02:14:23 10-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси таҳкими дӯстии байни халқҳо мебошад

Дирӯз, 7 июл дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии ҳайатҳоикории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия таҳти унвони «Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-асоси таҳкими дӯстии байни халқҳост» баргузор гардид.

Obid-Nazariyon-6554653232.jpgНахуст ҳайати фарҳангии Русия аз утоқҳои дастхатҳо, китобҳои қадимаи адибони классики тоҷик дидан карда, бо фарҳангу маданияти халқи тоҷик ошноӣ пайдо намуд.

Сипас, вобаста ба ҳамкорӣ дар самти фарҳанг, аз қабили баргузории барномаҳои ҳунарӣ, намоишномаҳои театрӣ, таъмини мутахассисони соҳаи театру кино, баргузории дарсҳои омӯзишӣ аз ҷониби мутахассисон ва ғайраҳо ибрози назар карда шуд.

Бояд гуфт, ки аз 6 то 13 июли соли равон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд.

Ҳайати 64-нафараи ҳунармандони Русия аз 6 то 11 июл барномаҳои ҳунарии хешро дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор менамоянд.

Ҳунармандони бомаҳорати Русия дар ҳайати пианинанавози машҳур, Ҳунарпешаи халқии Русия Денис Матсуев, Ансамбли давлатии академии рақси халқии «Налмэс» –и Ҷумҳурии Адигея дар ин рӯзҳо бо барномаҳои ҷолибу диданӣ хотири тамошобинонро болида мегардонанд.

Тибқи барномаи баргузории чорабинӣ, сафари иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия ба шаҳри Хуҷанд 10 июл шуруъ гардида, барномаҳои ҳунарӣ 11 июл дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, «Боғи Ирам» ва дигар мавзеъҳои ҷолиби пойтахт ва шаҳри Хуҷанд дидан менамоянд.

София ШОИК, АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi