16:50:03 02-уми Июни 2025 сол

ПУЛ ДЕҲ ҶАЗОЯТРО САБУКТАР МЕКУНАМ: БОЗДОШТИ СУДЯ БО 30000 СОМОНӢ ПОРА

Агентии зидди фасод дар Тоҷикистон аз боздошти як корманди суди шаҳри Ҳисор хабар додааст, ки дар гирифтани пора муттаҳам мешавад.

fasod 124545Бино ба иттилои дафтари матбуотии Агентӣ боздоштшуда Собирзода Зайдулло Фозил судяи Суди шаҳри Ҳисор мебошад.

Тибқи иттилои манбаъ, номбурда дар ин вазифа кор карда истода, ҳамчун шахси мансабдор аз шаҳрванд “А” барои нисбаташ таъин намудани ҷазои сабуктар маблағи 30000 сомонӣ ҳамчун пора талаб намудааст.

Манбаъ мегӯяд, Собирзода санаи 12 апрели соли 2020 маблағи 10000 сомониро пешакӣ гирифта, оварда додани боқимондаи онро талаб намуд.

“Санаи 14 апрели соли 2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ–тафтишотӣ Собирзода З.Ф. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 20000 сомонии боқимонда дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд” ,- афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Собирзода Зайдулло Фозил бо моддаи 319 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Sputnik

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854