17:04:46 02-уми Июни 2025 сол

Муовини Рустами Эмомалӣ тарки вазифа кард

Азизбек Раҷабов, муовини раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, бо тасмими худ вазифаашро тарк кард. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Азизбек Раҷабов, муовини раҳбари ин ниҳод бинобар ба кори дигар гузаштан, аз мақомаш истеъфо додааст.

azizbek-rajabov 35652321566Дар ин бора ба мо Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзи 17-уми июл хабар дод. Вай гуфт, «Азизбек Раҷабов, ки дар ин вазифа дуним сол кор кардааст, бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш бо хоҳиши худ аз вазифаи муовини раиси ФФТ даст кашид. Роҳбарияти ФФТ ба Азизбек Раҷабов барои ҳамкории пурмаҳсул изҳори сипос намуда, ба ӯ дар кори наваш муваффақият хостааст.»

Ёдовар мешавем, ки аз ин пеш Валерий Турсунов, муовини аввали раиси ФФТ, ва Фирдавс Файзуллоев, дабири кулли ФФТ, аз вазифаашон истеъфо дода буданд. 

Бояд тазаккур дод, Валерий Турсунов ва Азизбек Раҷабов 5-уми январи соли 2012 дар конфронси ҳисоботию интихоботии ФФТ бо пешниҳоди Рустами Эмомалӣ, фарзанди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки дар мақоми раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Сӯҳроб Қосимовро иваз карда буд, муовинони ӯ интихоб шуда буданд. Инчунин Фирдавс Файзуллоев бо пешниҳоди Рустами Эмомалӣ дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон таъин гардида буд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854