04:56:52 01-уми Июли 2025 сол

"УСТО"-И ПУЛҲОИ ТАҚАЛЛУБӢ БОЗДОШТ ШУД

Бино ба хабари "Азия-Плюс", дар ҷараёни як амалиёти вижа дар вилояти Суғд Саиднеъмат Одинаев-марди 28-сола барои сохтани пулҳои тақаллубӣ боздошт шудааст.

 

Вай рӯзи 5-ӯми январ ҳангоми табдили 8 искиноси 100 долларӣ ба даст афтодааст. Дар ин бора раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд хабар додааст. Бар зидди Одинаев парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ