14:30:54 05-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ӯ БАРОИ БАРОДАРИ ИҶБОРАН МУҲОҶИРШУДААШ СӮХТ…

Одил Исломӣ соли 1944 дар деҳаи Ховалинги ноҳияи Ховалинг, таваллуд шудааст. Соли 1961 баъди хатми мактаби миёнаи ноҳия ба факултети шарқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон дохил шуда онро соли 1966 хатм кардааст.

/images/stories/2012/06/24_0001111_240612.jpgЧанд муддат муаллими мактаби миёна, тарҷумон ва баъдан аз соли 1981 ба ҳайси ходими адабии шӯъбаи барномаҳои хориҷии радиои Тоҷикистон фаъолият кардааст. Солҳои 90-ум котиби масъули рӯзномаи «Оинаи рӯзгор»-и ноҳия Ховалинг будааст. Вақте, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шурӯъ мешавад, ӯро силоҳбадастон борҳо лату кӯб карда чанд муддат дар зиндонҳои худ маҳбус низ намуданд. Ӯ чӣ гуноҳ дошт, ки бо ӯ чунин муносибат карданд? «Гуноҳаш» ҳамин буд, ки ҷанги ду бародарро аз рӯзҳои аввали оғози он рӯирост маҳкум мекард. Вақте фаҳмид, ки як иддаъ аз мардуми Тоҷикистон иҷборан ба Давлати Исломии Афғонистон муҳоҷир шуданд, дуд аз димоғаш баромад.

Бо сӯзу гудоз манзумае навишту худро муқассири ин маҷбуран ҷилои Ватанкарданҳо донист. Бо нолаву зорӣ бозгашти онҳоро хоҳон шуд. Ин чиз ба табъи дӯстони деринааш силоҳбадастони онрӯза нафорид. Ва шурӯъ карданд ба «тарбия»-и ӯ. Билохира азобу машаққати зиёди рӯҳиву ҷисмонӣ ӯро ба бистари беморӣ кашид. Мутаассифона, аз тарси силоҳбадастон ягон табибе ҷуръат накард, ки ба табобати ин марди худогоҳ он замон дар Ватанаш ҷиддӣ машғул шавад.

/images/stories/2012/06/24_0002222_240612.jpgНиҳоятан ӯ худ маҷбур мешавад, ки барои табобат гирифтан тарки Ватан кунад. Сад войю ҳазор дареғ, оне, ки мехост бародарони муҳоҷири худро дар Ватан сарҷамъ бубинад, худ дар ғарибӣ ҷон ба Ҳақ таслим кард. Одили Исломӣ соли 1996 дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Ишқободи Туркманистон бо сад ҳазор орзуву ҳавас  дар синни 52-солагӣ ин дунёи фониро падруд гуфт.

Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ мо ҳамон манзумаеро, ки шодравон Одили Исломӣ онро ҳанӯз дар ибтидои соли 1993 навишта буду боиси саргардониҳо ва оқибат марги ин шоир ва журналисти, дар ҳақиқат, миллатдӯсту ватанпараст гардид, имрӯз бори аввал ба сафҳаи шабакаи ҷаҳони Интернет барои Шумо, муштариёни гиромии сомонаи «Рӯзгор» мерезем ва ҳамзамон пеши Худованди бузург дуъо мекунем, ки равони Одил Исломии азизу ҳазорҳо ӯ баринҳо ватандӯстону сулҳҷӯёне, ки ба даврони истиқрори сулҳу оштӣ норасида дар ин ҷанги ҳамватанӣ шаҳид шудаанд, шоду ҷояшон дар охират фирдавси барин бошад. Илоҳо, омин ё Раббалъоламин,

АЛО ҲАМШАҲРИИ КӮЛВОР ДАР ПУШТАМ КУҶОӢ ТУ?

Ало ҳамшаҳрии кӯлвор дар пуштам куҷоӣ ту?

Ало ҳамшаҳрии атфол дар муштам, гадоӣ ту?

Ало ҳамшаҳрии гирёну саргардону дарвешам,

Ғарибу нотавону гушнаву танҳову бехешам.

Ту аз тири мани ваҳшӣ парешониву бечора.

Ман ин ҷо дар ғами ту бо дили сад чоку сад пора.

 

Туро ба мушт кубидам, ки нафрин бод бар муштам,

Туро куштам ба дасти худ, ки лаънат бод бар пуштам.

Туро аз хона чун тири фалохун тард бинмудам,

Дили гарми туро бо оташи худ сард бинмудам.

Дарего, ман намедонам чаро аз хонаат рондам?

Зи пуштат ҳамла кардам бозу тухми марг борондам.

Туро дар оби Ҷайҳун ғарқ кардам, ноаён кардам,

Занону тифлаконатро хӯроки моҳиён кардам.

Намедонам чӣ кардам, бо кӣ кардам, ман чаро кардам?

Туро ҳамшаҳрӣ куштам, хонаат мотамсаро кардам.

Маро дастам, сарам, рӯям, ҳама ҷоям пур аз хун аст,

Дилам мотамсарову зору ҳайрон асту маҳзун аст.

Зи андӯҳи ту дигар луқмаам андар даҳон хок аст,

Зи ғамҳои ту дигар қалби ман маҷрӯҳу ғамнок аст.

 

Ало ҳамшаҳрӣ, моро аз шумо бегона мекарданд,

Ба зидди ҳамдигар мисли саги девона мекарданд.

Ҳама аз бесаводӣ нолаву фарёд мекарданд,

Ҳама аз бесаводӣ фитнаву бедод мекарданд.

Ба ҷони ҳамдигар андохтанду мо нафаҳмидем,

Ба қатлу ғорати қавми бародар даст гандидем.

Кунун гар мо ба ҳам тозем душман ханда хоҳад кард,

Ватанро аз вуҷуди наҳси худ оганда хоҳад кард.

Кунун гар мо ба ҳам тозем касро ғам нахоҳад буд,

Ба ҷуз мо ҳеҷ миллатро ғаму мотам нахоҳад буд.

Зи марги мо ҳамеша мурдашӯён шод мегарданд,

Зи нобудии мо хасмон ҳама обод мегарданд.

Ало ҳамшаҳрӣ, баҳри мову ту ин дарс бас бошад,

Ҳамин миқдор бас бошад, агар куштан ҳавас бошад.

Агар рафтем мо аз байн мӯе хам нахоҳад шуд,

Ҷаҳон холӣ, рухе пурчин, диле пурғам нахоҳад шуд.

Агарчӣ шишаи бишкастаро пайванд натавон кард,

Агарчӣ қалбҳои пораро хурсанд натвон кард.

Агарчӣ синаи пурдардро бедард натавон кард,

Агарчӣ ваҳшию номардҳоро мард натавон кард.

Вале баргард, ту ҳамшаҳрии дилхунам,

Бо поят сар ниҳам, дар хок молам рӯйи маҳзунам.

Бубахшам, тавба кардам, боз о, ҳамшаҳрии пирам,

Агар ҳамшаҳрӣ баргардӣ, ба хоки пот мемирам.

Ман акнун қадри ту донистам, меҳри ту бигзидам,

Ҳазорон тавба кардам, бисоти қаҳр барчидам.

Илоҳо кӯр гардам, гар ба рӯят бад нигоҳ кардам,

Чӣ бад кардам, пушаймонам, ғалат кардам, гунаҳ кардам.

Ту чун рафтӣ, ало ҳамшаҳрӣ, ман бедор гардидам,

Зи макру ҳиллаҳои душманон безор гардидам.

Ба хоки ғафлати якасраам лаънат фиристодам,

Ба сӯги миллатам бар осмонҳо рафт фарёдам.

Аё тоҷики маҳбубам, ба ёди ту дилам танг аст,

Басе шармандаам, қалбам ба ҷони хеш дар ҷанг аст.

Биё, хоки поятро ба рӯи дида мемолам,

Наоӣ, дар фироқат то қиёмат зор менолам.

Ҳабиби ман барои лафзи ширинат дилам танг аст,

Табиби ман барои меҳри деринат дилам танг аст.

Дилам танг аст баҳри қомати зебою раъноят,

Дилам танг аст баҳри донишу чашмони доноят.

Дилам танг аст баҳри ҳар қадам, ки мегузорӣ ту,

Ба дастони ҳунармандат, ки дастам мефишорӣ ту.

Биё баргард ҳамшаҳрӣ, аз ин пас бо ту менозам,

Ту эй ҳамдостонам, ҳамнишину ҳамдами розам.

Биё, то сар ба зонуят гузорам, ашк афшонам,

Биё, то бингарӣ фарёди зору ашку афгонам.

Биё, ки баъд аз ин моро дигар душман нагардонанд,

Биё, ки баъд аз ин моро ҷудо кардан набитвонанд.

Наоӣ гар, сар аз хоки сияҳ боло нахоҳам кард,

Куҷо ҷӯям, ки дар дунё туро пайдо нахоҳам кард.

Агар шоҳӣ ба мулки ғайру дунёдор, охир чӣ?

Агар моҳӣ ба мулки ғайру пуранвор, охир чӣ?

Агар дунё ба коми худ бигардонам бе суд аст,

Ҳама парвозҳои бе Ватан як кори беҳудаст.

Ғариб уфтодаро дунё чи зуд аз ёд хоҳад бурд,

Ки хоки мурдаи гумномро кай бод хоҳад бурд?

Наоӣ гар ту ҳамшаҳрӣ, чӣ хоке бар сар афшонам,

Магар доғи туро бо оби дида шуст битвонам.

Биё ҳамшаҳрии ҷонам, маранҷон интизоратро,

Биё бигзор по дар чашми ман бӯсам гузоратро.

Биё бо ҳам равони рафтагонро ёд бинмоем,

Биё бо ҳам ба ёди рафтагон фарёд бинмоем.

Биё борони лаънат бар сари хасмони дун борем,

Биё бо ҳам ба ёди рафтагон аз дида хун борем.

Ало ҳамшаҳрии кулвор дар пуштам, кӯҷоӣ ту?

Ало ҳамшаҳрии атфол дар муштам, гадоӣ ту?

Ало ҳамшаҳрии гирёну саргардону дарвешам,

Ғарибу нотавону гушнаву танҳову бехешам…

Зимистони соли 1993

Таҳияи Султони Ҳамад, «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
+3 #6 RE: Ӯ БАРОИ БАРОДАРИ ИҶБОРАН МУҲОҶИРШУДААШ СӮХТ…Guest 17.07.2013 13:45
Рухаш шод, манзили охираташ обод бод. Кучост Хазрати Одина Хошим,ки ин манзумаи чигарсузро замзама кунад...
 
 
+3 #5 RE: Ӯ БАРОИ БАРОДАРИ ИҶБОРАН МУҲОҶИРШУДААШ СӮХТ…Nusrat 27.11.2012 13:11
RUHAT SHOD VA JOYT JANNATULFIRDAVS BOD USTOD ODILI ISLOMI. TASHAKKUR BA SULTONI HAMAD.
 
 
+5 #4 RE: Ӯ БАРОИ БАРОДАРИ ИҶБОРАН МУҲОҶИРШУДААШ СӮХТ…Guest 19.07.2012 16:01
Хазорон рахмати Хак бар равони Одил Исломи ва садхо хазор рахмати Хак бар тану чони Султони Хамад... Кош охангсозе бар ин манзума оханг мебасту овозхоне онро ба наво меовард ва коргардони дилсузе дар телевизион бо истифода аз наворхои он рузгор намоханге (клип)месохт... Ачаб муассир мебуд барои вахдати милли.
 
 
+8 #3 RE: Ӯ БАРОИ БАРОДАРИ ИҶБОРАН МУҲОҶИРШУДААШ СӮХТ…Guest 26.06.2012 16:11
Устод Одили Ислом шахсияти илмиву фархангии точик буд, ки вокеан дилаш ва чону рухаш барои мардумаш месухт.Мулки Ховалинг бояд ифтихор кунад , ки чун Одили Ислом, чун устод Зафари Мирзоён ва Ибоди Окилпур барин фарзандони гаюру часур ва донишманду дилсузи ватану миллат дорад. Ёди устод Одили Ислом бо гузашти солхо дар калби мардуми хушмандамон сабт хохад шуд. Сипоси бепоён ба дусти гироми Султони Хамад барои нашри ин манзумаи чигарсузи Одили Исломиён. Замоне ки онро мехондам, ба рости, ашкамро натавонистам нигах дорам. Максад вазну кофияи ин манзума нест , балки наъраи чонсузи ин марди точикпараст аст , ки ин фочеаро тахаммул накардааст ва алорагми сару садохои хамон солхои сахт, ин харфхоро ба забон овардааст. Рухат шод бод точики хакпараст!
 
 
+9 #2 RE: Ӯ БАРОИ БАРОДАРИ ИҶБОРАН МУҲОҶИРШУДААШ СӮХТ…Guest 26.06.2012 05:34
Чи кадар марди шучоъ будаст Одили Исломи! Дар хакикат хам Одил будасту хам Исломи.
Худо чояшро бихишт гардонад
 
 
+10 #1 RE: Ӯ БАРОИ БАРОДАРИ ИҶБОРАН МУҲОҶИРШУДААШ СӮХТ…Guest 25.06.2012 00:09
Дуо мекунем, ки рухи шодравон, Одил Исломи щод бошаду чояш чаннат.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi