11:46:20 03-уми Июни 2025 сол

ГАРАВГОНГИРӢ ДАР БАҒДОД БО ХУНРЕЗӢ БА ПОЁН РАСИД

refemДар пайи юриши маъмурони амниятии Ироқ ба калисое дар маркази Бағдод барои озод кардани даҳҳо нафар, ки тавассути мардони мусаллаҳ гаравгон гирифта шуда буданд, ҳадди ақал 37 нафар кушта шудаанд. Манобеъи давлатӣ ба Би-би-сӣ гуфтаанд, ки 25 нафар аз куштаҳо гаравгон будаанд ва ҳафт маъмури амниятӣ ва ҳадди ақал панҷ муҳоҷим низ кушта шудаанд. Ба ҳангоми шурӯъи гаравгонгирӣ, ки якшанбе баъд аз зуҳр рӯй дод, ҳудуди 100 нафар дар дохили калисои "Бонуи растагории мо" саргарми ниёиш буданд.

 

Гузоришҳо ҳокист, ки муҳоҷимон хостори озодии пайкорҷӯёни Алқоъида аз зиндонҳо буданд. Телевизиюни маҳаллии "Албағдодия" гуфт, ки шахсе, ки иддаъо мекард яке аз муҳоҷимон аст, дар тамосе телефонӣ бо ин конол гуфт, ки муҳоҷимон мутаъаллиқ ба гурӯҳи "Кишвари исломии Ироқ" ҳастанд. Ин як гурӯҳи пайкорҷӯи суннӣ аст, ки Алқоъида дар Ироқро дар бар мегирад. Гузориш ҳокист, ки муҳоҷимон на ироқӣ, балки арабҳои хориҷӣ буданд.

 

Инфиҷор

Сокинони маҳаллаи Алкародаи Бағдод, ки ҳамла дар он рӯй дод ибтидо садои баланди як инфиҷорро шуниданд ва пас аз он садои тирандозӣ баланд шуд. Пулис гуфт гурӯҳе аз мардони мусаллаҳ ибтидо ҳамларо бо юриш ба сохтмони бурси Бағдод шурӯъ карданд ва баъд калисои котуликро, ки он тарафи хиёбон буд, ишғол карданд. Онҳо бо муҳофизони калисо даргир шуданд ва чанд нафар аз онҳоро куштанд.

 

Маъмурони амниятӣ баъдан калисоро муҳосира ва ноҳияро масдуд карданд. Дар ҳоле ки чархболҳо дар осмон давр мезаданд, маъмурон ба сохтмони калисо юриш бурданд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки нерӯҳои омрикоӣ низ дар он атроф ҳузур доштаанд, аммо мизони дахолати онҳо дар амалиёти пулис маълум нест. Алӣ Иброҳим фармондеҳи пулис дар шимол-шарқии Бағдод гуфт: "Ин амалиёти тамом шуда ва мо ҳамаи гаравгонҳоро озод кардем."

 

Хабарнигори Би-би-сӣ дар Бағдод мегӯяд, ки манобеъи мухталиф арқоми мутафовите аз шумори муҳоҷимон ва гаравгонҳо ин ки чи теъдод аз ҳар тараф кушта шудаанд, ироа кардаанд. Гузориш ҳокист, ки ду муҳити амниятӣ сохтмон бурс низ кушта шудаанд. Ҳудуди якуним милюн нафар аз ҷамъияти Ироқро масеҳиён ташкил медиҳанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3471-2010-11-01-08-09-37.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854