15:59:44 03-уми Июни 2025 сол

ПАРВАНДАИ 18 ТОҶИКИСТОНӢ ДАР РУСИЯ БА ДОДГОҲ ИРСОЛ ШУД

Пулиси Русия мегӯяд, ки таҳқиқи парвандаи ҷиноии 18 шаҳрванди Тоҷикистонро анҷом дода ва онро барои муҳокима ба додгоҳи ноҳияи Лефуртувскийи шаҳри Маскав равона кардааст.

Бар асоси иттилоъи сойти расмии Вазорати кишвари Русия, ин афрод бар асоси моддаи 162-и қонуни кайфарии он кишвар ба сирқат ва роҳзанӣ муттаҳам шудаанд Онҳо беш аз як сол қабл аз сӯйи кормандони ин вазорат боздошт шуда буданд.

Тавре ки пулиси Русия мегӯяд, 18 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бекор будаанд бо таъсиси як гурӯҳи созмонёфта ба анборҳои коло дар шаҳри Маскав ҳамла бурда ва бо истифода аз аслиҳа колои онҳоро ба ғорат мебурданд.

Ин афрод дар моҳи феврали соли 2011, ҳангоме боздошт шуданд, ки қасди ба сирқат бурдани колоҳои як анбори либоси занона дар шаҳри Маскавро доштаанд.

Пулис мегӯяд, ки панҷ нафар аз ин афрод бо силоҳ ду посбони ин анборро таҳдид карда ва дастони онҳоро баста ва ба маблағи беш аз 6 милюн рубли русӣ колои мавҷуда дар ин анборро ба комюнҳо бор кардаанд ва дар ин замон аз сӯйи кормандони пулис боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад бештари аъзои ин гурӯҳ забони русиро балад набудаанд. Аз ин рӯ, кормандони пулис дар ҷараёни бозрасии парвандаи ҷиноӣ аз даҳ мутарҷим истифода кардаанд.

Ин нахустин бор нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон барои иртикоби ҷароиме дар Русия боздошт мешаванд, вале боздошти атбоъи Тоҷикистон ба ин теъдоди бузург дар Русия бесобиқа будааст.

Бар асоси гузоришҳои расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои Русия ҳудуди панҷ ҳазор сокини Тоҷикистон ба сар мебаранд. Гуфта мешавад, ки беш аз 60 дарсади ин афрод ба ҷурми интиқоли маводди мухаддир боздошт ва зиндонӣ шудаанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854