15:29:57 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

РАИСИ БАХШИ ҲНИТ ДАР БАДАХШОН КУШТА ШУДААСТ

Раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон дар амалиёти низомии давлат алайҳи мухолифони мусаллаҳ дар шаҳри Хоруғ кушта шудааст. Сабзалӣ Мамадризоев рӯзи 24 июл дар ҷараёни ин амалиёт дар маҳаллаи мавсум ба УПД, маҳалли зисташ, дар асари исобати гулӯла ҷони худро аз даст додааст.

Масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар бораи ин хабар изҳори беиттилоъӣ карданд. Вале ба гуфтаи иддае аз афроди наздик ба Мамадризоев, вай тайи як соли ахир раҳбарии бахши ин ҳизб дар вилояти Бадахшонро бар уҳда дошта ва дар нишастҳои мухталифи ин ҳизб дар Душанбе ба унвони намояндаи ҳизб аз Бадахшон ширкат мекардааст.

Сабзалӣ Мамадризоев ҳамагӣ 30 сол дошта ва ба гуфтаи дӯстон ва ҳамсинфонаш, то ҳол ба иртикоби ягон ҷурме муттаҳам нашудааст.

Ба гуфтаи бархе аз сокинони шаҳри Хоруғ, амалиёти густардаи нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон, ки субҳи рӯзи сешанбеи 24 июл дар шаҳри Хоруғ оғоз шуд, хисороти бештареро дар маҳаллаи мавсум ба УПД, ки дар шарқи шаҳр воқеъ аст, ворид кардааст.

Гуфта мешавад, ки дар ин минтақа беш аз 10 нафар аз афроди ғайринизомӣ дар амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи шӯришиён кушта шудаанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi