АСРОР ВОҲИДОВ – ҚАҲРАМОНИ БОКСИ ҶАҲОН МИЁНИ НАВРАСОН
Асрор Воҳидов дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни наврасон дар Остона соҳиби медали тилло гардид.
Бобоҷон Маҳмарасулов, раиси Федератсияи бокси Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Асрор Воҳидов дар рақобатҳо дар вазни то 48 кило бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба финал баромад. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ Владислав Красношеини русиягиро шикаст дода ва ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст.
Дар ин вазн Александр Маленюк (Украина) ва Михаил Квасюч (Руминия) ҷойҳои севвумро касб карданд. Дар сабқати ҷаҳонӣ беш аз 500 варзишгари 15-сола аз 48 кишвар иштирок доштанд. Ба ҳайъати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш нафар шомил буд.