16:36:33 02-уми Июни 2025 сол

Имзои ёддоштҳои табодулӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон бо имзои ёддоштҳои табодулӣ ду тарҳи бунёдии таҷдиди роҳҳоро ниҳоӣ карданд. Қарор аст ҳамкорӣ барои таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар, қитъаи Қизилқалъа-Бохтар дар ду марҳила сурат бигирад.

imzo 5412124578Дафтари матбутии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки 20 августи соли равон дар Вазорати корҳои хориҷӣ маросими мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон оид ба лоиҳаҳои «Таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар, қитъаи Қизилқалъа-Бохтар» (марҳилаи якум, корҳои лоиҳакашӣ) ва «Таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар, қитъаи Қизилқалъа-Бохтар» (марҳилаи дуюм, корҳои сохтмонӣ) баргузор гардид.

Ёддоштҳои табодулӣ аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаока ба имзо расиданд.

«Рӯзгор»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854