14:56:34 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КАДХУДОӢ: ҶАЛАСА БО НАМОЯНДАГОНИ МУСАВӢ НАТИҶА НАДОШТ

 

Шурои нигаҳбон аз бенатиҷа будани ҷаласаи Шуро бо намояндагони Мирҳусейни Мусавӣ ва оғози бозшумории даҳ дарсади орои интихоботи Эрон хабар додааст.

Рӯзи душанбе, 29 июн (8 тир) Аббосалии Кадхудоӣ, сухангӯи Шурои нигаҳбон, ниҳоди нозир бар интихоботи Эрон, гуфт, ки ҷаласае, ки байни ҳайати интихоботии Шурои нигаҳбон ва намояндагони Мирҳусейни Мусавӣ, номзади муътариз ба натиҷаи интихоботи давҳумин давраи раёсати ҷумҳурии ин кишвар баргузор шуд, ба "натиҷаи рӯшане" нарасид.

Ба гузориши хабаргузории давлатии Эрон (ИРНА) оқои Кадхудоӣ гуфтааст, ки "Шурои нигаҳбон дар соъоти поёнии рӯзи гузашта (якшанбе) пешниҳодҳои ғайримустақиме аз оқои Мусавӣ мабнӣ бар бозшумории оро бо равише хосе дарёфт кард."

Вай дар мавриди наҳваи дарёфти ин "пешниҳодҳои ғайримустақим" тавзеҳе надод. Ба гуфтаи оқои Кадхудоӣ пешниҳоди оқои Мусавӣ ҳамчунин "шомили бозшуморӣ дар бархе устонҳо, бозбинии таҳсушҳои (корешок) таъарруфа бо сериёли шиносномаҳо ва бозбинии хутути бархе аз таарруфаҳо буд, ки Шурои нигаҳбон онро ба сурати тасодуфӣ қабул кард."

Вай афзудааст, ки бо таваҷҷуҳ ба ин ки аъзои Шурои нигаҳбон ин пешниҳодро мусбат талаққӣ мекарданд, қарор шуд музокироте сурат бигирад ва соъати 9 рӯзи душанбе чанд тан аз аъзои ҳайати вежаи интихоботи Шуро бо намояндагони Мирҳусейни Мусавӣ мулоқот карданд, аммо баъд аз итмоми ҷаласа бо тааллулҳое, ки сурат гирифт, натиҷаи рӯшане ба даст наомад."

Соъоте пеш аз мухобираи ин хабар оқои Кадхудоӣ гуфта буд, ки ҷаласаи Шуро бо намояндагони оқои Мусавӣ аз соъати 9 то 11 бомдоди душанбе баргузор шуд ва Шурои нигаҳбон дар ҳоли баррасии пешниҳодҳои ин номзад аст.

Оқои Кадхудоӣ гуфтааст, ки Шурои нигаҳбон "барои итминони бештар ва ҷалби эътимоди бештари ҳаводорони номзадҳо эълом карда буд, ки ҳозир аст даҳ дарсад аз сандуқҳоро ба сурати тасодуфӣ бозшуморӣ кунад ва кори бозшуморӣ дар устонҳо ва шаҳристонҳои гуногун дар муқобили дурбинҳои садову симо дар ҳоли иҷро аст."

Сухангӯи Шурои нигаҳбон гуфт, ки ин Шуро талош мекунад то поёни вақти идории рӯзи душанбе натиҷаи ниҳоии интихоботи даҳумин давраи раёсати ҷумҳуриро эълом кунад.

Пас аз эъломинатиҷаи раъйгирӣ дар интихоботи даҳумин давраи раёсати ҷумҳурӣ Шурои нигаҳбон муҳлатеро барои дарёфт ва расидагӣ ба шикоёти нрмзадҳои муътариз манзур кард, аммо бо худдории онон аз ҳамкорӣ ба далели нигаронӣ аз адами бетарафии Шуро, бо мувофиқти оятуллоҳ Хоменаӣ ба муддати панҷ рӯзи дигар тамдид шуд.

Оятуллоҳ Хоменаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ соъоте пас аз эъломи натиҷаи раъйгирӣ тавассути вазорати кишвар ва қабл аз таъйиди ин натоиҷ аз суи Шурои нигаҳбон ин натиҷаро мавриди таъйид қарор дод, ҳарчанд дар пайи эътирозот нисбат ба ин натоиҷ аз суи Шурои нигаҳбон хостааст, ки шикояти номзадҳои муътаризро мавриди расидагӣ қарор диҳад.

Бархе аз муътаризон гуфтаанд, ки бо таваҷҷуҳ ба мавқеъияти раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ ва иртиботи он бо Шурои нигаҳбон ва ҳамчунин узвияти ду тан аз аъзои Шурои нигаҳбон дар давлати Маҳмуди Аҳмадинажод, номзаде ки расман пирӯзи интихобот эълон шуда, интизор намеравад ин Шуро ба гунае бетарафона амал кунад.

Мирҳусейни Мусавӣ ва Меҳдии Каррубӣ, ду номзад аз ҷиноҳи ислоҳталаб хостори ибтоли интихобот шудаанд ва оқои Мусавӣ ташкили шурои ҳакамияти мустақил барои расидагӣ ба шикоёти интихоботиро ҳам матраҳ кардааст.

Муҳсини Ризоӣ, дигар номзади интихобот ҳам, ки нисбат ба натиҷаи интихобот муътариз буда гуфтааст, ки танҳо дар сурате ки ду номзади дигар намояндагоне барои мулоқот бо Шурои нигаҳбон эъзом кунанд, намояндагони ӯ низ дар чунин ҷаласае ширкат хоҳанд кард.

Оқои Кадхудоӣ мушаххас накард, ки оё намояндагони ду номзади муътаризи дигар ҳам дар ҷаласаи рӯзи душанбеи ҳайати вежаи Шурои нигаҳбон ҳузур доштаанд ва оё ҷаласаи дигаре барои ин манзур пешбинӣ шудааст ё на.

Эъломи натиҷаи раъйгирӣ дар интихоботи даҳумин давраи раёсати ҷумҳурӣ аз суи вазорати кишвар, ки ҳокӣ аз касби аксарияти қобили таваҷҷуҳи оро тавассути Маҳмуди Аҳмадинажод буд, ба эътирозоти густардае дар дохил ва хориҷи Эрон мунҷар шуд ва ин эътирозот ба шаклҳои мухталиф идома доштааст.

Муътаризон гуфтаанд, ки натиҷаи интихобот қобили қабул нест ва давлатро ба тақаллуби густарда дар интихобот муттаҳам кардаанд.

BBC



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi