17:14:28 02-уми Июни 2025 сол

Мулоқот бо Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии ИМА генерал Ллойд Остин III

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии ИМА генерал Ллойд Остин III-ро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар бахшҳои амнияту мудофиа ва таъмини суботи минтақавӣ баррасӣ шуд.

muloqot-ostin-45877“Тоҷикистон ҳамкории худро бо Амрико дар соҳаҳои мухталифи амниятӣ омили муҳими нигоҳдорӣ ва таҳкими сулҳу субот дар минтақа медонад”, -изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуд, ки “ҳамгироии ду кишвар дар мубориза бо хатару таҳдидҳои глобалӣ самарабахш аст”.

Ллойд Остин III ба Эмомалӣ Раҳмон барои мусоидати фаъоли Тоҷикистон ба тарғиби ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвар арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои авзои Афғонистон, хусусан пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз ин кишвар ва идомаи дастгирӣ аз сохторҳои марбутаи Тоҷикистон барои таҳкими ҳифзи сарҳади тӯлонӣ бо ҳамсояи ҷанубии он гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Доир ба иштирок ва мусоидати Амрико дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии иқтисодию коммуникатсионӣ, ки ба густариши робитаҳои миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ва тавсиаи имконоти иқтисодӣ ва транзитии Афғонистон нигаронда шудаанд, табодули назар карда шуд.

Ҳамчунин доир ба масоили дигари мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб изҳори андеша карда шуд.

President.tj

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854