23:28:42 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

ПРЕЗИДЕНТ ГУФТ, БАРОИ РАФЪИ ОФАТҲО ОМОДА БОШЕД

Раисиҷумҳури Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз хатари барфкӯчу обхезиҳо дар баҳори имсола дастур дод.

/images/stories/2012/03/29_janobi-oli_29312.jpgЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 28-уми март дар машварати корӣ бо аъзои ҳукумат, ба мақомдорони кишвар дастур додааст, ки барои ҷилавгирӣ аз хатари фурӯрезии тармаву ярч, обхезӣ ва боронҳои шадиди баҳорӣ омода бошанд. Ӯ гуфтааст, "дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ситоди омодагӣ ва огоҳсозии мардум аз хавфи офатҳои табиӣ" низ таъсис дода шавад.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, боришоти зиёди барфи имсола ба эҳтимоли зиёд бо гарм шудани ҳаво таҳдидҳоеро ба мисли барфкӯчҳо ва селу обхезӣ ба бор хоҳад овард. Бинобар иттиллои ин манбаъ, дастури мазкур дар ҷаласаи машваратии ҳукумати кишвар эълон шудааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, дар ҷаласаи машваратӣ таъкид шудааст, ки "барои огоҳсозии мардум аз хатари офатҳои табиӣ ва амалисозии чораҳои саривақтӣ аз воситаҳои ахбори омма ҳам истифода шавад."

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин гуфтааст, дар рӯзҳои наздик реҷа ё лимит (маҳдудият)-и интиқоли нерӯи барқ коҳиш дода мешавад ва корхонаҳои саноатиро зарур аст, ки корро ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монанд.
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi