00:34:37 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 29 30 31  

СЕМИНАРИ МАШВАРАТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Бахшида ба чорумин солгарди қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинари машваратии умумиҷумҳуриявӣ дар толори Кохи ҷавонони шаҳри Хоруғи ВМКБ баргузор гардид.

/images/stories/2011/07/23_seminar-khorugh_4455465.jpgИштирокдорони ин семинар мудирони бахшҳо оид ба корҳои дин, раисони иттиҳодияҳои динӣ аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ, бо раисони бахшҳои корҳои дин дар вилоят ва сармутахассисон оид ба корҳои дини ҷамоатҳои деҳот  сӯҳбат  намудаанд.

Меҳмонон аз рӯи нақша дар деҳаҳои Зиғар ва Паткуноби ноҳияи Дарвоз бо ҳамкоронашон аз ВМКБ сӯҳбатҳо доир намуда, дар шаҳри Хоруғ пас аз машварати мукаммал бо фаъолияти кори комиссияҳои ҷамъиятии танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳри Хоруғ шинос гардиданд.

Фаъолияти идораҳои Помирэнерҷӣ, Гумрук, Стандарти давлатӣ, Бонки аграрӣ ва идораи Бадахшонроҳ  дар ин самт мавриди омӯзиш қарор гирифт. Иштироккунандагони семинар-машварат бо кормандони ҷамоати деҳоти Андароби ноҳияи Ишкошим сӯҳбат намуда аз санаторияи Гармчашма ва боғи ботаникии Помир дидан намуданд.

Алишер Ҷунайдов, «Рӯзгор», Хоруғ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi