16:34:12 03-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Устод Муъмин Қаноат аз дида ба дилҳо рафт

Имрӯз, 19уми майи соли 2018, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷоизаи давлатии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Муъмин Қаноат, ки дирӯз дар синни 86 — солагӣ аз олам даргузашта буд, баъди баргузор кардани маросими ҷаноза дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба номи Хоҷа Яъқуб бо имоматии Раиси Шӯрои уламои Маркази Исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар оромгоҳи шахсиятҳои маъруфи сиёсиву адабӣ ва фарҳангии кишвар Лучоб ба хок супурда шуд.

mumin qanoat 6522154545

Хабаргузории АМИТ Ховар дар як хабаре, ки дирӯз ба муносибати даргузашти шоири маъруфи кишвар устод Муъмин Қаноат дар сайти худ ба нашр расонда буд, иттилоъ додааст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони марҳум изҳори тасаллият намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Муъмин Қаноат дар рушди адабиёти муосири тоҷик хидмати шоистаеро ба анҷом расонида, солҳои зиёд ба ҳайси Раиси Иттифоқи нависандагон, Раиси Кумитаи Ҷумҳуриявии муҳофизати сулҳ, муовини Раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ кору фаъолият дошт.

Наслҳои гуногуни адибони тоҷик аз эҷодиёти саршор аз меҳру муҳаббати шоир ғизои маънавӣ гирифта, ба камол расидаанд.

Номи нек ва осори ватандӯстонаи Муъмин Қаноат дар хотираи мардум абадӣ боқӣ хоҳад монд».

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбекзода, Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ Сулаймон Давлатзода, президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ, раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим ва дигар ашхоси масъули ҳукумат, ҳазорон нафар наздикону пайвандон, алоқамандони осори гаронбаҳои шоир дирӯз баъди дарёфти хабари ҷонгудози марги устод Муъмин Қаноат ва имрӯз субҳ гуруҳ- гуруҳ ба хонаи марҳум омада ба зану фарзандон ва дигар хешу табори шоир тасаллият иброз намуданд. Қабл аз баргузории намози ҷаноза Низом Қосим Раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон зимни як суханронӣ оиди рӯзгору осори марҳум зикри хайри устод Муъмин Қаноатро карданд.

Пайкари муттаҳари устоди бузургвор Муъмин Қаноат дар паҳлӯи дигар бузургони миллат, азҷумла аллома Бобоҷон Ғафуров, устод Мирзо Турсунзода, устод Мирсаид Миршакар, устод Лоиқ Шералӣ, устод Бозор Собир, устод Одина Ҳошим ва дигарон ба хок супурда шуд.

Хабарнигори сайти «Рӯзгор» лаҳзаҳое аз ин маросимро аксбардорӣ намудааст, ки намунаи онро пешкаши Шумо азизони дил мекунем.

Руҳи устоди бузургвор Муъмин Қаноат шоду хонаи охираташ обод бод! Омин!

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi