09:38:57 01-уми Июни 2025 сол

Олмону Бразилия Фаронсаву Колумбияро дар Ҷоми ҷаҳон ноумед карданд

Дар давраи чорякниҳоии Ҷоми ҷаҳон аввалин шуда Олмону Бразилия ғолибиятро ба даст оварданд ва Фаронсаву Колумбия охирин умеди худро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ аз даст доданд.

france-germany 454554Тими футболи Олмон аввалин шуда дар чорякниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2014, ки рӯзи ҷумъаи 4-уми июл баргузор шуд ғолибиятро ба даст овард. Голи ягонаро дар бозии Олмону Фаронса Матс Ҳуммелс, футболбози тими Олмон дар нимаи аввали бозӣ ба ҳадаф расонид. Ин бозӣ бо ҳисоби 1-0 анҷом ёфт, ки умеди фаронсавиҳоро барои соҳиб шудаи Ҷоми ҷаҳон-2014 ба ноумедӣ табдил кард.

Ҳамакнун ин дувумин шикасти Фаронса аз Олмон дар марҳалаҳои ҳассоси ҷоми ҷаҳон аст. Олмониҳо ба ёд меоранд, ки соли 1982 дар қувваозмоии ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ фаронсавиҳоро дар як бозии фаромӯшнашаванда ноком карда буданд. Он замон дар як бархӯрд дарвозабони Олмон Ҳаралд Шумахер ду дандон ва қабурғаи футболбози фаронсавӣ Патрик Батистонро шикаста, Фаронсаро бо ашк дар чашмон гузошта буд.

Дар бозии дувуми рӯзи ҷумъа Бразилия бо Колумбия бо ҳам рақобат карданд ва тавре, ки қаблан пешгӯӣ мешуд соҳибони майдон ғолибиятро ба даст оварданд. Бозии Бразилияву Колумбия пуршавқу шӯр ҷараён дошт ва бо ҳисоби 2-1 ба фоидаи соҳибони майдон анҷом ёфт. Тими Бразилия аз чоҳи чорякфиналӣ ҳам раҳо шуд ва ба давраи ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Ҳамакнун ду бозии дигари давраи чорякниҳоии Ҷоми ҷаҳон боқӣ монд, ки рӯзи шанбе 5-уми июл баргузор мешавад.

Рӯзи шанбе Аргентина бо Белгия ва Ҳолланд бо Коста-Рико рақобат мекунанд. Бозиҳои ниманиҳоӣ 9-ум ва 10-уми июл, бозӣ барои ҷойи севум ва бозии ниҳоӣ 13-уми июл баргузор мешаванд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854