор меравад, ки китоби Буш ба теъдоди якуним миллион нусха ба фурӯш равад ва дар чанд моҳи оянда дар рафи китоб паҳлӯи хотираҳои ноиби пешинаш Дик Чейнӣ ва вазири собиқи дифоъ Доналд Рамсфелд ҷой бигирад.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3542-q-q----.html