БУЛБУЛОВ БАРОИ ПИНҲОН ДОШТАНИ ФИРОРИЁН БОЗДОШТ ШУД
Бино ба хабари вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, Додарҷон Булбулов-шаҳрванди 43 солаи ноҳияи Тавилдара барои пинҳон доштани фирориёни боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шудааст.
Булбулов 8 моҳ фирориён, аз ҷумла 2 шаҳрванди Русия доғистониҳо Казбек Ҷабраилов ва Низомӣ Абиевро дар манзили худ пинҳон кардааст. Низомӣ Абиевро 13-уми июл дар Бишкек кормандони интизомии Қирғизистон боздошт карданд. Шаби 23-юми августи соли гузашта аз боздошгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 25 нафар фирор карданд, ки дар миёни онҳо 4 шаҳрванди Русия низ буданд.