01:37:37 02-уми Июни 2025 сол

ИФТИТОҲИ ЧАРХАИ АВВАЛИ НЕРӮГОҲИ "САНГТӮДА-2"

Чарха ё трубинаи аввали нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" бо иштироки раҳбарони Тоҷикистону Эрон фаъол шуд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, то охири сол ҳарду агрегати нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" пурра ба кор хоҳад даромад. Вай ифтитоҳи чархаи аввали ин нерӯгоҳро гоми дигари устувор ба сӯи истиқлоли энержӣ номид.

/images/stories/2011/09/05_sangtuda2_5.9.2011.jpgМаҳмуди Аҳмадинажод ҳам дар ҷараёни суханронии худ гуфт, кишвараш ҳамеша дар канори Тоҷикистон хоҳад буд ва аз истиқлоли ин кишвар ҳимоят хоҳад кард. Ӯ равобити Душанбеву Теҳронро бисёр самимӣ ва бародарона хонд ва афзуд, ин ду кишвар, ки аз як сарчашма об мехӯранд, дар ҳамаи заминаҳо ҳамкорӣ хоҳанд кард. "Пешрафти Тоҷикистону Эрон алайҳи ҳеҷ кишваре нест",-илова кард Маҳмуди Аҳмадинажод.

Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" дар 120-километрии ҷанубу шарқи пойтахти Тоҷикистон қарор дошта бар фарози рӯдхонаи Вахш сохта шудааст. Нерӯгоҳ аз ду агрегати 110-мегаваттӣ иборат хоҳад буд ва оғоз ба кор кардани он тавлиди нерӯи барқро дар Тоҷикистон қариб 1 миллиард киловатт-соат афзоиш хоҳад дод. Пас аз 12,5 соли истифода ба нафъи Эрон, ин нерӯгоҳ дар ихтиёри Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт.

Бо оғози ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон тайи 15 соли ахир баъд аз сохтмони нақби "Истиқлол" дар гарданаи Анзоб, нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" дуввумин тарҳи муҳими Эрон дар кишвар ба шумор меояд. Рӯзи чоруми сентябр дар ҷараёни дидору гуфтугӯи Маҳмуди Аҳмадинажод ва Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе тавофуқ шуд, ки ҷониби Эрон нерӯгоҳи "Айнӣ" бар рӯдхонаи Зарафшонро низ хоҳад сохт.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854